Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Фарғона аз қочоқи Қуръони дастнависи қадимӣ пешгирӣ карданд

$
0
0

Дар вилояти Фарғона мардеро боздошт карданд, ки мехост нусхаи қадимии китоби Қуръонро бар ивази 150 ҳазор доллар ба шаҳрванди Қирғизистон фурӯшад.

Зодаи 49-солаи Бухоро Фаррух Шарапов бо мусоидат ва миёнаравии як шиносаш аз Канада бояд китобро ба шаҳрванди Қирғизистон мефурӯхт. Тарафҳо созиш карда буданд, ки Шарапов пас аз дарёфти 150 ҳазор доллар китобро аз роҳи пинҳонӣ ба Қирғизистон интиқол медиҳад. Аммо аз ҷониби маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон боздошт мешавад.

Бар асоси хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, матни Қуръон дар асри XVI навишта шуда, хаттот мулло Юсуф Саҳҳоф онро ба шакли китоб даровардааст.

Дар робита ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи қонунҳои Ӯзбекистон, интиқоли нусхаи мазкури китоби Қуръон бо назардошти арзиши таърихӣ, илмӣ буданаш бурданаш ба хориҷ  ва фурӯшаш манъ аст. Ин китоб акнун ба Осорхонаи давлатии Ӯзбекистон супорида мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>