Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Regnum
Тоҷикистониён дар соли оянда раисиҷумҳур ва низ намояндагони порлумони кишварро интихоб хоҳанд кард. Баҳсу гуфтугӯҳо, агарчӣ доғ нестанд, аммо бештар дар меҳвари интихоби раисиҷумҳури оянда доиранд. Ба сухани дигар, баҳсу гуфтугӯ бар сари ин аст, ки чӣ касе аз аъзои хонаводаи раисиҷумҳури кунунӣ соҳиби тоҷу тахт хоҳад шуд. Он чи сари забонҳост, номи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури феълӣ аст. Ин амр, дар дараҷаи аввал, ба далели ислоҳот дар Қонуни асосӣ аст, ки дар соли 2016 сурат гирифтанд. Бархе коршиносони сиёсӣ, дар фазои маҷозӣ ва низ дар расонаҳо, кӯшиш мекунанд, то якдигарро мутақоъид созанд, ки ҳама чиз аз қабл “пухта” шуда ва аз ин рӯ набояд мунтазири маъракаи доғи интихоботӣ ва ё шигифтиҳои пас аз интихобот буд. Бахши умдаи мардуми Тоҷикистон ва нозирони хориҷӣ низ бар ҳамин боваранд.
Дар воқеъ, 3 сол пеш порлумони гӯш ба фармони Раҳмон, ки ҳар чӣ гӯяд, бе чуну чаро анҷом медиҳад, ба иттифоқи оро, ислоҳот (тағйиру иловаҳо) ба моддаи 65 Қонуни асосии Тоҷикистонро, ки ба Рустами Эмомалӣ имкон медиҳад, то бар курсии риёсати ҷумҳурӣ биншинад, ба тасвиб расонд. Рустам дар соли 2020 синнаш 31 соли комил мешавад. То соли 2016 Қонуни асосӣ танҳо ба афроде иҷозаи тасаддии мақоми риёсати ҷумҳуриро медод, ки синнашон камтар аз 35 сол набошад, аммо инак (ва пас аз ислоҳот дар Қонуни асосӣ) шаҳрвандони аз 30 сол ба боло ҳам метавонанд барои мақоми риёсати ҷумҳурӣ номзад шаванд. Бинобар ин, маҳдудиятҳои қонунӣ аз сари роҳи Рустами Эмомалӣ бардошта шуданд.

Рустами Эмомалӣ
Бо ин ҳол аммо Раҳмон, ба унвони як сиёсатмадори коркушта, худро барои ҳар иттифоқе омода ва хештанро бима кардааст. Зеро дар ҳамон сол, як саре ислоҳоти дигаре низ аз сӯи порлумон ба Қонуни асосӣ ворид шуданд, ки ба Раҳмон фурсат медиҳад, то ба сурати номаҳдуд ҳукумат кунад. Ҳамон моддаи Қонуни асосӣ (пас аз тағйиру иловаҳо) мегӯяд:
“Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида (“Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад”) нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.”
Пурравшан аст, ки мурод аз “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, касе ҷуз шахси Эмомалӣ Раҳмон нест.
Аммо инсофан бояд таъкид шавад, ки ин “сулҳу ваҳдати миллӣ” дар Тоҷикистон, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ буд, дар дараҷаи аввал ба лутфи Русия ва Эрон ба даст омадааст. Ба тозагӣ вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров низ ин нуктаро ёдвар шуд. Ҳатто дар Созмони Милали Муттаҳид низ сабт шудааст, ки ин Русия ва Эрон буданд, ки мақомоти Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон Раҳмонов хонда мешуд) ва ИНОТ (Иттиҳоди Нерӯҳои Опозисиюни Тоҷик)-ро ба сулҳу оштӣ расонданд. Нахустин музкироти сулҳ дар соли 1994 дар Маскав баргузор шуд ва тавофуқномаи сулҳ дар 27 июни соли 1997 низ дар Маскав ба имзо расид.
Ҳоло ҳар чи ҳаст, ба рағми он ки пояҳои “сулҳу ваҳдати миллӣ” дар воқеъ дар Маскав гузошта шуд, дар Тоҷикистон аммо дар ҳоли ҳозир қонуне ҷорӣ аст, ки бар асоси он, Эмомалӣ Раҳмон ба унвони ягона “асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешвои миллат” дар ин кишвар эълом мешавад.
Бар ҳамин асос, огоҳон ба “пухту пазҳои сиёсӣ” дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ислоҳоти воридшуда дар Қонуни асосӣ, Раҳмон ва писарашро аз ҳар иттифоқи “нохушоянд” муҳофизат мекунад. Яке аз кормандони Маркази мутолеоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон — ки нахост номаш зикр шавад — мегӯяд: “Агар балое ба сари яке аз ин ду фуруд ояд, дигарӣ фармонро ба даст хоҳад гирифт.”
Дар ҳақиқат, бисёре аз нозирон, ки пайгирӣ вазъият дар ин ҷумҳурии пасошӯравӣ ҳастанд, бар ин боваранд, ки Раҳмон тоҷу тахташро ба писараш вогузор хоҳад кард. Таъйидкунандаи ин сенорию на танҳо ислоҳот дар Қонуни асосӣ аст, балки ин воқеият низ мебошад, ки Рустам дар як муддати бисёр кӯтоҳ, дар сохторҳои гуногуни қудрат, аз мақоме ба мақоме болотар мунтақил шуд. Зоҳиран ин ҷобаҷоиҳо барои касби маҳоратҳои мудириятӣ ва таҷриба будааст. Дар як муддати кӯтоҳ, ӯ барқосо ба мақомҳои зерин расид:
* Раиси ниҳоди мубориза бо ҷароими гумрукӣ ва сипас муовини раиси ниҳоди хадамоти гумрукӣ (2011-2013).
* Раиси ниҳоди хадамоти гумрукӣ (2913-2015).
* Мудири Ожонси назорати молии давлат ва мубориза бо фасоди иқтисодӣ (2015-2017.
* Аз 4 апрели 2017 шаҳрдори шаҳри Душанбе.
Ҳамзамон, арсаи сиёсии Тоҷикистон аз рақибони ҷиддӣ поксозӣ шуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз сӯи додгоҳ ба унвони як созмони теруристӣ эълом ва фаъолиятҳои он дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуд. Ҳамчунин яке аз таъсиргузортарин фард дар кишвар, ки аз эътибори болое бархӯрдор буд яъне шаҳрдори собиқ ва раиси Маҷлиси олӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев, аз ҳавзаи тасмимгириҳо хориҷ карда шуд. Дигар афроди таъсиргузор дар фарояндҳои сиёсии кишвар вуҷуд надорад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Лозим ба ёдоварист, касоне, ки итминон доранд Раҳмон дар интихоботи оянда мақомашро ба писарашро вогузор хоҳад кард, дар ҳоли пахши ин шойеъа ҳастанд ва дар фазои маҷозӣ аксҳо ва филмҳое дар бораи наҳваи бархӯрду рафтори мутамаллиқонаи Раҳмон бо Владимир Путин дар ҳангоми сафараш ба Душанберо мунташир мекунанд. Ва ин иттифоқӣ нест. Аксарияти қариб ба иттифоқи тоҷикистониҳо итминон доранд, ки сарнавишти Тоҷикистон дар дастони Русия аст. Зеро аввалан, тақрибан ниме аз будҷаи ин кишвар аз ҳисоби даромадҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия таъмин мешавад. Ва сониян, ба лутфи пойгоҳи низомии Русия аст, ки Тоҷикистон аз таҳдидҳои хориҷӣ дар амон аст. Ва солисан, аз хеле вақт пеш ин маъруф аст, ки раҳбари Тоҷикистон, замоне ки ниёз пайдо бишавад, як эҳтирому адаби вежае нисбат ба раисиҷумҳури Русия аз худ ба намоиш мегузорад.
Бо ин ҳама, ноошноён бо равандҳои амиқи зиндагии сиёсии ин кишвари осиёимиёнаӣ метавонанд мутмаин бошанд, ки Раҳмон мумкин аст курсии худро ба писараш вогузорад ё худаш бимонад. Тақрибан ҳар рӯз ин ё он хабар ба берун дарз мекунад, ки дар ин подшоҳӣ ҳама чиз ба ин соддагӣ ҳам нест ва ҳар ғофилгирие, ба равише шарқӣ, имконпазир аст.
Воқеият ин аст, ки ҳамзамон бо Рустам яке аз духтарони Раҳмон – Озода Раҳмон, ки дар ҳоли ҳозир риёсати дафтари президенти Тоҷикистон яъне падарашро ба ӯҳда дорад низ дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки Рустам қарор дорад.
Озода ҳам мисли Рустам, барои худаш ҷойгоҳе дуруст кардааст. Бо ин тафовут, ки аз назари аксарияти қариб ба иттифоқи тоҷикистониҳо, Озода барои мақоми риёсати ҷумҳурӣ, дар қиёс бо Рустам, аз ҷаззобияти камтаре бархӯрдор аст. Далели ин, албатта зеҳнияти шарқӣ (ки мардро бар зан тарҷеҳ медиҳад) нест. Ин зеҳният ҳеч нақше дар ин миён надорад. (Балки) ҷомеаи тарафдори Русия дар Тоҷикистон – ки аксариятро ташкил медиҳанд — амалгароёна ин фарзияро матраҳ мекунанд, ки Озода, ба эҳтимоли зиёд, таваҷҷӯҳаш ба самту сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост. Воқеият ин аст, ки Озода ба муддати ду сол ба таври ҳамзамон дар ду донишгоҳ таҳсил мекард – дар донишгоҳи хусусии котлукии Ҷорҷтоун ва донишгоҳи Мэриленд. Пас аз итмом, аз соли 2005 то 2007 дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Омрико кор кардааст.

Озода Раҳмон
Пас аз бозгашт аз Омрико, ӯ дар Вазорати умури хориҷа ба симати раиси шӯъбаи консулӣ таъйин шуд. Ва аз соли 2009 то 2016 муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон буд. Дар соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон Озодаро ба унвони раиси дафтари иҷроии худ мансуб кард. Бинобар ин, метавон гуфт, ӯ имрӯз тақрибан таъсиргузортарин чеҳра ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир, дастрасӣ ба шахси аввал, фақат аз тариқи ӯ муяссар аст.
Ба назар мерасад, Озода ҳанӯз намехоҳад равобити худ бо Иёлоти Муттаҳидаро қатъ кунад: Раҳмон ахиран ӯро сафир дар созмони байналмилалии “Занон – раҳбарони сиёсӣ” (Women Political Leaders) мансуб кард.
Коршиносон мегӯянд, Раҳмон аз як тараф саъй дорад мавриди писанди Путин бошад, то бо ҷалби ҳимояти ӯ ва бо истифода аз нуфузаш, Рустамро дар саҳнаи байналмилалии шарқӣ матраҳ кунад, ва аз сӯи дигар, талош дорад Озодаро дар саҳнаи байналмилалии ғарбӣ матраҳ созад. Зоҳиран, Раҳмон қасд дорад ба гунае мӯҳраҳоро бичинад, ки ҳар ду фарзандаш дар қудрат бошанд. Ҳар чи ҳаст, ӯ мехоҳад ҳам аз ҳимояти Русияи ба ӯ наздик бархӯрдор бошад ва ҳам Омрикои аз вай дур.
Ва ин дар ҳолест, ки ҳам Рустам ва ҳам Озода, ба таври фазояндае дар ҳоли ба қабзаи худ гирифтани манобеи пурнуфузи кишвар ҳастанд. Чунин иқдомҳое боиси эҷоди даргириҳо на танҳо дар байни “қабилаҳо” ва бозаргонони бонуфуз, балки дар даруни “хонавода” низ шудаанд. Кор ба то ҷое расидааст, ки баъзе аз аъзои “хонавода” барои беобрӯ кардани рақиб ва мустаҳкам намудани мавқеияти худ, иқдом ба “ифшосозии асрори хонавода” намудаанд. Ҳол, тибқи шойеъот ё аз тарафи Озода ва ё аз тарафи Рустам. Ба унвони мисол, замоне ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дурбинҳои телевизиюн, раиси гумруки поёнаи (терминали) “Душанбе 1”, Шаҳбоз Раҷабзодаро аз кор барканор кард, шойеъоте дар бораи робитаи ошиқонаи ӯ бо Озода пахш шуд. Маълум шуд, ки қаблан Шаҳбоз – писари раиси Маркази миллии курдиулужии кишвар, ронандаи хонаводаи Озода будааст; фарзандони ӯро ба мадраса мебурда ва меовардааст. Пас аз муддате, ӯ ба унвони сутвон (лейтенант) дар хадамоти гумрук шурӯъ ба кор карда, сипас дар зарфи яку ним сол то мақоми сарҳангӣ (полковникӣ) расида ва риёсати бузургтарин поёнаи (терминали) кишварро ба ӯҳда гирифтааст. Шаҳбоз танҳо дар хилоли як солу ҳашт моҳ, соҳиби 3 опортумон (квартира) дар Душанбе, худравҳои лукс ва 16 бор ба Урупо ва ғайра сафар кардааст. Шигифтовар ин аст, ки пас аз он ки Раҳмон дар малаъи ом “корномаи” ӯро баршумурд ва маҷбураш кард, то номаи истеъфояшро дуруст дар баробари дурбинҳои телевизиюн бинависад, аммо пас аз муддате, ӯ на танҳо ба кор бозгашт, балки иртиқои мақом ёфт ва раҳбарии як сохтори дигарро ба ӯҳда гирифт. Ҳамаи инҳоро ба Озода иртибот медиҳанд.
Албатта, дар мавриди Рустам низ шойеъоте дар ҳоли пахш аст. Аз ҷумла, ҳодисаи фаромӯшшудаи ҷанҷоли ӯ бо доияш (тағояш) – Ҳасани Асадуллозода, ки ба сӯи ӯ тир холӣ карда буда, аз нав сари забонҳо афтодааст.
Иловар бар ин, тақрибан ҳар моҳ ҷанҷолу ихтилофоте байни ӯ ва яке аз домодҳо, ҳамсоягон ва ё соири бастагони Раҳмон ба вуқӯъ мепайвандад ва хабараш зуд ба берун дарз мекунад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин шароит, бисёреҳо шурӯъ ба интиқоли дороиҳои худ аз кишвар намудаанд. Яке аз тоҷирони бисёр муваффақи тоҷик, ки сарвати худро дар Русия ба даст овардааст, чанд сол пеш саромоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро оғоз кард ва ба яке аз аъзои таъсиргузори “хонавода” наздик шуд. Пас аз муддате, яке дигар аз аъзои “хонавода” барои ҷазби сарвати ӯ ба сӯи худаш, ба ӯ фишор овард. Чунин “шароит” мӯҷиб шуд, то ин тоҷир бо аз даст додани пулу сармояаш, аз нав ба Русия баргардад.
Ба ҳар сурат, Раҳмон зимоми қудратро муҳкам дар дастони худ нигаҳ дошта ва то кунун муваффақ ба хомӯш кардани ҳар гуна танише шудааст, агарчӣ ба назар мерасад ӯ аз ин танишҳои мудовим ва фазояндаи пиромуни худ хаста шудааст. Бинобар ин, дар ҷаласаи Ҳизби халқӣ-демукротик (ҲХДТ), ки дар охирҳои моҳи сентябр баргузор шуд, аз аъзои ҳизбаш хост, то номзадҳои шоистаро муаррифӣ кунанд, аз ҷумла Раҳмон гуфт:
“Албатта, дар саффи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳоеро, ки ба пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем.”
Ҳол, фориғ аз ин ки чӣ “номзадҳои шоистае”-ро интихоб хоҳанд кард, аммо ба назар мерасад таниш рӯ ба афзоиш аст. Далели ин амр на танҳо мушкилоти атрофиёни Раҳмон аст, балки ин воқеият низ ҳаст, ки фаъолияти бозигарони жеупулутик рӯ ба афзоиш аст. Намунаи он, сафари ахири Клорк Купер – дастёри вазири хориҷаи Омрико дар умури низомӣ-сиёсӣ ба Тошканд аст. Купер бо сароҳат эълон дошт, ки омрикоиҳо қасд доранд дубора “роҳрави (коридори) шимолӣ”-ро боз кунанд. Яъне дар воқеъ артиши Омрико мехоҳад дар Осиёи Миёна мустақар шавад. Албатта ин, мавриди хушоянди кишварҳои узви “ШОС” нест. Агарчӣ Купер дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат накард, аммо ин кишвар ҷузъи “роҳрави шимолӣ” будааст. Коршиносон мегӯянд, ки Чин аз чунин беадабии омрикоиҳо бисёр нохурсанд шуда ва аз ин рӯ дар сармоягузориҳояш дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна фаъолтар шуда. Ба таври хосс, чиниҳо дар Тоҷикистон ба таври фазояндае дар ҳоли харидани маъодини тило ва таъсисоти санъатӣ ва сармоягузорӣ дар зерсохтҳо ва иҷроаи замин ҳастанд.
Ҷолиб ин аст, ки аксарияти қариб ба иттифоқи тоҷикистониҳо мухолифи фаъол шудани чӣ омрикоиҳо ва чӣ чиниҳо дар кишварашон ҳастанд. Онҳо мутмаинанд, ки барои тоҷикҳо беҳтарин гузина ҳузури Русия аст.

Клорк Купер – дастёри вазири хориҷаи Омрико дар умури низомӣ-сиёсӣ
Лозим ба ёдоварист, агар ин воқеият дар назар гирифта шавад, ки Озода дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико таҳсил ва кор кардааст, метавон дағдағаи касонеро, ки фикр мекунанд омрикоиҳо ба ӯ алоқаманд ҳастанд ва ба эҳтимоли зиёд имконоти худро барои пешрафти вай ба кор хоҳанд гирифтро дарк намуд. Улмас Раҳмонӣ — таҳлилгари сиёсӣ, бар ин бовар аст, ки мақомоти Тоҷикистон бе далел арсаро барои эрониҳо танг ва саудиҳоро ҷойгузини онҳо накарданд. Ӯ мегӯяд:
“Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бо истифода аз Арабистони Саудӣ ва манобеи бузурги молии он, ба роҳатӣ арсаро барои Эрон танг кард ва ҳаминак бо ришва додан ба афроди бонуфузи пиромуни Раҳмон, метавонад ҳам шахси мавриди назари худ (яъне Озода)-ро пеш бибарад ва ҳам манофеи худро таъмин кунад.”
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Озода Раҳмон дорои сандуқи (фонди) хосси худ ба номи “Лона” аст, ки пул ба ин сандуқ аввал аз сӯи шайхҳои саудӣ сарозер шуд.
Ин таҳлилгари сиёсӣ таъкид мекунад: “Инки Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон (International Crisis Group/ICG) Озода Раҳмонро ба унвони фарде босалоҳият дар умури давлатӣ мушумурад, ин тавсиф бе ҷиҳат нест.” Ин созмон гузориши вежае дар бораи интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон таҳия кардааст. Нависандагони ин гузориш Рустами Эмомалиро бо лаҳне бисёр манфӣ тавсиф мекунанд, дар ҳоле ки аз хоҳари ӯ Озода тамҷид ба амал меоваранд.
Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон (International Crisis Group/ICG), ки дар соли 1995 таъсис шудааст ва дар кишварҳои мухталиф фаъолият мекунад, бо таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ, ба ин натиҷа расида, ки Рустами Эмомалӣ, дар қиёс бо Озода, аз маҳоратҳои мудириятии камтаре бархӯрдор аст.
Бинобар ин, агарчӣ Тоҷикистонро дар байни кишварҳое қарор додаанд, ки таҷрибаи рақобатҳои сиёсӣ дар он вуҷуд надорад ва аз ин рӯ наметавон аз он маъракаҳои доғи пеш аз интихоботиро интизор дошт, аммо метавонад шигифтиҳои ҷолиберо ба армуғон оварад. Ва имрӯз ҳеч кас наметавонад бигӯяд, Эмомалӣ Раҳмон чӣ бозиеро анҷом хоҳад дод.
Тарыумаи Кимиёи саоат