Раисҷумҳури Фаронса бар лузуми муқобила бо ҳиҷоб дар мадорис ва амокини давлатӣ ва ҳамчунин пойбандӣ ба усули дунявияти ин кишвар таъкид кард.
Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ки ба ҷазираи Реюнён аз сарзамини Моваробҳор дар Уқёнуси Ҳинд (аз мустаъмароти ин кишвар) рафтааст дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт: “Мавзӯъи ҳиҷоб дар амокини умумӣ ба ман иртиботе надорад, аммо дар мадорис ва маконҳои давлатӣ марбут мешавад. Ин аз заруриятҳои усули дунявият аст”.
Вай ҳамчунин бар лузуми бетарафии маъмурини давлатӣ ва муалимон дар хусуси мавзӯъот ва эътиқодоти динӣ таъкид ва тасреҳ кард: “Бархе дар маҳаллот, аз ҳиҷоб ба унвони намоде алайҳи ҷумҳурият истифода мекунанд. Ин нишонаи фирқагароӣ аст”.
Макрон ҳамчунин бо таъкид бар адами табъиз дар мавзӯъи ҳиҷоб, тасреҳ кард:
“Имрӯз бархе ба далели эътиқодоти динии худ аз адами поибандӣ ба арзишҳои ҷумҳурият мегӯянд. Бархе фарзанди худро пас аз мадраса ба хона бурда ва иҷозаи шино кардан дар ҳавзи умумӣ ва ёдгирии мусиқиро ба ӯ намедиҳанд”.
Раисҷумҳури Фаронса ҳудуди 15 рӯз пеш изҳор дошт: “Давлат ба танҳоӣ наметавонд мушкили исломро, ки мураттабан густариш меёбад, ҳал кунад. Тамоми миллат бояд дар ин мавзӯъ ҳамкорӣ ва иқдом кунанд”.