Пас аз оғози нишасти САҲА дар Варшава ва ширкати Шумо дар он, фишорҳое аз тарафи мақомот ба хонаводаи шумо ворид шуда буданд. Он чӣ фишорҳо буданд?
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Банда бо даъвати созмони байналмиллалии дидбони ҳуқуқи башар дар кори нишасти САҲА даъват шуда будам ва дар ин конфронс на танҳо ман, балки зиёда аз 90 нафар мухолифини тоҷик аз ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ва шахсиятҳои алоҳида низ иштирок доштанд. Бештари мавзуъҳои конфронс марбут ба ҳуқуқи инсон буд, ки ҳар сол Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА онро дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор мекунад.
Пас аз оғози нишасти ин конфронс болои хонаводаи ман бахусус модар, хоҳар ва бародарам, ки дар Тоҷикистон сукунат доштанд, фишорҳо ва таҳдидҳо оғоз шуд. Ҳарчанд онҳо ба сиёсат дахолат надоштанд ва ҳатто ҳамеша мухолифи ман буданду дастгирӣ аз мақомоти маҳаллӣ мекарданд. Мақомот мехостанд ман дар кори ин конфронс ширкат накунам ва ҳарфе ба ҷониби Тоҷикистон назанам. Чун гуфтани камбудии кишвар ва ё мақомотро онҳо чун таҳқир қабул мекунанд. Дар сайд-евент (ҷаласаи махсус) аз ҷониби дидбонгоҳи ҳуқуқи башар филми чанд дақиқагӣ намоиш дода шуд, ки дар он ман ҳам баробари чанд нафари дигар чӣ гуна таҳти зӯроварӣ ва таҳдидҳо аз ҷониби КДАМ- и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хориҷ кардан ва наворбардорӣ кардан сӯҳбат кардам ва ин филм пас аз нишаст расонаӣ шуд. Ин филм, ки дар он наворҳои аз тарафи худи кумитаи амният наворбардорикарда истифода шудааст ва ҳарфу амалҳои бархе аз онҳо гуфта шудааст, онҳоро сахт асабонӣ кард ва билфосила хонаводаи ман боздошт ва бозпурсиҳову таҳдидҳо оғоз шуд. Таҳдидҳо ба ҳадде расид, ки аз гирифтани молу мулку хонаҳои онҳо то ба ҳабс гирифтани худи онҳо сӯҳбат шуд ва ҳоло ҳамаи хонаҳои волидону хоҳарамро мӯҳр задаанд. Худи ман чизе надорам, ки гиранд ва ҳатто ҷойи истиқомат дар Тоҷикистон надорам. Ин аст кишваре, ки худро ҳомии шаҳрвандонаш медонад ва ҳеҷ гоҳ эътироф намекунад, ки зӯроварӣ ва фишор болои мардуми худ дорад.
Рӯзи 22-юми сентябр беш аз 200 нафар, аз ҷумлаи варзишгарон, донишҷӯён ва муаллимони донишгоҳ, дар назди хонаи модарам тазоҳурот барпо мекунанд ва тӯли як соат дод мезанаду шиорпартоӣ мекунанд, ки Илҳом ватанфурӯш асту кӯрнамак аст ва рӯзи дигар ин намоишномаро боз дар хонаи модару хоҳарам идома медиҳанд. Модарам, ки касалии диққуннафас дорад (астма), баъд аз ин тазоҳуротҳои мақомот ташкил карда вазъи саломатиаш хеле вахим мешавад. Ташаккур ба ҳамсоягон ки ба беморхона мебаранд. Ҳамчунин хоҳарам, ки фишори хун дорад аз баландшавии фишори хун бистарӣ мешавад. Рӯзи дигар, дафъаи чаҳорум ин донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар назди хонаиарам тазоҳурот барпо мекунанд ва шиорҳояшонро такрор мекунанд. Бояд инҷо гуфт, ки баъди ин ҳодисаҳо ман бо номаи расмӣ ба роҳбари феълии САҲА ва ҳамчунин роҳбари БИДБҲ муроҷиъат намудам.
Оё пас аз хатми ҷаласаи САҲА фишорҳо хотима ёфтанд?
На, фишорҳо идома дорад ва тибқи гуфтаи он дӯстоне, ки аз ин ҳодисаҳо хабар дорад ва пайгирӣ мекунанд, аз мақомоти амниятӣ чанд маротиба ба хонаи модарам омадаанд ва чун дари ҳавлӣ бастааст, хостанд бо ҳар роҳе вориди хона шаванд. Баъзе маълумотҳое ҳам дорем, ки амволи хонаро дуздидаанд. Маълум нест чӣ нақшаҳои шуми дигаре доранд. Албатта бо дарёфти маълумот аз ин баъд ҷомеаро ва ба хусус ҷомеаи ҷаҳониро огоҳ хоҳам кард.
Алъон хонаводаи Шумо дар чӣ ҳоланд?
Мутаассифона аз ҳоли онҳо ҳеҷ хабаре надорам. Баъд аз тазоҳуроти пай дар пай дар назди хонаҳои онҳо ва ҳамчунин фишорҳову таҳдидҳои бесобиқа, онҳо аз тарси мақомотҳо шояд дар назди хешовандон сукунат доранд. Модару хоҳарам бемор шудаанд ва шояд дар табобат қарор доранд. Зимнан падарам анқариб ду сол қабл, пас аз хаста шудан аз сиёсатҳои “хирадмандона”-и раҳбарияти кишвар, барои муолиҷа аз кишвар берун шудаанд ва ин режим бе ягон далел замине, ки барои сохтмони чойхона, нуқтаи хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагиву бофандагӣ, аз ҷумла гилембофӣ, ки ба кор оғоз карда буд ва ҷои кор барои мардум фароҳам меовард, кашида гирифтааст. Падарам то ҳол аз ин ҳама бедодии онҳо ва ғасби амволаш ба ҷое шикоят набурдааст ва мегӯяд, онҳоро ба Худои бузург супоридааст.
Сабаби ҳиҷрати худи шумо чӣ буд?
Баъд аз интихоботи президентии соли 2013, дар конфронси ҳисоботии ҲНИТ дар вилояти Суғд маро раҳбари ин ниҳод интихоб карданд, ки он солҳо душвортарин солҳо барои ҲНИТ буд. Тӯҳмат болои ҳизб, наворҳои фитнаангез, латукӯби аъзо, фишорҳои пай дар пай, маводҳои иғвоангез аз ҷониби «фабрикаи ҷавоб» ва таҳти фишор қарор додани аъзои ҳизб аз ҷониби мақомотҳои гуногун барои хориҷ карданашон аз сафи ҳизб ва ғайра дар авҷи аъло буд. Аз интихоб шуданам ба ҳайси масъули шӯъбаи як вилояти калон, болоям фишор дучанд шуд. Часпондани варақа-тӯҳматномаҳо дар назди дари хона, партофтани наворҳои фаҳш, боздоштҳо ва даъватҳои беасос аз ҷониби мақомот, аз рӯз то шаб пайгирӣ кардан ва наворгириҳо, шабу рӯз посбонӣ кардани мақомоти қудратӣ дар назди манзилам аз намунаи ин фишорҳо буданд. Ҳатто нозири роҳ мошинамро манъ мекард ва дар назди оилааму фарзандам аз таҳқир даст намекашид. Албатта ман ин ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои онҳоро ҳам дар матбуот ва ҳам ба мақомотҳои марбут менавиштам. Ёдам ҳаст, ки соли 2014 ба худи раиси вилояти Суғд ҷаноби Қодирӣ ва раҳбари КДАМҶТ дар вилояти Суғд муроҷиат карда будам. Аввалӣ ҷавоб дода буд, ки пайгирӣ мекунад вале аз дуввумӣ ҳеҷ ҷавобе наомад. Чандин бор кӯшиш кардам, ки аз ин мушкилиҳо рӯ ба рӯ бо мақомоти қудратӣ сӯҳбат кунам, вале бо ҳар иллате натиҷа намедод.
Моҳи июни соли 2014, дар рӯзи Ваҳдати миллӣ, вақте конфронси «Сулҳ» дар қароргоҳи вилоятӣ баргузор мешуд, мақомоти шаҳри Хуҷанд бо дастгирии мақомоти қудратӣ бо мошину техникаҳо омада дар пеши чашми садҳо аъзову ҷонибдорони як ҳизби қонунӣ, ки ҳамеша барои оромӣ ва амнияти кишвар кӯшиш мекард ин биноро вайрон карданд ва мехостанд як бесарусомониро роҳандозӣ кунанд. Бо мушкилӣ мардуми ҷамъшударо ором кардем ва он вақт ин ҳодиса исбот карда буд, ки ҳукумати ҶТ будани ҲНИТ-ро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад.
Рӯз аз рӯз вазъ барои аъзои ҲНИТ вахимтар мешуд ва даъво кардан аз болои ин амалҳои баъзе мақомоти кишвар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ натиҷае намедод. Миёнаҳои соли 2015 аз ҷониби мақомоти амниятии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд бе ягон далел боздошт шудам ва аввал бо тӯҳмати аъзогӣ дар ҳизби таҳрир, таҳдид ба ҳабс карданд ва баъдан бо дашному фишор овардан оғоз карданд. Бештар аз он камбудиҳое, ки дар кишвар буду менавиштам бо асабоният сӯҳбат мекарданд ва таҳдид менамуданд, ки дар таҳхонаи бинои амният пӯсида мераваму касе ба додам нахоҳад расид ва чандин таҳдидҳои дигар, ки ҷои дигар муфасалтар сӯҳбат хоҳам кард. Баъд маҷбур карданд то аз ҳизб хориҷ шавам ва наворбардорӣ карданду озод шудам. Пас аз ин таҳқиру таҳдидҳо дигар тасмим гирифтам, ки аз кишвар берун мешавам.
Мақомот ба мухолифин пешниҳод карда буданд, ки баргарданд ва дар сурати баргаштанашон фишор болои хонаводаашонро бас мекунанд. Чаро барнагаштед?
Барои ман ягон мақоме чунин пешниҳод накарда буд, баръакс онҳо исмамро дар чанд листи мухолифини дар ҷустуҷӯ буда ворид карда буданд. Дар чанд нуқтаи шаҳри Хуҷанд аксҳои маро дар байни онҳое, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, насб карда буданд, ки дӯстон хабар медоданд. Баъдан, чаро баргардам, вақте тамоми ҳолатҳоро дар ду соли охири дар кишвар буданам дидам. Тӯҳмат, таҳқир, фишор ва он муносибате, ки дар бинои кумитаи амният нисбати ман карданд, шояд барои як корманди амниятӣ чизи оддӣ бошад, вале барои як инсони худшинос таҳаммули ин таҳқирҳо сахт аст.
Ба назари шумо фишори мақомот ба хонаводаҳои мухолифин метавонад онҳоро ё қисме аз онҳоро аз роҳашон баргардонад?
Гумон накунам. Фишор овардан ва ҳабси молу мулку ғорат кардану соҳибӣ кардани онҳо, ғайр аз амали ғайриқонунӣ будану костани обрӯи кишвар, гувоҳи заъифии мақомот аст. Ҳар қадар болои хонаводаҳо, болои миллат зулму истибдод ва фишору тазъиқҳо бештар шавад, боз ҳам ба сафи мухолифин пайваст шудани нафарони нав афзоиш хоҳад ёфт ва мақомот бо ин амали нодуруст на танҳо сафи мухолифину ислоҳотхоҳонро зиёд мекунанд, балки пайваст шудани ҷавононро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ низ афзоиш хоҳад дод.
— Шумо, ки худ муҳоҷир ҳастед вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Аврупо чӣ гуна аст?
Вазъи муҳочирини Аврупо, ки бештарашон дар ҳудуди сарҳадҳои шенген зиндагӣ ва фаъолият доранд, ки 26 кишвари қораи Аврупоро дарбар мегирад, дар ҳама кишварҳо мухталиф аст, ки аз қонуни муҳоҷирати он кишвар маншаъ мегирад. Дар Аврупо ҷойи кор, зиндагии шоиста барои ҳар як фард новобаста аз ҷинсият, дин, ақидаҳои ҳизбӣ ва рангу пӯст фароҳам аст ва ин иттиҳод ҳама гуна озодиҳоро кафолат додааст. Мақомоти қудратӣ пойбанд ба қонун ҳастанд ва бо баҳонаҳои «экстремизму терорризм» ба мардуму миллат ва ба хусус озодандешону дигарандешон фишор намеоранд. Чанд рӯз пеш дар Олмон тоҷикони муқими ин кишвар созмони фарҳангии «Нур»-ро таъсис доданд, ки ин худ аз вазъи хуб ва сарҷамъии тоҷикон хабар медиҳад. Дар умум вазъияти тоҷикон дар Аврупо хуб аст.
Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон бо раисҷумҳури Лаҳистон вохӯрӣ анҷом додааст. Оё ин вохӯрӣ ба тақдири минбаъдаи муҳоҷирати тоҷикон ба ин кишвар таъсире хоҳад дошт?
Аввалан ба андешаи банда ин гуна вохӯриҳо дар оянда дар ҳама сатҳҳо бештар хоҳад шуд ва мақомоти Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки вазъияти Тоҷикистонро дар ҳолати хуб нишон диҳанд. Вале кишварҳои Аврупо ба ҳарфҳои хушку холӣ ва беасос таваҷуҳ наҳоҳанд кард. Нишасти ахир дар Варшава ва бо эътироз тарк кардани мақомоти расмии Тоҷикистон нишонгари чӣ гуна будани вазъият дар кишварро нишон додааст ва ҳамчунин ҳама гузоришгарон ва созмонҳои ҳуқуқи башар оиди вазъи ёёё02Тоҷикистон ва ба хусус оиди ҳуқуқи инсон гузоришҳои худро ироа кардаанд, ки ин гузоришҳо бештар аз вохуриҳои расмии мақомот таъсир дорад.
Ба андешаи шумо минбаъд муҳоҷират бештар хоҳад шуд ё камтар? Ва ин раванд то кай давом хоҳад кард?
Аз вазъи имрӯзаи кишвар маълум аст, ки раванди муҳоҷират бештар хоҳад шуд ва то замоне, ки ислоҳоти ҷиддӣ дар кишвар сурат нагирад, ин раванд идома хоҳад ёфт.