Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Доналд Трамп кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, раҳбари Доъишро таъйид кард

$
0
0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Вашингтон эълом кард, ки Абубакри Бағдодӣ, раҳбари Доъиш дар амалиёт тавассути нерӯҳои вижаи Амрико кушта шудааст. Ба гуфтаи Трамп амалиёт дар шимоли ғарбии Сурия сурат гирифтааст. 

Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико раҳбари Доъиш дар як амалиёти зарбатӣ дар шимоли ғарбии Сурия тавассути камондаҳои амрикоӣ кушта шудааст. Трамп таъкид кард, ки шумори ғайринизомӣ, аз ҷумла 11 кӯдак аз маҳалли ихтифои раҳбари Доъиш наҷот ёфтаанд. 

Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико дар ин амалиёт, ки дар шомгоҳи шанбе 26 октябр сурат гирифта, ҳеҷ як аз нерӯҳои амрикоӣ кушта нашудаанд. 

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Ал-Бағдодӣ ба ҳангоми ҳамлаи як ҷилиқаи интиҳорӣ бар тан дошта, ки мунфаҷир карда ва ба ҳамроҳи ӯ се тан аз фарзандонаш низ кушта шудаанд. Ба гуфтаи Трамп озмоиши ДНК кушта шудани Ал-Бағдодиро таъйид кардааст. 

Раисҷумҳури Амрико дар конфронси матбуотӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳашт ҳеликуптари артиши Амрико дар ин амалиёт ширкат доштаанд. Ў афзуд, ки Ал-Бағдодӣ ба ҳамроҳи се фарзандаш ҳангоми амалиёт ба даруни як нақб гурехтаанд. 

Трамп гуфт, ки Абубакри Ал-Бағдодӣ дар ҳоле, ки гиря мекард ва “монанди як буздил ва як саг” мурд. 

Гуфта мешавад ба далели муқовамати шумори зиёде аз ҳомиёни Бағдодӣ дар ин ҳамла аз пой даромдаанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико иттилоот ва асноди ҷадид аз барномаҳои Доъиш ба даст нерӯҳои амрикоӣ афтодааст. 

Шарҳи ҷузиёти амалиёт аз сӯи расонаҳо 

Амалиёти ду соатинаи нерӯҳои амрикоӣ дар шомгоҳи шанбе 26 октябр дар Идлиб воқеъ дар шимоли ғарбии Сурия оғоз шуд. 

Пахши шоеаи кушта шудани Абубакри Бағдодӣ, раҳбари “Давлати исломӣ” (Доъиш) тозагӣ надорад. Аммо ин бор вале аз тарафи Доналд Трамп расман марги раҳбари Доъиш тоъид шудааст. Илова бар он тасовири маҳали ихтифои раҳбари Доъиш тавассути бархе хабаргузориҳо низ интишор ёфт. 

Ҷузъиёт бештаре аз марги Абубакри Бағдодӣ тавассути хабарнигорони расонаҳое, ки дар Идлиб фаъолият доранд низ мунташир шудааст. 

Расонаҳои Туркия, ки дар шаҳри Идлиб хабарнигор доранд бархе аз ҷузъиёти амалиёт алайҳи раҳбари Доъиш аз ҷумла тасовири ҳавопаймои бидуни сарнишин ва маҳали амалиётро мунташир карданд. 

Рӯзномаи “Сабоҳ”-и Туркия зимни интишори тасовири ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин менависад, дар маҳали амалиёт лобалои дарахтони зайтун гудолҳои ношӣ аз бомбаборон эҷод шудааст. Тибқи гузориши ин рӯзнома дар амалиёти нимашаби шанбе ҳашт ҳеликуптари амрикоӣ ва ду паҳпод ба муддат яку  ним соат рустои Боришо дар наздикии Идилбро зер бомбаборон гирифтаанд ва амалиёт наздик ба чаҳор соат тӯл кашидааст. 

Вазорати дифоъи Туркия ҳам эълом кардааст пеш аз оғози амалиёти нерӯҳои амрикоӣ миёни мақомоти низомии ду кишвар табодули иттилоот сурат гирифта ва мухтасоти макон мавриди назар дода шудааст. 

Тибқи навиштаи рӯзномаҳои Туркия ҷасади се мард, се зан ва як кӯдак аз маҳали ҳодисаи хориҷ шуда ва мақомоти бемористони шаҳри Идилб мудовои аввалияро рӯй панҷ нафар анҷом додаанд. 

Хабаргузории Анотулии Туркия, ки хабарнигори майдонӣ дар шаҳри Идилб дорад гузориш додааст, ки болгардҳои амрикоӣ дар чанд километрии урдугоҳи “Тур лоҳо”, ки маҳали сукунати оворагон дар шимоли Идилб аст, фуруд омадаанд. Ҳашт фарванд болгард ва ду паҳподи амрикоӣ ҳудуди якуним соат   мавзеъи дар наздикии рустои Боришоро ҳадафи ҳамалоти сангин қарор доданд, аммо ин ҳамалот бо посухи мутақобили силоҳҳои сангин мувоҷиҳ шуда ва болгардҳо маҷбур ба ақибнишини карда ва аз маҳалл дур шуданд. Аммо баъд аз ним соат дубора ба маҳалл баргаштанд ва ҳамалотро дубора оғоз карданд ва ин бор горди вижаи нерӯҳои амрикоӣ аз болгардҳо фуруд омаданд ва дуюним соат даргир шуданд. Дар натиҷаи ин даргирӣ як манзили маскунӣ вайрон шуда ва чандин чодар дар маҳали ҳамла сӯхтааст. 

Гурӯҳи Доъиш то ба ҳол расман дар бораи раҳбари худ иттилоъияе мунташир накардааст. Пеш аз ин низ хабари марги Абубакри Бағдодӣ то ба ҳол борҳо аз тарафи мақомоти амрикоӣ ва русӣ эълом шуда буд аммо ин бор таъиди марги раҳбари Доъиш аз тарафи олитарин мақоми Иёлоти муттаҳидаи Амрико расман эълом шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>