Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Созмони милал бояд фаротар аз ваъдаҳои худ аз мардуми Фаластин ҳимоят кунад

$
0
0

Раисҷумҳури Туркия эълом кард ки Созмони милали муттаҳид бояд фаротар аз ваъдаҳои худ аз мардуми Фалстин ҳимоят кунад.

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар бахше аз суханони худ хитоб ба Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк ин ниҳодро фаро хонд ки дар хусуси ҳамалот аз фаластиниён ба таври фаротар аз ваъдаҳои худ амал кунад.

Вай идома дод: Қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар бораи иқдомоти давлати Исроил алайҳи фаластиниён иҷро намешавад. Пас Созмони милали муттаҳид чӣ мекунад? Агар наметавонем бо судури қатънома аз ин иқдомот ҷилавгирӣ кунем, адолат чӣ тавр бароварда хоҳад шуд? 

Урдуғон аз ширкаткунандагон пурсид: Марзҳои Исроил аз куҷо оғоз мешавад ва дар куҷо поён меёбад? Оё Исроил сер мешавад? Чаро ин кишвар ба думболи ишғоли боқимондаи хоки  Фаластин аст? Мехоҳам донам ки оё хоки Исроил кадом аз арзеро шомил мешавад? Дар соли 1947 хоки Исроил чӣ қадар буда, акнун чӣ қадар аст?

Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин афзуд: Ҳаллу фасли ин масаъла танҳо дар сурати ташкили ҳарчи сареътари як давлати Фаластин дар дохили марзҳои соли 1967 ва бо пойтахти Қудси шарқӣ имконпазир хоҳад буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>