Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Доғтарин рӯзи баҳсҳои тоҷикӣ дар нишасти САҲА (Видео)

$
0
0

Дирӯз, 23 сентябр баҳсҳои ҷонибҳои тоҷик на танҳо тамоми баҳсҳоро ба ҳошия бурданд, балки наздик ба 30 дарсади вақти ду нишасти САҲА-ро гирифтанд. Аз шаш ҷониби тоҷикон – ҳайати ҳукумат, “намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон” бо раҳбарии Мулло Абдураҳим, намояндагони диаспораҳои тоҷикӣ дар хориҷ, намояндагони Паймони миллӣ, Гурӯҳи 24 ва фаъолони мустақили сиёсӣ дирӯз ҳудуди 20 нафар баромад ва баҳс карданд.

Дар ду нишасти дирӯз ду мавзӯъ – “Истиқлоли қувваи қазоия (додгоҳҳо), парлумон, ҳуқуқи баробар дар зиндагии сиёсӣ ва умумӣ” ва  “Ҷилавгирӣ аз шиканҷа, муҷозоти эъдом, ҳуқуқи инсон ва терроризм” баррасӣ шуд. 

Намояндагони мухолифин ин мавзӯъҳоро зоҳиран байни худ тақсим карда буданд, ки ҳар банди он дар баромади як нафар аз онҳо матраҳ шуд. Ба ҷуз мавзӯъҳои истиқлоли парлумон ва муҷозоти эъдом, боқӣ ҳама мавзӯъҳо аз тарафи мухолифин ба баҳс кашида шуд.   

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, “намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ” ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон аз панҷ мавзӯъ – истиқлоли қувваи қазоия (додгоҳҳо), парлумон, ҳуқуқи баробар дар зиндагии сиёсӣ ва умумӣ, шиканҷа, муҷозоти эъдом ва ҳуқуқи инсон сарфи назар карданд ва танҳо ба масъалаи терроризм пардохтанд. Ба ҷуз Зариф Ализода, ки гуфт дар Тоҷикистон ҳамаи ин истиқлолҳо вуҷуд доранд, ҳуқуқи инсон риоя мешавад ва шиканҷае вуҷуд надорад.

Аммо дар масъалаи терроризм, ки аксари кулли ин “3 гурӯҳ” матраҳ карданд, танҳо “терроризм”-и ҲНИТ матраҳ шуд. Аксари баромадкунандагон тамоми ҷиноятҳои замони ҷанги шаҳрвандиро ба ин ҳизб пайванд доданд ва ба аврупоиҳо ҳушдор доданд, ки қабул кардани “террористони наҳзатӣ ва Гурӯҳи 24” дар қаламравашон оқибатҳои мудҳише дошта метавонад.

Намояндаи “Маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон” фаротар рафт ва “далел” ҳам пешниҳод кард. Ӯ гуфт мақомоти Қазоқистон 5 нафареро дастгир  кардаанд, ки мехостанд дар ин кишвар амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. “Онҳо аз тарафи ҲНИТ фиристода шуда буданд” – таъкид кард вай. Даъвое, ки бори аввал садо медиҳад ва то ҳол аз ҳеҷ мақомоти Қазоқистон ва расонае садо надодааст. 

Аз даъвоҳои аҷиби ин “намояндаи Маркази фарҳангӣ” ин буд. ки гуфт мухолифини тоҷик дар Аврупо – ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 ба тоҷикони муқим дар Қазоқистон имкон намедиҳанд оромона зиндагӣ кунанд.

Аз диданиҳои суханронии “намоядагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон” баромади Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) буд, ки онро бо мушкил аз варақ қироат мекард ва бинобар мушкилаш бо забони русӣ ва қироати пурхатои суханрониаш аҳли толорро ба ханда овард. Тибқи гуфтаи шоҳидоне, ки онҷо ҳузур доштанд, тарҷумонҳои САҲА низ сардаргум заданд ва натавонистанд аксари ҷумлаҳои Мулло Абураҳимро ба забонҳои дигарии кории ин созмон баргардон кунанд.

Вақте Раҳим Каримовро ба назди баландгӯяк хонданд, ӯ ба назди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллӣ рафт ва аз ӯ хост ҷойро барояш холӣ кунад. Танҳо баъди нион додани ҷои сухангӯӣ, ӯ Кабириро раҳо кард ва ба ҷои муайяншуда нишаст.

Шоҳнаими Карим, намояндаи Паймони миллӣ зимни суханрониаш баёноти Муҳаммадалӣ Ҳайитро шарҳ дод ва гуфт бо вуҷуди ин ки Ҳайит дар он баёнот гуфтааст танҳо рӯзи 11 сентябр шиканҷа нашудааст, ҳайати Тоҷикистон онро чун далели шайъӣ бар набудани шиканҷа дар зиндонҳо шарҳ медиҳанд.

Фирӯзи Муҳаммадалӣ, фарзанди Муҳаммадалии Ҳайит низ, ки дар бораи шиканҷаҳои падараш сӯҳбат мекард, дар бораи ин баёнот маълумот дод.

Аммо Зариф Ализода, раҳбари ҳайати Тоҷикистон, ки баъди онҳо баромад мекард, дубора болои ин баёнот таъкид кард ва гуфт: намояндагони мухолифин мегӯянд Муҳаммадалӣ Ҳайит шиканҷа мешавад, аммо ӯ бо дасти худаш навиштааст, ки касе ӯро шиканҷа накардааст. 

Муаззама Қодирова, вакили дифоъи муҳоҷир дар Аврупо дар бораи шиканҷа дар пулис, боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва зиндонҳо сӯҳбат кард ва Умед Ҳикоятовро мисол зад, ки баъди шиканҷа ва маслуқ кардани ӯ ду пулис на танҳо ҷазо надиданд, балки ба мансаби баландтар таъин гаштанд, аммо алайҳи худи Умед бо иттиҳоми дуздӣ парванда оғоз шуд. 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар бораи сӯистифодаи мақомот аз вожаҳои “терроризму экстремизм” сӯҳбат кард. Ӯ гуфт мақомот на танҳо бидуни далел ҲНИТ-ро ба терроризм муттаҳам мекунанд, балки террорҳои анҷомдодаи дигаронро ҳам мехоҳанд ба дӯши ин ҳизб гузоранд. Кабирӣ куштори сайёҳон дар Данғараро мисол зад ва гуфт, ки ҳарчанд ДОИШ маъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва собит ҳам шуд, ки онро ин созмон анҷом додааст, мақомот чанд муддат ин террорро кори дасти ҲНИТ мехонданд. 

Раиси ҲНИТ ҳамчунин таъкид кард, бо вуҷуди ин террор ва ин ки дар ДОИШ ҳудуди ду ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шомиланд, мақомот боре ҳам дар нишасти САҲА дар бораи ин созмон сухан нагуфтанд ва ҳамеша ҳарфашон рӯи ҲНИТ буд.

Нишасти САҲА дар Варшава 16 сентябр шурӯъ шуд ва то 27 сентябр идома хоҳад кард.     



Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>