Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Даъвои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ширкати Авант строй групп

$
0
0

Дар шаҳри Маскави Русия як гурӯҳ муҳоҷирони  тоҷик ба мақомоти рус даъво бурдаанд, ки ширкати Авант строй групп беш аз 10 миллион руб ҳаққи кори онҳоро пардохт намекунад.

Ин гуруҳи 80-нафарии муҳоҷирони тоҷик, ки дар ширкати “Аванти строй групп” дар Маскав кор мекардаанд, даъво доранд, ки ширкат беш аз 10 миллион рубл маоши онҳоро надодааст ва мақомоти рус ҳам арзи онҳоро нодида мегиранд.

Яке аз моликони асосии ширкат Умар Ҷабраилов, соҳибкори бонуфузи чечен аст, ки соли 2000-ум номзадии худро ба мақоми президенти Русия пешбарӣ карда буд.

Дар нашри ин хабар Радиои Озодӣ навиштааст,  Ёвари Ҷабраилов рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ иддаои муҳоҷирони тоҷикро рад ё тасдиқ накард. Аммо намояндаи дигари “Аванти строй групп” гуфт, “ширкат муфлис шудааст”.

Ин мақоми “Аванти строй групп” гуфтааст, қарзи ширкат дар назди коршарикон ва кормандон дар маҷмуъ ба 600 миллион рубл мерасад ва дар сурати муфлис эълон шудан ва таракаи амвол ҳам ба гумон аст, ки барои пардохти маоши коргарон пул расад.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ҳодисаи сарпечӣ аз пардохти музди маоши онҳо аз сӯи кордиҳандагон дар ин кишвар зуд-зуд рух медиҳад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>