Мавзӯъи мулоқоти Раҳмон бо вазири хориҷаи Туркия аз мавзӯъи мулоқотҳои ӯ бо масъулини дигар кишварҳо дар соли охир фарқе надошт. Қаблан дар кишварҳои арабӣ ҳам ҳамин ду мавзӯъро матраҳ карда буд. Шаке нест, ки дигар кишварҳои ғайридемократӣ ҳам чунин талабро пайваста назди кишварҳои дигар мегузоранд.
Вале, кам роҳбари давлат ҳаст, ки бо сароҳат аз хориҷихо пул бипурсад ва ҳамзамон , шаҳрвандони кишвари худро дар хориҷ террорист муаррифӣ карда, истирдоди онхоро талаб кунад.
Ишораи Раҳмон ба қабул накардани стандартҳои дугона дар масъалаи терроризм ба иттиҳоми Туркия алайҳи ҳаракати Гулен рабт дорад, ки ҳукумати Туркия истирдоди ӯро аз Амрико талаб дорад. Бо вуҷуди фарқияти зиёд байни Туркия ва Тоҷикистон ва байни ҲНИТ-у Гулен, иттиҳомҳо фарқе надоранд. Ҳукумати Туркия ҳаракати Гуленро ва ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро бо як ҷурм муттаҳам мекунанд- терроризм ва кӯшиши кудато. Оё далел вуҷуд дорад ё не, ҳоло мавзӯъи баҳси мо нест. Паҳлӯи ҷолибтари масъала ҷои дигар аст.
Агар »террористони» тоҷик дар Туркия як ду соли ахир пайдо шуда бошанд, ки он ҳам ба ҳайси муҳоҷиру паноҳанда ва аз ноилоҷӣ аст, »террористони» турк, яъне шабакаи Гулен ҳади ақал 15 сол инҷониб бо ҳамкории зичи мақомоти тоҷик инҷо рушд мекунанд.
Гулениҳо ба ватани мо мисли тоҷикҳои гуреза аз ночорӣ наомадаанд, балки барои фаъолияти тиҷоратӣ, фарҳангӣ, шабакавӣ ва сиёсӣ омада буданд ва то имрӯз ҳам фаъолият доранд.
Бо ишора ба стандарти ягона, Раҳмон даъво дорад, ки мо мухолифини шуморо террорист эътироф кардаем ва шумо ҳам мухолифини моро террорист эътироф кунед ва биспоред. Агар туркҳо Наҳзат ва дигар гурӯҳҳои мухолифро террорист эътироф накунанд, пас барои Раҳмон стандарти дугона аст, ки ошкор эълон кард. Эътироф кардан ё накардани туркҳо масъалаи дигар аст, аммо, эътирофи Раҳмон гулениҳоро ҳамчун террорист масъаларо печидатар мекунад.
Ҳолдонхо мегӯянд, ки намояндагони Гулен на танҳо ҳамкории хуб бо мақомоти тоҷик дар ҳама барномаҳои тиҷоративу маорифу сиёсии худ доштанд, балки бо роҳбарони кишвар дӯстии хонаводагӣ ҳам вуҷуд дошт.
Нисфи мансабдорон ва рӯшанфикрони кишвар тавассути ин ҳаракат сафари хориҷӣ кардаанд ва гонорарҳои хуб ҳам дарёфт мекарданд. Фарзандони мансабдорони тоҷик дар мактабҳои »террористҳои турк» мехонданд, дар олимпиадаҳои »байналмиллалӣ», ки ин созмон дар хориҷ ташкил мекард, фарзанди Раҳмон ғолиб омада буд.
Яке аз василаҳои санҷидашудаи гулениҳо барои ҷазби диктаторҳо тариқи фарзандони онҳо мебошад, ки қабл аз фарзанди Раҳмон, фарзандони роҳбарони чанд кишвари осиёӣ ва африқоӣ низ дар чунин олимпиадаҳо »пирӯз» шудаанд. Ҳоло бо чунин эътироф, Раҳмон ва ҳукумати кишварамон ба ин савол чӣ ҷавоб хоҳанд гуфт, ки тӯли ин ҳама солҳо бо »террористон» ҳамкории хуб доштаанд ва ҳатто дӯст ҳам будаанд?
Ҳоло маълум нест, ки тақдири ҳаракати Гулен дар кишвари мо чӣ хоҳад буд ва оё Раҳмон дӯстӣ ва шарикии худро бо ин гурӯх бо ягон шакли дигар идома хоҳад дод ё на. Таҷриба нишон додааст, ки дар адабиёти сиёсии Раҳмон мафҳумҳое мисли садоқат, дӯстӣ, аҳду вафо вуҷуд надорад. Танҳо манфиъат ва ҳифзи худ. Тарафдоронаш инро сиёсати амалгароёна мегӯянд, ки то имрӯз барои Раҳмон нтаиҷаҳои лозимро додааст, баръакси мухолифинаш, ки бештар »тоҷикона» рафтор кардаанд. Агар тақдири Сангаку Файзаливу Маҳмадназар Солеҳову Ғаффору Ёқубро ба назар бигирем, пас масъалаи »террорист» хондани Гулени турк ва ҳаракати ӯ ҳеҷ арзише нахохад дошт ва алакай ҳал шудааст. Эҳтимоли зиёд дорад, ки вазири турк ҳам ба ҳамин хотир омад ва ин эътирофро гирифту дар ивазаш иқдомҳои чавобии Туркияро интизор аст. Ҳоло Туркия чи рафтор мекунад, вақт нишон медиҳад, вале ба »маҳфили» кишварҳое мисли Русия, Чин ва Осиёи Марказӣ наздиктар шудани Туркия барои мухолифини тоҷик ва ҳатто, кишварҳои дигари минтақа, Туркия дигар кишвари чандон амне нахоҳад буд.
Суолҳои дигар дар зеҳн пайдо мешавад, ки оё Туркия ҳабс ва муҷозот шудани ду қотили фироркардаи Умаралӣ Қувватовро аз мақомоти тоҷик талаб карда бошад? Агар Сулаймон Давлатов, яке аз қотилони дигари Қувватов, мисли ду ҳамроҳаш метавонист аз Туркия фирор кунад, Тоҷикистон омода буд ӯро ҳабс ва муҷозот кунад? Оё Туркия ба мақомоти тоҷик ҳам рӯйхати дарози шаҳрвандони худро бо иттиҳоми узвият дар созмони » террористии» Гулен додааст ва чанд нафари онҳо боздошт ва ё истирдод шудаанд?
Гурӯҳи таҳлилии Паём.нет