Тани одамӣ шариф аст, ба ҷони одамият
На ҳамин либоси зебост, нишони одамият
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият
Хуру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат
Ҳайавон хабар надорад, зи ҷаҳони одамият
Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият
Саъдӣ шоири порсигӯ, адибе барҷаста, ки тавонистааст бо забони пурзарофату зебоӣ назму насри ин миллатро ороише бештар дода бошад.
Шайх Муслиҳиддин Мушрифиддин, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ки бо номи Саъдии Шерозӣ машҳур гаштааст, дар асри ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ дар Шероз ба дунё омадааст. Улуми диниву адабиро дар айёми хурдӣ аз мактаби Шероз гирифт ва пас аз таҳсили ибтидоӣ ба Бағдод рафта, назди донишманди машҳури он замон Шаҳобуддин Умари Сӯҳравардӣ дар мадрасаи Низомия дониш афзуд. Он ҷо таърих, сираи набавӣ, фанни хитобаро фаро гирифт ва баъдан барои касби таҷриба ба Ироқ, Шом, Макка, Байтулмуқаддас, Тароблус ва Димишқ рафт. Чун баъди ин сафари дуру дароз ба зодгоҳи худ баргашт, ба навиштани асарҳои гаробаҳои худ “Бӯстон” ва “Гулистон” пардохт.
Китоби “Бӯстон”дар даҳ боб ва дар қолаби маснавӣ навишта шудааст. Мазмуну мӯҳтавои ин китоб ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ба дарду ғаму шодии ҳам шарик шудан, дуруст зистан, аз хашму ҳасад дурӣ ҷустан ва ба камоли инсоният расиданро талқин менамояд.
“Гулистон” низ бо санъати зебову равону ширини насри мусаҷҷаъ қаламдод шудааст. Ин асар аз 8 боб иборат аст.
“Куллиёт”, “Мавоъиз”, “Соҳибия”, “Қасоиди Саъдӣ”, “Маросии Саъдӣ”, “Муфрадоти Саъдӣ”, китобҳои “Насиҳат-ул-мулук”, “Рисола дар ақлу ишқ”, “Алҷавоб”, “Маҷолиси панҷгона” ва “Ҳазлиёти Саъдӣ” ин ҳама асарҳои ин сухансарои номӣ маҳсуб меёбанд.
Маҳорати ширинбаёнӣ ва тасвиру ташбеҳоти гуворову васфношуданӣ дорад шоир. Талху шириниҳои ҳаёташро дар ғазалиёт ва ҳикоёташ ба қалам кашида хонандаро барои дарёфти саодати зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Саъдӣ тамоми осори хешро дар қолабҳои рубоӣ, қазида, ғазал ва маснавӣ ба тарзи соддаву равон тараннум намуда, ишқу шӯру шавқро ончунон ба қалам кашида, ки тасвири навине аз ғазалсаройӣ бо василаи ӯ оғоз гардида вадар замони Ҳофиз такомул ёфтааст.
Қоидаҳои вазну мусиқӣ дар осори Саъдӣ ба сурати комил риоят шудааст. Хонанда дар шеъри ин адиби барҷаста, пеш аз он ки ба санъатҳои адабиву бадеӣ таваҷҷӯҳ кунад, ба равониву офариниши зебои печ дар печи калом ҷазб мешавад. Танзу зарофатгӯйӣ низ дар навиштори шоир баръало ҷойгоҳи хоса дорад. Танзи ӯ саршор аз рӯҳи зиндаи ҳаёт аст ва то ҳар замони оянда таъсиргузору пояндагӣ дорад.
Ҷойгоҳи Саъдӣ дар миёни бузургони адабии ҷаҳон хеле арзишманд аст, ки бо ин сабаб бисёре аз шоирони ҳаммиллати мо ва миллатҳои ғайр низ дар ситоиши пуртаъсирии қаламаш дур чидаанд.
Як забоншинос ва нависандаи Фаронсавӣ бо номи Эрнест Ренан дар бораи Саъди мегӯяд:” Саъдӣ воқеан яке аз нависандагони мост. завқи салим ва тазалзулнопазири ӯ лутф ва ҷазабае, ки бар ривоёташ рӯҳу ҷон мебахшад, лаҳни пурутуфате, ки бо он айбу фасоди башариятро гӯшзад мекунад, ин ҳама васф , ки дар нависандагони шарқӣ ба нудрат меояд, ӯро дар назари мо азиз медорад”.
Тарҷимони асари “Бӯстон”-и Саъдӣ бо забони фаронсавӣ Борби де Минор дар бораи обрӯю нуфузи ӯ дар Аврупо унвон кардааст:” Аз тамоми нависандагони шарқӣ Саъдӣ танҳо шоирест, ки мавриди дарку дарёфти Аврупоиён қарор гирифта ва иллати ин ифтихор ва эътибори ӯ ин амр ба шумор меравад, ки Саъдӣ дар “Гулистон” ҷомеи тамомии сифоте баршумурда мешавад, ки зебошиносии навини замона хостори он аст” Солҳои поёни умри азизи ин суханшиноси бузург дар хилват сипарӣ шуда ва ба навиштани тараннумҳои зебои худ машғул будааст. Саранҷом дар нимаи дувуми асри ҳафтуми ҳиҷрии хуршедӣ дунёро тарк гуфтааст
Давлати Бритониёи Кабир, ки дарвозае дорад чун вурудгоҳи як шаҳри қариб кулли халқиятҳои ҷаҳон вуҷуддошта ва дар пештоқи он дарвоза бо ҳуруфи зарҳалкор навиштаанд, дубайтие аз Саъдии бузургвор. Маълум, ки байте беҳтару мувофиқтаре аз ин пайдо нашудааст.
Бани одам аъзои якдигаранд
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор
Соима Саидӣ