(нома ба “пешвои миллат”)
Салом, Эмомалӣ Шарипович!
Акнун то рӯзе дар вазифа ҳастӣ, номаат менависам. Барои он не, ки бисёри бад дӯстат медорам. Не! Барои он, ки диламро холӣ кардан мехоҳам. Бовар дорам, пас аз сарат (ва ё аз вазифа рафтанат – ҳардуяш бароят баробар аст) дар бораи худату тарзи идоракуниат дар жанрҳои гуногун китобҳои зиёд хоҳанд навишт: таҳлилҳои сиёсӣ оиди он, ки чӣ тавр як мамлакатро ба вартаи нестӣ бурдӣ, дар бораи усулҳои порагириат ва ҳаҷми ҳангуфти ғоратгариҳои туву авлодат, доир ба саҳнаороиҳои сафарҳои хонумонсӯзат, дар бораи ошиқбозиҳои туву авлоди аз серӣ мастгаштаат, дар бораи соддагиву аблаҳиҳоят, дар бораи силсилаи кушторҳоят ва ҳоказо. Хулоса, ки машҳур мешавӣ. Чуноне худат доим мехостӣ онро. Вале, дигар китобҳоро котиби матбуотиат аз номи “муборак”-ат навишта пешат барои имзо намегузорад! Дигар онҳоро таҳлилгарони мустақил хоҳанд навишт, ки иҷозаву имзоят барояшон арзише нахоҳад дошт. Китобҳои “навишта”-и худатро бошад, барои аз нав кор карда коғази ташноб баровардан ба сехҳои хурди Душанбе месупоранд. То ки коғази қиматбаҳо ҳайф нашавад.
Мегум, артисти-да! Кору борат рангу бор кардаву дар нақшҳои гуногун ба саҳна баромадан! Боз дастонатро пеши бар монда, ба тамошобинон мисли раққосаҳо таъзим мекунӣ-а ва зал бо ишораи режиссёрҳо гурросзанон қарсак мезанад! Бӯсаҳои ҳавоиятро, ки ҳангоми чорабиниҳо ба тарафи мардум равон мекунӣ ва “як ҷаҳон ташаккур” гуфтанҳоятро дида хулоса мекунам, ки консерти бисёра тамошо кардаӣ. Аз афташ, аз кӯдакиат шӯҳратро дӯст медоштиву ба артистони машҳур пинҳонӣ ҳасад мебурдӣ. Акнун хаёл мекунӣ ба орзӯят расидаӣ. Вале ростша, гӯям, артисти беҳунарӣ! Агар дар солҳои 1970-1980 (давраи ҷавониву боистеъдодиат) институти театрии Луначарскийро хатм карда, ба театри Лоҳутӣ ба кор меомадӣ, бовар кун, сафи мухлисони ин театрро сахт мекоҳонидӣ. Тасаввур карда наметавонам, ки чӣ тавр ту дар як саф бо Убайдулло Раҷабов масхарабозӣ карда метавонистӣ? Охир як суруди “Тоҷикистон аз манӣ”-ро баробари Парда Қосим хонда натавонистиву… Шояд ҳангоми дар саҳна ба ноз “бозӣ карданат” чашмонатро кушода медидӣ, ки ҳамаи тамошобинон дар дақиқаҳои аввали спектакл аз театр гурехтаанд. Ҳатто пулашонро аз кассир талаб карда намегирифтанд то дигар пушти сарашон чунин “саҳна”-ро набинад.
Он, ки толорҳои пур аз тамошобин қарсакат мезананду ба пешвозат мардум даст меафшонанд, ҳаргиз саҳми ту нест, додари акаш. Бовар накун. Ин саҳнаҳои омодасохтаи вазири бехатариат Ятимов ҳаст, ки чун ту артист шуда, ба ҷои таъмини бехатарии давлат сенариянависӣ ва режиссёрӣ мекунад. Кормандони бехатарӣ бошанд, ҳар як мӯйсафеду кампири дар наздат баромадмекардагиро як моҳ пешакӣ аз пулушки сӯзан мегузаронанд. Ҳамаашон ба монанди Бобои Файз қариб артист шудаанд. Ин тамошобинон ё коркунони бадбахти соҳаҳои буҷавианд, ки аз ҳисоби худашон форма пушонида ба “массовка” (бозигароне, ки ролҳои умумиро иҷро мекунанд) табдилашон додаанд ва ё донишҷӯёнеанд, ки аз тарси аз донишгоҳ хориҷ шуда, ба дасти облава наафтидан розӣ шуда ба стадион омадаанд. Так, что бозиат фалш ва тамошобинонат дуруғинанд. Ҳамчун актёр ба як пули пучак намеарзӣ.
Гоҳо дар нақши “ғамхори миллат”, гоҳо чун “насиҳатгар” ва гоҳо чун “олими энсклопедист” (ҳатто дар соҳаҳои сарояндагиву раққосӣ ҳам) баромад мекунӣ. Аз ягон ноҳияи дурдаст як духтаракро ба саҳна бароварда, ӯро “пуштибонӣ” мекуниву назди омма бо ифтихор мегӯӣ: “ин духтаракро ман аз Обигарм овардам!”. Ҳамин тавр ӯ тамғаи “ҳофизаи президент”-ро мегирад ва минбаъд дар ҳама чорабиниҳо назди ту ва маҳз дар рӯ ба рӯи ту баромад мекунад. Яъне, ба ҳофизи дарборӣ табдил меёбад. Ва ӯ инро ба худ шараф меҳисобад, ту бошӣ аз ин барои худ имиҷ месозӣ. Аҷиб, чаро ин духтарак наметавонистааст худаш омада, ба макотиби касбӣ дохил шаваду фақат ба дастгирии ҷанобашон ниёз доштааст ва бояд якумр назди микрофон гӯяд, ки ӯро “ҷаноби олӣ” одам кард? Таълим ва пешравии садҳо духтари дигар, ки дар ТВ баромад накарданду аз мадди назари ту дур монданд, чӣ мешавад? Ё онҳо шаҳрвандони ин кишвар нестанд ва бояд ҳатман марҳамати туро мунтазир шуда истанд? Чаро дар бораи ҳазорҳо обигармиҳои дигар, ки аз беҳунарии ту зану кӯдаконашонро монда, солҳои дароз дар мамлакатҳои дигар муздурӣ мекунанд, чизе намегӯӣ? Ё ин ба ту дахл надорад?
Минбарҳои ҳукуматӣ ва телевизиону радиои давлатиро, ки корашон аз ҳисоби буҷа (пули мардум) пеш бурда мешавад, танҳо барои таблиғи худат ва Рустаму Озодаат истифода мекунӣ. Бо кадом рӯ баъд аз 28 соли диктатураи шахсиат боз мехоҳӣ писари “вундеркиндат”-ро президент (дарди сари ин мардум) таъин кунӣ? Магар ин туф кардан ба рӯи мардум нест? Дигар ягон далеле, ки ин муддати тӯлонӣ сари қудрат будани худату авлодатро асоснок кунад, намондааст, ҳама дурӯғҳоро тамом кардӣ. Акнун далелҳои нав битарош. Вале, охир устои хуб ҳам нестӣ! Далелҳоят чун тароша аз боманд, ба ҳақиқат ҳеҷ намечаспанд.
Барои қудратро дар даст нигоҳ доштан бо командаи лоиҳакашонат шабурӯз сенарияҳо месозед то ҳама мухолифинро “безарар” гардонед: кушед, зиндон кунед ё бо фишори ҳаматарафа аз кишвар берун андозед ва, аз ҳама бад, “террорист”-ашон эълон кунед. Он, ки 10 000 шаҳрванди тоҷик аз ҷабри ту дар мамлакатҳои Аврупо паноҳандагии сиёсӣ гирифтаанд, якумр рӯсиёҳат кардааст. Ва он, ки 2 миллион аҳолият аз шумораи умумии 9 миллион (беш аз 50%-и аҳолии қобили меҳнат) берун аз мамлакат кор мекобанд, обрӯятро ба сифр баробар мекунад. Чӣ, магар зану кӯдакони мухолифини сиёсӣ ҳам террорист буданд, ки маҷбуран дар сарҳадҳои Аврупо моҳҳо хорӣ кашида, аз ситами ту ҷон ба саломат бурданд? Магар журналист Ҳумайрои Бахтиёр ҳам террорист аст? Киро куштааст? Зидди кӣ террор кардааст? Ҳа, туро ва сиёсататро рӯирост танқид кардааст? Ана, аз куҷо сарчашма мегирад террористии ин духтари шуҷоъ? Магар кӣ бештар тундравӣ нишон додааст: ту, ки ҳазорҳо мухолифини ҳукуматро бо ҳар баҳона дар зиндонҳо нигоҳ медорӣ ва ё Ҳумайро, ки бар нафъи рушди озодандешӣ ва демократия дар доираи қонунҳои амалкунанда садо баланд мекунад? Дарвоқеъ, ӯ ҳам аз ҷабри сиёсати диктатурии ту рӯ ба Аврупо овардааст ва ин ҷо акнун даҳонашро баста наметавони. Ягона тасмимат шармандавор террорист эълон кардани ӯст. Дигар чи кор ҳам кунӣ?
Акнун Паймони Миллиро низ, ки дар Аврупо таъсис ёфтаву танҳо дар ҳудуди он як соли охир фаъолият намуд, саросемавор террорист эълон кардӣ. Ки ба ин ҳарзаи ту бовар мекунад? Магар ки худат. Ва ҳатто атрофиёнат ҳам не. Чунки сатҳи фаҳмишат аз дараҷаи афсонафаҳмии кӯдакон болотар нест. Оё дар Аврупо, ки ҳар қадами бошандагонаш зери назорати касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бехатарӣ ҳаст, як ташкилоти террористӣ метавонад дар муддати 12 моҳ фаъолият кунаду ин “бефаҳмҳо” бехабар монанд? Ва шумо, “профессионалҳо” ба кӯмакашон омада, аз хатари терроризми таги биниашон огоҳашон кунед? Офарин! Шояд ба наздикӣ ҳамаи командаатро ба ниҳодҳои бехатарии Аврупо ба кор даъват кунанд? Як бор аз санҷиши мутахассисони касалиҳои рӯҳӣ ва равоншиносон гузар. Боз бемориат хурӯҷ гирифта, мардуми Тоҷикистонро, ки бе ин ҳам “Ҷамшуду Равшан” ном баровардаанд, батамом беобурӯй накунӣ. Дар асл прототипи ҳамон Ҷамшуд туи. Сенаристашро як дӯстона пурс!
Барои ҳифзи мавқеи худат аз ҳисоби нафарони бемавқеъе чун Мулло Абдураҳими кулобӣ ва Дилором Махкамова ҷомеаи шаҳрвандии сунъӣ ҳам сохта, пеш-пеши кормандони бехатарӣ ба Варшава бурдӣ, ки корашон ба ҷои таҳлили вазъи ташвишовари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон танқиди ҳамсафони худ – “мухолифини террорист” буд. Кӣ дидааст, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷои манфиати шаҳрвандон мавқеи ҳукумати диктатуриро ҳифз кунанд? Шояд “мутахассисон”-ат мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам дуруст намефаҳманд? Вой бар ҳолат бо ин намоишҳои ноӯҳдабароёнаат! То он дараҷа пастӣ, ки ҷавонзани фаъоли зидди қимматкунии интернет имзоҷамъкардаро бо усули пасти ба худат хос беобурӯй кардан хоста, муносибати маҳрамонаашро мардумӣ кардӣ. Агар номус медоштӣ, ҳама кормандони бехатариатро, ки дар ин кор даст доштанд, ҷазо медодӣ. Ту бадани он ҷавонзани бепаноҳро не, балки гӯё бадани урёни духтаратро назди мардум ба намоиш гузоштӣ. Чунки бояд шаъни инсонии ҳама шаҳрвандонро баробар ҳифз кунӣ. Чӣ, туву аҳлу авлодат обрӯ дореду, мардуми мазлум не?
Акнун, ки соли тақдирсози 2020 бо ду интихоботаш наздик омадааст, боз беқарор шудӣ, ба қавли мардум “тухмат гирифтааст”. Мурғи посӯхтаеро мемонӣ. Саросемавор ба таҳияи барномаҳои нав пардохтаӣ. Аз як тараф фишори ҷомеаи интернетии тоҷик, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пардаро аз рӯи ҳиллаҳоят мебардоранд, аз тарафи дигар, фишори байналмилалӣ, ки акнун рӯирост аз идоракунии диктатуриат ҳарф мезанад, асабиат кардааст. Дилам бароят месӯзад, додар. Ба ҳар ҳол шаҳрванди Тоҷикистонӣ. Шарт нест, ки фишорат боло рафта, ба монанди баъзе курсибеморон сактаи мағзӣ шавӣ. Не, пофишориатро давом доданӣ ҳастӣ. Бале, аз кӯдакиат ҳамин хел нодони якрав будӣ. Падарат ҳам мегуфт, ки “сағраи гапногирай”. Соли пешомад бароят соли мушкил хоҳад буд. Кани, боз як саҳнаороӣ кун, артист!
Шояд барои намоиши “Театри як актёр” номзадиатро ба унвони артисти халқии СССР, эъ, СНГ пешниҳод кунанд? Охир орзӯи беҳудаи мукофоти Сулҳи Нобел дигар ба бод рафт! Бинем дар халтаи командаи актер-режисёрҳои яроқдорат боз чӣ қадар ҳиллаҳои нав мондааст? Вале, мутмаин бош, ки офтобро бо доман пӯшонида наметавонӣ! Ҳеҷ каси дигар ҳам наметавонад. Акнун, ки аксари бозигарони асосӣ зиддат ҳастанд.
То сӯҳбати навбатӣ.
Бо эҳтиром
Исломиддин Садиров,нафақахӯр, ветерани меҳнат