Дар тамоми макотиби Қазоқистон пӯшидани ҳиҷоб ва дигар анвои либоси мусалмонӣ манъ гардид. Вазорати маориф ва илми ин кишвар гуфтааст, ки дар макотиби қаламрав либоси ягонаро ҷорӣ кардааст ва пӯшидани ҳар гуна либосҳо ҳангоми ҳузур доштан дар мактаб хилофи ноизомномаи нав аст ва аз ин амал шадидан ҷилавгирӣ карда мешавад.
Назар ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Қазоқистон Элмир Суханбердиев истифодаи либосҳои мазҳабӣ, ҳиҷоб, бурқаъ ва дигарҳо дар мактабҳо аз ин пеш ҳам мамнуъ буд, аммо аз ин баъд дар ин масъала эътибори ҷиддӣ дода хоҳад шуд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар Қазоқистон таблиғи рӯирости дину мазҳабҳо дар мактабҳои дунёвии ин кишвар комилан мамнӯъ аст ва нафароне, ки даст ба ин амал мезананд, тибқи қонунҳои ҷории ин мамлакат муҷозот хоҳанд гашт.
Вазорати маориф ва илми Қазоқистон хабар додааст, ки дар макотиби кишвар ҳанӯз сар аз 14 уми январи соли 2016 низоми либоси ягона ҷорӣ шуда буд ва хонандагон маҷбур ҳастанд, ки ин тартибро рио намоянд.
Либосҳои мактабии донишомӯзони Қазоқистон ифодагари меъёрҳои дунявӣ буда, ба сохти давлатдории милли ин кишвар муносиб аст ва Вазорати маориф ва илм гуфтааст, ки хонандагон бояд аз он ифтихор кунанд.