Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вакилони ноҳияи Лайлак: бояд аз фишанг алайҳи Тоҷикистон кор гирифт

$
0
0

Вакилони маҳаллии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба ин назаранд, ки зарурияти бозбинии тамоми созишномаҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марзӣ бо Тоҷикистон пеш омадааст.

Вакилони лайлакӣ, тибқи иттилоъи хабаргузории 24.kg масъалаи марзро дирӯз, 10 октябр дар маҷлиси маҳаллии авулҳои ноҳияи Лайлак баррасӣ кардаанд. Онҳо хостори тафтиши созишномаҳои байнидавлатӣ шуданд. 

“Дар сурати пайдо шудани созишномаҳое, ки ба манофеъи Қирғизистон мутобиқ нестанд, шахсони онҳоро ба имзо расонида бояд ба ҷавобгарӣ кашид”, – гуфтаанд вакилон.

Вакилони маҳаллӣ аз амалкарди ҳукуматашон дар таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳадӣ бо Тоҷикистон интиқод ва ба он изҳорӣ нобоварӣ карданд 

“Он ҷо, дар боло (ҳукумат, дастгоҳи раисҷумҳур – шарҳи 24.kg) моро фиреб медиҳанд. Моро танҳо ором мекунанд. Барои нигаҳдории заминҳои худ, мо бояд фишангҳои таъсир ба ҳамсоягон дошта бошем”, – гуфтааст вакили кенеши авули Катран Асилбек Сатторов.

Ин фишанги таъсир ба андешаи вакилони маҳаллӣ ба ҳайати комиссияи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлати Қирғизистону Тоҷикистон баргардонидани Қурбонбой Искандаров аст. Онҳо ба сарвазир пешниҳод кардаанд, ки Искандаровро баргадонад, аммо шарҳ надодаанд чаро маҳз ӯро мехоҳанд дубора ба ҳайати комиссия шомил кунанд.

Тибқи иттилоъи 24.kg, баҳори соли 2019 Қурбонбой Искандаров пас аз муноқиша дар сарҳади вилояти Ботканд аз вазифаи намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ озод карда шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>