Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Барои фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба Қатар гурӯҳи корӣ ташкил мешавад

$
0
0

Рӯзи 22 сентябри 2019 дар Давҳа вохӯрии Хисрав Соҳибзода сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бо Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии ин кишвар баргузор гардидааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои татбиқи амалии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Давҳа ба имзо расидааст,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Дар ин замина ҷонибҳо атрофи таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имконияти танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатар табодули назар карданд”, – омадааст дар хабарнома.

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба танзими қуваи корӣ 3 февари соли равон зимни сафараи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин боваранд, ки имкони ҷалби муҳоҷирони тоҷик барои кор дар ин кишвари арабӣ бо сабабҳои зиёд бисёр ночиз аст ва ин амалкардҳои ҳукуматро таблиғоти сиёсӣ меноманд.



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>