Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Раҳмон бори чандум супориш дод маъданҳо дар кишвар коркард шаванд

$
0
0

Минбаъд конҳои маъдан ба сармоягузорони хориҷӣ бе риояи шарти коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод намешавад. Дар давоми ду-се соли оянда бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла, нахи пахта, пилла, пӯст ва маъдан пурра ба роҳ монда шавад.

Ин гуфтаҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр зимни мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар зикр карда таъкид намуд, ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар солҳои истиқлоли давлатӣ корхонаҳои истихроҷи металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, ангишт, масолеҳи сохтмон ва дигар маъданҳо бунёд гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки захираҳои маъдан пурра дар дохили кишвар коркард ва сипас ба содирот бароварда шавад.

Бори аввал нест, ки Раҳмон ба коркарди маъодин дар кишвар таъкид мекунад ва фармон медиҳад. Қаблан ӯ ду маротиба супориш дода буд нахи пахта аввал то соли 2010, сипас то соли 2015 дар кишвар пурра коркард шаванд. Аммо нишондиҳандаҳо баръакс поён рафтанд.

Ин амри раисҷумҳур дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳ қабл парлумон созишномаеро бо ширкати чинӣ имзо кард, ки тибқи он ширкати чинӣ на танҳо иҷозаи бидуни коркард берун бурдани сангҳои маъдани кони нуқраи “Якчашма” дар ВМКБ-ро дорад, балки барои 7 сол аз пардохти боҷу андозҳо озод аст.

Ба гуфти раисҷумҳур то соли 1992 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо наздик ба 3000 нафар мутахассисону коргарон фаъолият мекарданд. Имрӯз, яъне баъди таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ шумораи коргарон дар соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо ба беш аз 10000 нафар расида, танҳо дар давоми ду соли охир зиёда аз 1100 ҷойи кории нав ташкил карда шудааст. Зимнан раисҷумҳур ба ҳукумати кишвар ва дигар ниҳоду сохторҳои марбута барои дар амал ҷорӣ кардани таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватанию ивазкунандаи воридот ва ба шуғл фаро гирифтани сокинон супоришҳо дод.

Раисҷумҳур ба ҳукумати мамлакат супориш дод, ки лоиҳаи қарор дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таҳти роҳбарии cарвазири Тоҷикистон ва барномаи махсуси саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2020-2030 таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намояд. Гуфтанист, 27 сол аст, ки ингуна супоришҳо дода мешаванду, барномаҳо хонда мешаванд, вале ҳамоно солҳо мегузаранду барномаҳо руи қоғаз мемонанд. Ба ҳар ҳол орзӯи нек кардан зарар надорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles