Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Падари ман беҳтарин падари дунёст, нагузоред, ки қатлаш кунанд” (Видео)

$
0
0

Дар нишасти САҲА оид бу ҳуқуқи инсон, ки дар Варшава ҷараён дорад, баромади Фирӯз Муҳаммадалӣ, фарзанди зиндонии сиёсӣ, муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит яке аз такондиҳандатарин баромадҳо буд. Ба хилофи одати маъмул дар ин нишаст, ки кафкӯбӣ дар он роиҷ нест, суханронии фарзанди Ҳайит ҳозиринро ба кафкӯбӣ водошт. 

Суханронии Фирӯз бо забони русӣ буд ва Паём тасмим гирифт тарҷумаи матни онро пешкаши хонандагонаш кунад:

Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ! Номи ман Фирӯзи Муҳаммадалӣ аст. Ман писари зиндонии сиёсии тоҷик, муовини раиси Ҳиз,и наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Муҳаммадалӣ Ҳайит мебошам.

Ӯ ба ҳабси абад дар Тоҷикистон мақкум шудааст.

Моҳи сентябри соли 2015 мақомjти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм, ҳамчунин дар натиҷаи “таҳқиқ”-и амалкарди муовини вазири дифоъ Назарзода, падари ман ва чанде аз муттаҳидони ӯро ғайриқонунӣ боздошт карданд.

Боздошт, тафтишоти пешакӣ ва додгоҳи падари ман бо қонуншиканиҳои зиёде ҷараён гирифтанд. Инро вакилони дифоъ ва созмонҳои зиёди ҳуқуқибашарӣ тасдиқ кардаанд ва ҳамчунин қарори Кумитаи СММ оидба ҳуқуқи инсон ҳам аз марти соли 2018 вуҷуд дорад, ки аз Тоҷикистон талаб намудааст ин зиндонии сиёсиро бидуни таъхир озод кунад. 

Вале мақомоти Тоҷикистон ба ҷои он ки масъулиятҳои мустақими худ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таъаҳудоти байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро иҷро кунанд, ин қарори СММ-ро нодида мегиранд. Ба ҷои ин, онҳо мекӯшанд бо ҳар роҳе ба падарам фишор оваранд то ӯ алайҳи муттаҳидонаш шаҳодат диҳад ё дар телевизион бо танқиди онҳо баромад кунад. 

Падари ман Муҳаммадалӣ Ҳайит, ки 16 сентябри соли 2015 боздошт шудааст, то имрӯз ба таври систематикӣ шиканҷа, латукӯб ва таҳқир мешавад. Навори муроҷиати падарам аз боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ӯ дар он мегӯяд аз аввалин рӯзи боздошташ, замоне ки ҳатто пурсиш ё тафтишоти парвандааш оғоз нашуда буд, шиканҷа мешавад. 

Модар, модаркалон ва аммаам чанд бор дар зиндон аз ӯ дидан намуданд ва нишонаҳои шиканҷа дар сару рӯй ва либосаш мушоҳида карданд ва аз худи ӯ шуниданд. Дар ин бора модари ман чанд бор изҳорот дод ва ба Додситонии кулл ҳам ариза навишт. Вале мақомот ҷуз баҳонаҷӯӣ, ҳеҷ вокунише ба ин муроҷиъатҳо дар бораи ҷиноят нишон надоданд. 

Мақомоти Тоҷикистон то ба он ҳаде расидаанд, ки аз фиреб кардани шумо, ҳайатҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии ҳузурдошта дар ин ҷаласа ҳам хиҷолат намекашанд. Чанде пеш онҳо “далел”-е дар бораи ин ки гӯё падари ман шиканҷа намешавад, пешниҳод карданд. Мехоҳам бигӯям, ки ин ҳуҷҷат танҳо баёноти падарам аст, ки дар он гуфта мешавад ӯро 11-уми сентябр шиканҷа накардаанд. Тамом!

Мутаассифона пешбинӣ мешавад, ки баъди танқиди ростини ин “далели шиканҷа нашудан”-и падари ман, ӯ ба хотири ин ки навиштааст танҳо 11 сентябр шиканҷа нашудаст, бештар зери латукӯб ва шиканҷа қарор хоҳад гирифт.

Мурофиаи додгоҳии падари ман паси дарҳои баста гузашт, тамоми раванд махфиёна ҷараён гирифт ва ҷуз вакили дифоъ касеро ба он роҳ надоданд. Додрас ва ҳайати додрасӣ мустақил набуданд. Ҳатто Додгоҳи олӣ маҷбур буд мурофиъаашро дар боздоштгоҳи муваққаттии №1-и Душанбе баргузор кунад.

Тибқи қонун, қарори додгоҳ бояд дар мурофиъаи додгоҳии озод қироат мешуд, вале мақомот ба хотири пинҳон доштани ҷинояташон дар амри адолати додгоҳӣ, қарорро ҳам сирри давлатӣ эълон карданд. Вакили дифоъи падарам ҳам, ки ӯро аснои тафтишот ва додгоҳ ҳимоя мекард, боздошт шуд. Намунаи боздошт, додгоҳ ва нигаҳдории падари ман намунае аз ҳазорҳо дар кишвар аст. 

Фикр мекунам билохира ба САҲА лозим аст механизме барои таъсиррасонӣ ба кишварҳое, ки ба таъаҳҳудоти байналмиллалии худ дар амри ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ амал намекунанд, пайдо кунад. Ҳамагуна поймолшавии систематикии ҳуқуқи инсон ва табдилдиҳии сохти демократӣ ба режими диктотурӣ, ба амният на танҳо дар Тоҷикистон, балки тамоми қаламрави кишварҳои узви САҲА таъсири манфӣ мерасонад.  

Намояндагони мӯҳтарами ҳайатҳои кишварҳои озод! Хонаводаи мо ба кӯмак ва дастгирии шумо ниёз дорад. Падари ман беҳтарин падари дунёст, лутфан нагузоред, ки ӯро ба қатл расонанд.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>