Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ройтерз: Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ барои ҷилавгирӣ аз суқути давлати Маҳдӣ

$
0
0

Ба гузориши Ройтерз, Эрон бо ҳадаф ҷилавгирӣ аз суқути давлати Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ тавассути ду тан аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии ин кишвар, ворид амал шудааст. 

Ду рӯз пеш аз ин Муқтадо Садр, рӯҳонии тундрав ва бонуфузи ироқӣ хостори канорагирии Маҳдӣ аз қудрат ва баргузории интихоботи зудҳангом бо ҳадафи поён додан ба даргириҳои хунини Ироқ шуд. 

Ӯ ҳамчунин аз муҳимтарин рақиби сиёсии худ яъне Ҳодӣ Омирӣ, раҳбари эътилофи интихоботии Фатҳ ва дабири кулли созмони низомӣ-сиёсии Бадр хост то дар барканории Маҳдӣ аз қудрат, бо ӯ ҳамроҳ шавад. 

Аммо ба навиштаи хабаргузории Ройтерз, бино бар эъломи панҷ манбаъи огоҳ, дар ҷараёни ҷаласае маҳрамона, ки рӯз чаҳоршанбе дар Бағдод ташкил шуд, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон низ ҳозир шуда ва аз Ҳодӣ Омирӣ ва дигар раҳбарони шибҳинизомиёни таҳти ҳимояти Эрон хостааст то ба ҳимоят аз Одил Абдулмаҳдӣ идома диҳанд. 

Дар ҳоле, ки як мақоми амниятии Эрон ҳузури Қосим Сулаймонӣ дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе дар Ироқро таъйид ва иддао кардааст, ки ӯ барои “мушовира додан” дар он ҷо буда, ҳеҷ кадом аз сухангӯёни ду чеҳраи барҷастаи Ироқ яъне Муқтадо Садр ва Ҳодӣ Омирӣ ҳозир ба изҳори назар дар ин бора нашудаанд. 

Ин мақоми амниятии Эрон ба шарти ношинос мондан, ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: “амнияти Ироқ барои мо муҳим аст ва мо дар гузашта ба инҳо кумак кардаем. Фармондеҳи Сипоҳи Қудси мо ба Ироқ ва дигар кишварҳои минтақа сафар мекунад, ба вижа ҳангоме, ки муттаҳидонамон аз мо тақозои кумак мекунанд.” 

Ройтерз менависад, мудохилаи Қосим Сулаймонӣ дар таҳаввулоти Ироқ, яке аз охирин нишонаҳои нуфузи рӯзафзуни Эрон дар кишвари ҳамсоя ва дар саросари минтақа аст. 

Пеш аз ин низ мақомоти амниятии Ироқ ба хабаргузории Ройтерз гуфта буданд, ки шибҳинизомиёни таҳти ҳимояти Эрон тирандозҳоро дар пушти бомҳои Бағдод мустақар кардаанд то мӯътаризонро тарсу саркӯб ва эътирозотро хомӯш кунанд. 

Амиқтар шудани буҳрони сиёсии кунунӣ дар Ироқ метавонад ба коҳиши нуфузи тадриҷии Эрон на танҳо дар Ироқ, балки дар минтақа биянҷомад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>