Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Ховар”сафари шурӯънашудаи Раҳмон ба Аврупоро “ғалабаи навбатии сиёсати хориҷӣ”номид

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз озими Аврупо хоҳад шуд. Дар назар аст ӯ муддати як ҳафта онҷо бимонад ва аз чанд кишвар боздид намояд.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ин сафари раисҷумҳур  мақоми расмӣ дорад. Мақомоти Тоҷикистон ин сафарро махфӣ нигоҳ медоштанд, вале Паём онро ифшо ва расонаӣ кард. Баъди нашри мақолаи Паём дар ин бора, мақомот ҳам сафари Раҳмонро эълон карданд.

Хабрагузории расмии давлатии “Ховар” ин сафари ҳанӯз шурӯънашударо “ғалабаи навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” номидааст. Ин хабаргузорӣ бо “як ҳодисаи фавқулодда бо натиҷаҳои манфиатовар ба давлату мардуми Тоҷикистон” хондани сафари Раҳмон навиштааст ” худи силсиласафари Президент ба кишварҳои Аврупо як муваффақияти дипломатии Душанбест”.

“Ховар” дар як “таҳлил”-и тӯлонӣ навиштааст, “дар мавриди таҷаммуи ифротиён дар наздикии маконҳое, ки  Пешвои муаззами миллат  ташриф меоранд” … ” ҳеҷ нигароние аз чунин иғвоҳои ТЭТ ҲНИ надоранд”.

Тавре дар сомонаи мақомоти иҷроияи Хатлон омадаст, эҳтимол раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои дигари Аврупо низ боздид кунад.

Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Швейтсария, Чехия ва Фаронса боздид кунад,.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо масоили амниятӣ, таҳкими ҳифзи сарҳад, тиҷорату иқтисод ва ҳамкориҳо дар бахши маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ менамояд.

Қаблан Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иддаои сард шудани муносиботи Душанбеи расмӣ бо Иттиҳоди Аврупоро “миф” хонда, даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронсаро далел овард.

Ин дар ҳолест, мухолифони тоҷики муқими Аврупо эълом карданд, ки ба таври лозим ва сазовори Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ пешвоз хоҳанд гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>