Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Қирғизҳо сохтмони посгоҳ дар Чоркӯҳро қатъ накардаанд

$
0
0

Дар Исфара гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон оиди қатъи сохтмони посгоҳи назоратӣ аз ҷониби қирғизҳо идома дорад. Кишвари ҳамсоя дар ҷойи собиқ чойхонаи Чоркӯҳ, ки аз тарафи қирғизҳо забт шудааст ба сохтмони посгоҳи назоратӣ шурӯъ кардааст, ки метавонад рафтуомад ба Ворухро боз мушкилтар гардонад. 

Дар ҳоле, ки гуфтушунид рӯзи дуввум аст ҷараён дорад, тибқи иттилоъи сокинони Чоркӯҳ, сохтмони посгоҳ аз тарафи қирғизҳо идома дорад. Тибқи созишномаи байнидавлатӣ сохтмони ҳар иншооте дар заминҳои баҳсӣ мамнӯъ аст, вале ҷониби Қирғизистон ин банди созишномаро ҳамеша нодида мегирад. 

Сокинон мегӯянд бо сохтани посгоҳ дар қаламрви ғасбшуда, ки ҳоло замини баҳсӣ номида мешавад, қирғизҳо мехоҳанд ҳаракат байни Исфара ва Ворухро пурра зери назорат гиранд. 

Баъди задухӯрди мусаллаҳона дар деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоми 16 сентяб, ҷонибҳо ба гуфтушунид нишастанд ва ба ин натиҷа расиданд, ки бояд бурҷи назоратии сохтаи қирғизҳо дар минтақаи баҳсӣ тахриб гардида, ҷониби Тоҷикистон низ аз сохтмони бурҷ худдорӣ кунад. Шоми 18 сентябр ҳарду ҷониб техникаи ҷангиро ҳам аз ин минтақа хориҷ карданд. 

Мақомоти ҳарду ҷониб мегӯянд, ки вазъ дар ин минтақа ором аст ва кам кам ба ҳолати қаблӣ бармегардад.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>