Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои сохти роҳи нав миёни шаҳраки Обигарм то маркази ноҳияи Нуробод музояда эълом кардааст.
Тавре Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ин роҳ аз маҳалли сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз мешавад ва то маркази ноҳияи Нуробод идома меёбад.
Муддати иҷроӣ кардани ин тарҳ 40 моҳ таъйин шудааст, ки шомили сохти 5 пули иртиботии ҷадид, ду туннел дар баданаи кӯҳистон ба тӯли 3 километру 300 метр ва тармими як пули қадимӣ мешавад. Ширкатҳои мехоҳанд дар музояда ширкат кунанд, бояд ба мизони 75 миллион доллар манобеи молиро дар муъомилоти хеш тайи се соли ахир дошта бошанд. Ҳамчунин шарти дигари мушорикат дар ин муноқиса, ироаи фаъолият дар ду тарҳ тайи панҷ соли ахир унвон мешавад, ки ба марҳалаи иҷро расида бошад.
Коршиносон мегӯянд дар Тоҷикистон тавони ширкат дар чунин музоядаи арзиши даҳҳо миллион доллар доштаро танҳо капиталистони оилаи раисҷумҳур доранд. Ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки ширкатҳои чинӣ бо ба фоида шарик кардани яке аз нафарони оила, дар ингуна музоядаҳо бо таври сунъӣ ғолиб меояд. Ва асосан ба кор шаҳрвандони чинӣ ҷалб мешаванд.
Роҳи нав миёни шаҳраки Обигарм аз маҳали сохти неругоҳи барқи обии Роғун то маркази ноҳияи Нуробод шомили манотиқе мешавад, ки роҳҳои пештара зери оби сади 335 метрии неругоҳи барқи обии Роғун мемонанд. Бо сохти неругоҳи барқи обии Роғун теъдоде аз рустоҳо ва роҳҳои мошингард дар ноҳияи Нуробод зери об мешавад ва бояд сокинони ин манотиқ ба маконҳои дигар кӯч дода шаванд ва ҳаракати васоити нақлиёт ва мусофирон аз масирҳои ҷадид анҷом шавад.