Ҳадятулло Тағоев, як сарбози 21-сола, ки дар баталйони десантиву ҳуҷумии вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хидмат мекард, дирӯз 21 август аз қафаси синааш тир хӯрда, ба ҳалокат расидааст.
Аз қисми низомӣ ба волидони Ҳадятулло гуфтаанд, ки гӯё вай ҳангоми бо силоҳ тамрин кардан аз беэҳтиётӣ худро паррондааст. Наздиконаш ба ин фарзия бовар надоранд.
Ҷанозаи Ҳадятулло Тағоевро барои дафн ба зодгоҳаш – ҷамоати Чоркӯи Исфара мебаранд. Ҳадятулло рӯзи 1 октябри соли 2017, дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ бо ихтиёри худ ба хидмат рафта буд ва то анҷоми хидмати ҳарбиаш ҳамагӣ 40 рӯзи дигар боқӣ монда буд.
Ба марг рӯ ба рӯ шудани маъюб шудан вақти адои хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон солҳои охир хеле зиёд ба вуҷуъ мепайвандад.
Чанд соли охир даҳҳо нафар вақти адои хидмати ҳарбӣ ба шаҳодат расида, садҳои дигар зери лату куби куҳнасарбозон монда ё саломатии худро аз даст додаанд ва ё тамомумрӣ маъюб шудаанд.