Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Журналзарбаи ҷавобии ҳукумат ба Паймони миллӣ ва шармандагии сатҳи ҷаҳонӣ

$
0
0

Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА ду журнали нашркардаашон дар бораи ҲНИТ-ро байни иштирокчиёни нишаст тақсим карданд. Зоҳиран,  ин ҳайат аз шармандагиаш дар овардану пахши баёноти Муҳаммадалӣ Ҳайит дарс нагирифтаву мехоҳад обрӯи ҳукумати кишварро билкулл бибарад.

Ба назар мерасад ноширони ин журнал ба ин бовар будаанд, ки бо ин корашон ҲНИТ-ро байни кишварҳои узви САҲА террорист муаррифӣ ва шарманда мекунанд. Аммо бо музахрафоте, ки дар журнал навиштаанд ва аксҳое, ки дар он нашр кардаанд, ва онро байни дипломатҳои воломақоми Аврупо паҳн мекунанд, бори дигар сатҳи худашонро нишон доданд.

Яке аз аксҳои дар ин журнал чопшуда ин аст:

Дар болои он навишта шудааст: Мулоқоти раҳбарони расмӣ ва ғайрирасмии ҳизби террористии Наҳзати исломӣ дар Теҳрон. Аз чап ба рост – Сайидюнуси Истаравшанӣ, ҷосуси Сипоҳи посдорони  инқилоб, Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. 

Теҳрон будани макони аксро намешавад бо ҳеҷ ваҷҳе собит кард. Он метавонад Душанбе, Хуҷанд, Маскав ё ҳар ҷои дигар бошад. Ва ҳатто агар Теҳрон аст ва ин се нафар вохӯрдаанд, он чӣ бастагӣ ва далеле ба террористӣ будани ҲНИТ дорад?  Аз тарафи дигар ин се нафар ҳеҷ гоҳ ва аз ҳеҷ кас, ки вохӯриашонро пинҳон накардаанд?

Аммо масъалаи асосӣ ин нест. Масъала ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба тақаллуб задааст. Дар болотарин сатҳ. Чун ин гуна чизҳо, ба хусус вақте метавонад ба равобити байни кишварҳо зарба занад, бе иҷозати мақомоти олӣ нашр намешаванд.

Ин акс дасткорӣ шудааст. Воқеъан он дар Теҳрон гирифта шудааст, аммо онҷо як нафари дигар ҳузур дорад – Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди устод Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири хориҷии имрӯзаи Афғонистон. Ин ҳам акси аслӣ:

Зоҳиран мақомоти Тоҷикистон нахостаанд бо нашри як журнал муносибаташон бо ду кишвари форсизабонро сард намоянд, бинобар ин акси Салоҳиддин Раббониро буридаанд. 

Аҷобати дигари ин кор дар он аст, ки ин акс маъруф аст ва даҳҳо бор нашр гардидааст. Онро бисёриҳо мешиносанд. Нашри ҳамин акси маъруф бо дасткорӣ бар рӯи он ду сабаб дошта метавонад: ё тартибдиҳандагони ин журнал бисёр аҳмақанд ё барқасд хостаанд давлати тоҷиконро дар ҷаҳон шарманда кунанд. 

Ин журналҳо музахрафоти зиёде доранд. Барои мисол чанд фотомонтаже ҳам дорад, ки бо усули Фермаи ҷавоб сохта шудааст. Ин ҳам яке аз онҳо:

Бо ин корашон мақомот амалан тасдиқ карданд, ки Фермаи ҷавоб ҳам ба онҳо таъаллуқ дорад ва фотошопҳое, ки ин ферма нашр мекунад бо дастури мақомот сурат мегирад. 

Ҳамчунин ин журнал акси раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо раҳбарони Эронро нашр карда, онро кашфи далели террористӣ будани ҲНИТ пиндоштааст. Ҷолибияти ин кор ҳам он аст, ки ин аксҳо  ҳам бисёр маъруфанд ва худи Фермаи ҷавоб онро ҳазорҳо маротиба нашр намудааст. 

Шарҳи муфассал дар бораи ин журнал ба зудӣ нашр мешавад. 



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles