Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ду фоҳиши дигарро мақомот наҳзатӣ эълон кард

$
0
0

Дар торнамои расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабаре нашр шуд, ки тибқи он мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ду мардеро боздошт намуданд, ки барои таъмини рӯзгори худ ба фолбиниву ҷодугарӣ машғул будаанд. Нақли фаҳшкории ин ду мардро аз забони худи онҳо телевизионҳои давлатии кишвар ба намоиш гузоштаанд.

Сокини ноҳияи Шаҳринав Рӯзиқул Дӯстмуродов ҳамчун «домулло» ва сокини Ҳисор — Фатҳиддин Саймиддинов гуё ҳамчун «қорӣ» маъруф будаанд. Ҳарду боздоштшуда сирй бесавод буда маълумоти олии динӣ ё дунявӣ надошта, барои таъмини рӯзгору зиндагӣ ба ҷодугариву баргузории расму оинҳои динӣ машғул будаанд ва барои ин корҳо аз аҳолӣ пул мегирифтаанд.

Бино ба манбаъ Рӯзиқул Дӯстмуродов ба боварии як духтари ҷавони сокини Шаҳринав даромада, ба ӯ ваъда додааст, ки бо ҷодугарӣ ба ӯ барои ба шавҳар баромаданаш кумак мекунад.  Дар ниҳояти кор ин духтар ба шавҳар набаромада, ба маъшуқаи «домулло» табдил меёбад. Муддати ду сол Дӯстмуродов бо ин духтар муносибати маҳрамона доштааст. Ба гуфтаи худи боздоштшуда, баъдан ӯ маҷбур шудааст, ки маъшуқааашро ба писари худ ба занӣ диҳад, ки аллакай зану фарзанд доштааст.

Сокини Ҳисор Фатҳиддин Саймиддинов ба он гумонбар дониста мешавад, ки ба ивази пардохти як миқдор маблағи муайян ба ҳамдиёри худ ваъда додааст, ки бо дуъову сеҳру ҷоду ба бозгашти бародарӣ ӯ аз Сурия кумак мекунад ва барои ин дархост кардааст, ки барояш риштаи дарозиаш аз Тоҷикистон то Сурия биоваранд. Ҳар бори муроҷиат «қорӣ» аз ӯ пул мегирифтааст. Табиист, ки ӯ бародари муроҷиаткардаро аз Сурия баргардонида натавонистааст.

Бино ба  маълумоти тафтишот, ҳардуи онҳо гуё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд.

Аммо узви Раёсати олӣ Азимҷон Ваҳобов ба ПАЁМ.net гуфт, ки номи ин ду мард ҳеҷгоҳ дар рӯихати ҲНИТ набуда пахши ин навор ва иқрори ин ду марди фаҳшгар ба узвияти ҲНИТ дасисаи навбатии мақомоти низомии Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ мебошад.

У мегӯяд: Асоситарин васила ва роҳе, ки онҳо метавонистанд ҲНИТ  ва дар маҷмуъ қишри диндорро бадном кунанд ҳамин масъала “фасоди ахлоқӣ” буд. Зеро аз як тараф беш аз 98% мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва бо ҲНИТ пайванди фитрӣ доранд агарчӣ аъзои расмии он ҳам набошанд. Бинобар ин ҳукумат мехоҳад ба мардум ин паёмро расонад, ки наҳзатиҳо ба меъёрҳои арзишӣ ва исломӣ пойбанд нестанд. Аммо мақомот фаромӯш кардаанд,ки ба “фасоди ахлоқӣ” муттаҳам кардани наҳзатиҳо кори осон нест, зеро мардум худ аз наҳзатиҳо хуб огоҳанд ва ҳамчунин аз кирдори мақомоти ҳукумати авлодӣ низ, ки беш аз 24 сол аст  ҷомеаи мусалмони кишвар дар асари нотавонӣ ва бефарҳангию бемаданиятии мақомот ба як ҷомеаи фақиру камбизоат табдил шуда фасод ва ришва ва ба фаҳшу ҳаромхурӣ даст задани кормандони давлатӣ ва дуздии молу мулк ва сарвати мардум тамоми рагу пайванди ҳукумат ва ҷомеаро фаро гирифтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>