Радабандии шохиси ҷаҳонии бознишастагие, ки ҳар сол тавассути муассисаи радабандии манобеъи инсонии “Мирсир” дар Мелбурн мунташир мешавад, нишон медиҳад, ки панҷ кишвар Нидерланд, Дания, Австралия, Финляндия ва Шветсия дорои беҳтарин низоми бознишастагӣ дар ҷаҳон ҳастанд.
Бар пойи гузориши соли 2019-и муассисаи Мирсир, кишварҳои Нидерланд ва Дания танҳо кишварҳое ҳастанд, ки бо касби шохиси болои 80, дар дастаи нахуст беҳтарин низоми бознишастагӣ қарор гирифтаанд.
Дар муҳосибаи ин шохис се меъёр баррасӣ мешавад.
Нахуст таносуби низоми бознишастагӣ тавассути авомиле ҳамчун мизони рушди дороиҳо, тарроҳии коромад, сатҳи ҳимояти молиётӣ аз он ва даромадҳои солонаи он арзёбӣ мешавад. Сипас суботи низоми бознишастагӣ бар пояи баррасии мизони пӯшиши он, қарзҳои давлатҳо ва рушди иқтисоди кишвар имтиёздиҳӣ мешавад. Дар ниҳоят ҳам якпорчагии ин низом бар асоси иртиботи короии муқаррарот, шеваи ҳифозат аз манобеъ ва мизони ҳазинаҳои амалиётии он санҷида мешавад.
Афзун бар Австралия, Финляндия ва Шветсия се кишвари Канада, Олмон ва Чили низ дар дастаи дувуми кишварҳое қарор гирифтаанд, ки дар сол 2019 беҳтарин низоми бознишастагиро доранд.
Ҳамчунин гузориши муассисаи Мирсир нишон медиҳад, ки Бритониё, Гонконг, Амрико, Малайзия ва Фаронса низ дар соли ҷорӣ дар садри дастаи севуми кишварҳои дорои беҳтарин низоми бознишастагӣ ҷой гирифтаанд. Ин гузориш, Ҳинд ва Чин ва Японияро низ дар дастаи чаҳорум қарор додааст.