Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳаммаи муҳоҷирони ғайриқонунии Русия авф мешаванд?

$
0
0

Комиссияи кор бо муҳоҷирати Русия тарҳи афви се миллион коргари муҳоҷири ғайриқонунии хориҷиро барои ироа ба Владимир Путин таҳия кардааст.

paskacev

Асламбек Паскачев

Асламбек Паскачев, Сарвари комиссияи масъалаҳои муҳоҷирати шӯрои назди президенти Русия  гуфтааст, ки охири моҳи октябр бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мулоқот  намуда ин мавзуъро матраҳ хоҳад кард.

Асламбек Паскачев ба  “Газета.ру”  гуфтааст, ки тибқи маълумоте, ки дар даст дорад, дар сар то сари Русия ҳудудан 3 миллион нафар муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ зиндагонӣ мекунанд.

Паскачев таъкид кардааст, ки коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки иҷозаи корӣ ё патент надоранд бар асоси созишнома бо корфармоёни русӣ ба кор ҷалб мешаванд ва ба давлат андоз пардохт намекунанд. Дар чунин шароит ҳам буҷети давлат ба хисороти зиёд ру ба ру мешавад ва ҳам корфармоён дар пеши коргарони хориҷӣ ҳеҷ масъулияте надоранд, зеро корфармоён аз пардохти андоз фирор мекунанд ва ҳеч наҳоде наметавонад бар фаъолияти онон назорати дақиқ дошта бошад.  Асламбек Паскачев афзуд:

Коргарони муҳоҷири кишварҳои дӯст дар Русия кӯшиш мекунанд, аз пайдо кардани шуғли расмӣ, дарёфти иҷозаи иқомат ва гирифтани суғуртаи тиббӣ худдорӣ кунанд, то маблағи калон напардозанд ва низ битавонанд бо оғози фасли сармо ба кишварҳои худ бозгарданд. Корфармоён низ аз ин фурсат хуб истифода мекунанд ва бештар ба суроғи корҷуёни хориҷии будубошашон ғариқонунӣ мераванд, то аз пардохти андоз фирор кунанд .

Бар асоси гузориши Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, беш аз 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ, ки аз Русия истирдод шудаанд, аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум ҳастанд .

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>