Давоми ҳашт моҳи охири соли равон Тоҷикистон аз 51 кишвари дунё ба маблағи наздик ба 37, 5 миллион доллар кумак ва садақа дарёфт кардааст
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон гузориш нашр карда навиштааст, ки кумакҳои башардӯстона давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон баробар ба 37,4 миллион доллар ворид шуданд.
Дар ҳаҷми умумӣ ҷумҳурӣ зиёда аз 13,5 ҳазор тон кумакҳои башардӯстона аз кишварҳои хориҷ қабул кардааст.
Дар ин муддат ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона орд, равғани растанӣ, доруворӣ, воситаҳои табобатӣ ва ғайра ворид шудааст.
Тайи 8 моҳи охири соли равон аз ҳама бештар Русия (34,8 дарсад аз ҳаҷми умумӣ) дасти кумак дароз кардааст.
Дар ҷойи дуюм Чин 30,7 фисад ва дар мақоми сеюм Швейтсария 8 дарсад қарор гирифтаанд.