Дар тӯли 25 соли истиқлолаш дастаи варзишгарони Тоҷикистон бори аввал бо шарофати гурзандози моҳир Дилшод Назарав дар бозиҳои олимпии тобистона бо медали тилло бармегарданд. Ин варзишгари тоҷик субҳи имрӯз 20 уми авгуси соли 2016 дар Бозиҳои олимпии ХХХI дар Рио де Женейрои Бразилия барои миллату ватани худ аввалин медали тиллоро тақдим намуд. Дилшод аз намуди гурзандозӣ дар сабқат иштирок мекард ва ӯ гурзро ба масофаи 78, 68 метр партофта, аз рақибони худ пештар гузашта, зинаи аввалро ишғол намуд. Дар ин сабқат рақибони Дилшод Назаров аз Белорус Иван Тихон гурзро ба масофаи 77, 79 метр партофта, ҷои дуюмро гирифт. Ҷойи сеюм насибаи варзишгари лаҳистонӣ (Полша) Войсех Новитски шуд, ки вай сабқатро бо натиҷаи 77, 73 метр ҷамъбаст намуд.
Дилшод Назаров аз он варзишгарони тоҷик аст, ки дар сафи аввалинҳо шуда роҳхат ба Бозиҳои олимпиро дар Бразилия ба даст овард ва дар фарҷом шароафёб гашт, ки парчами тоҷиконро боло сар бардорад.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаровро бо ин зафари таърихӣ табрик кардааст ва изҳори хушнудӣ намудааст, ки тоҷикон дорои фарзандони баору номусе ҳастанд ва аз ин хеле ифтихорманд аст.
Як зумра мансабдорони тоҷик низ имрӯз барои табрики модари Дилшод Назаров Зайтуна Самадовна рафтанд, ки гуфта мешавад онҳоро раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамроҳи мекард. Зайтуна Самадовна гуфтааст, писараш пас аз пирӯзӣ субҳи барвақт ба ӯ занг задааст ва омехта бо ҳаяҷоне, ки ӯро фаро мегирифт, кӯтоҳак изҳор доштааст: “Мо тавонистем!”
Ин пирӯзии Дилшод ва аввалин медоли тиллои кишвар вокуниши густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аз даъвати пешвози бесобиқаи қаҳрамон дар фурӯдгоҳ то додани унвони қаҳрамони кишвар садо додаанд.
Як корбари фейсбук бр шӯхӣ гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро ихтиёран ба Дилшод вогузоштааст. Корбари дигари фейсбук навиштааст “ҳамин дастовардҳоянд ки ифтихори ватандориро бармеангезанд, на даъвату валвалаҳои пучи мансабдорон”. Иброҳим азизӣ яке дигар аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ бо нашри ъакси Дилшод Назаров навиштааст “Агар дар маркази ҳар шаҳру ноҳия яктогӣ парчами 160 метра созед ҳам, ҳар якатон дар боми хонаатон парчам занед ҳам, дар хиёбонҳои шаҳратон матои сурху сафеду сабзи чандкилометраро ҳазорон дасти ба даст гирифта гардед ҳам – ҳамаи ин ба ҳамин парчамаке, ки як метр дарозӣ дорад ва дар баландии ду метр аст, баробар шуда НАМЕТАВОНАД! Шояд акнун бифаҳмед, ки пулро барои баландиву дарозии парчам сарф кардан камтаъсир аст нисбати ин?
Парчаме, ки 160 метр аст, бигзор тамоми Душанбе аз балкону оинаи хонааш бубинад, аммо ин парчамакро шояд шумори миллиард (!?) ҷуфти чашм дар ҷаҳон дид! Ва ин ҳолест, ки ашки шодии чашм барои Ватан ҷорӣ шавад. Ва ин ҳолест, ки ҳисси дӯстдории Ватан дар дили мо даҳчанд шавад.”
Ин пирӯзӣ нишон дод, ки агар ифтихорот воқеъист, он метавонад тамоми миллатро сарҷамъ созад, чун дар ин пирӯзӣ ҳама якҷо ашки шодӣ рехтанд ва чӣ мухолифу чӣ “ҳукуматӣ”, ҳамдигарро шодбош гуфтанд