Аз 1 октябри соли равон сар карда нархи истифодаи оби нӯшокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 % боло бурда шуд.
Дар ин бора аз Корхонаи «Обу корези Душанбе» ба расонаи давлатии «Ховар» иттилоъ додаанд.
Бино ба манбаъ нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб кардаанд, акнун барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 63 дирам пардохт мекунанд. Қаблан ин нарх барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 53 дирам буд.
Аз ин пас корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирам барои 1 метри мукааби оби нӯшокӣ 5 сомониву 38 дирамӣ пардохт мекунанд.
Инчунин барои нафароне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб накардаанду дар ошёнаҳои аз 1 то 12 зиндагӣ мекунанд, барои истифодаи оби нӯшокӣ 6 сомониву 79 дирам барои як аъзои оила ва аз ошёнаи 12 боло 8 сомониву 51 дирам пардохт хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз якуми январи соли 2017 болоравии нархи оби нӯшокӣ барои корхонаҳои буҷавӣ низ дар нақша гирифта шудааст.