Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Ишқободи Туркманистон сафар кард.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, Прокурори генералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Тибқи иттилои дигари дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, аллакай дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ба вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар супориш дода шуд, ки ҷиҳати баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ машваратҳои сиёсӣ доир намоянд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар андешидани чораҳои мушаххасро зарур шумурдаанд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гуфтугӯ кардаанд.
Таъкид гардидааст, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории зичи сохторҳои низомии ду кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст бо Сооронбей Ҷеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон низ дидор ва мулоқот анҷом додааст. Ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша кардаанд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар ҳолест, ки соли гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок накард ва Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро фиристода буд.