Муҳлати дар боздоштгоҳ мондани Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, то ду моҳи дигар дароз карда шудааст. Бино ба гуфти вакили дифои Отамбоев, тасмими додгоҳ баъд аз он эълон шуд, ки Отамбоев иштирок дар муҳокимаи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаевро рад кард.
Вакили мудофеъ Сергей Слесарев мегӯяд, президенти пешини Қирғизистон то 26-уми декабр дар боздоштгоҳ хоҳад монд ва тасмимаш иваз нашудааст. «Вай намехоҳад, ки бо додгоҳ ҳамкорӣ кунад».
Президенти пешини Қирғизистон ба фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани “дузди қонунӣ” Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош ва фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек муттаҳам аст. Худи ӯ ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст.
Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.