Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Интернети миллии Русия ба роҳ афтод; Сонсур ё муҳофизат?

$
0
0

Иҷрои қонуни ҷадиди интернет дар Русия оғоз шуд. Русия бо ин қонуни баҳсбарангез қасд дорад ҷилави ҳамалоти сайбериро бигирад. Мунтақидон аммо бар ин боваранд, ки давлати Русия қасди густариш ва тақвияти назорати худро дорад. 

Русия бар он аст, ки ҳокимияти худро ҳифз кунад, аз ҷумла дар дунёи маҷозӣ. Ин кишвар бар он аст, ки аз шабакаи ҷаҳонии интернет мустақил бошад ва ба ҳамин хотир бо тасвиби қонуни ҷадид иқдом ба роҳандозии шабака интернети миллӣ кардааст. 

Мақомоти Русия ҳадаф аз роҳандозии интернети миллиро ба вижа муҳофизат аз системҳои ҳассоси ин кишвар дар баробари ҳамалоти сайберӣ эълом кардаанд. 

Давлати Русия барои амалӣ сохтани барномаҳои худ дар ин росто лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки аз рӯзи ҷумъа 1 ноябр ба иҷро гузошта мешавад. 

Дар ин лоиҳаи қонун аз ҷумла эҷоди зерсохтҳои лозим барои истиқрори як шабакаи интернети миллӣ манзур шудааст. Давлати Русия муддаӣ аст, ки шаҳрвандони ин кишвар ҳатто дар сурати қатъ шудани иртиботшон бо шабакаи ҷаҳонии интернет ба шабакаи бадал дастрасӣ хоҳанд дошт. 

Тибқи ин қонуни ҷадид расонандагони хадамоти интернетӣ муваззаф хоҳанд буд, ки танҳо аз доменҳои русӣ дар чорчӯби интернети миллӣ истифода кунанд. Онон бояд ҳамчунин фановариеро насб кунанд, ки ба мақомоти давлатӣ имкони дастрасии мустақим ба каналҳояшонро медиҳад. 

Давлати Русия муддаӣ аст, ки аз ин роҳ метавонад дар сурати лузум сайтҳоро масдуд карда ва ҷилави ҳамалот сайбериро бигирад. 

Интиқод аз афзоиши назорат 

Мунтақидони ин қонун дар муқобил аз хатари инзивои диҷитоли Русия сухан мегӯянд. Аз ҳамакнун бисёре аз сайтҳои интернетӣ, ки дар Аврупо озод ҳастанд, дар Русия филтр шуда ва дар дастрас нестанд, аз ҷумла сайти Михаил Ходорковский, яке аз мухолифони сарсахти Кремл ва давлати Путин. 

Ниҳод ҳуқуқи башари “Огуро” ин қонуни ҷадид ва роҳандозии интернети миллиро “чархиши бунёдин” дар сиёсати давлати Русия дар иртибот бо контроли интернет арзёбӣ кардааст. 

Дар баҳори имсол ҳазорон тан аз шаҳрвандони Русия, ба вижа ҷавонон барои эътироз ба ин лоиҳаи қонун ба хиёбонҳо рехта ва даст ба тазоҳурот зада буданд. Онон бими онро доранд, ки давлати Русия интернетро ба далоили сиёсӣ ва ба шеваҳои худсарона қатъ кунад. 

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ин лоиҳа қонунро мавриди интиқод қарор дод ва онро “ҳамлае дигар ба озодии матбуот ва озодии ақида” дар Русия арзёбӣ кард, чаро, ки контрол ва филтри мубодилаи додаҳо дар ихтиёри ниҳоди назорат бар расонаҳо ва созмонҳои иттилоотии Русия хоҳад буд. 

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ин қонунро таҳдиде алайҳи озодии интернет ва талоше дар роҳи сонсур донист. 

Мудири иҷрои ин созмон дар ин робита тасреҳ кард: “ин нишон медиҳад, ки раҳбари Русия ҳозир аст, тамоми зерсохтори шабакаи интернетиро таҳти контроли сиёсии худ дароварад то дар сурати ниёз битавонад каналҳои диҷитоли иттилоърасониро қатъ кунад”. 

Александр Исавин, коршиноси интернит ва фаъоли маданӣ дар созмон ғайридавлатии “Роскомсвобода” низ дар гуфтугӯ бо хабаргузори Олмон хотирнишон сохт, ки бо ин лоиҳаи қонун “давлати Русия барои аввалин бор контроли фаннии комили шабакаи интернетро дар ихтиёр хоҳад гирифт”. 

Ба навиштаи Шпигел онлайн давр задани маҳдудиятҳои интернетӣ дар Русия дар оянда барои корбарон душвортар хоҳад шуд. 

Албатта ҳанӯз зерсохтҳои фаннӣ ва созукорҳои лозим барои иҷрои ин қонун омода нест, аммо ин нукта мушаххас аст, ки ҳадафи он муназзам кардан ва назорат бар гузаргоҳҳои интернетӣ аст. 

Давлати Русия дар талош аст, ки нигарониҳо ва интиқодҳоро бемаврид ҷилва диҳад ва онҳоро рад кунад. 

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл таъкид кардааст: “Русия қасд надорад худро аз интернет ҷудо созад, балки бештар ин хатар вуҷуд дорад, ки Ғарб иртиботи Русия бо интернетро қатъ кунад. Аз ин рӯ Русия ба як зерсохтори диҷитоли ғайривобаста ва интернети мустақил ниёз дорад.”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>