Меҳмонхонаи панҷситорадори мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода – “Исмоили Сомонӣ” дар маркахзи Душанбе оташ гирифтааст. Сӯхторхомӯшкунҳо ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, аммо то ҳол муяссар нашуда сӯхторро хомӯш кунанд.
Ин меҳмонхона 13 сол аст, ки дар ҳоли бунёдшавист ва ҳар сол бо қарори парлумон аз пардохту боҷу андозҳо озод мешавад. Он бояд ба муносибати 30 солагии ҷашни истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт.
Замони оғози сохтмони ин меҳмонхонаи мӯҳташам, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо қайчияш онҷо ҳузур дошт, эълон кард сохтмони он дар якуним сол анҷом хоҳад шуд Аммо инак 13 сол аст, ки сохтмон идома дорад ва мақомот ваъда медиҳанд соли оянда ба анҷом мерасад.
Меҳмонхонаи панҷситорагии “Исмоили Сомонӣ”, ки хишти аввалашро раисҷумҳур 15 марти соли 2006 гузошт ва ҳазинаи сохтмонаш 30 миллион доллар эълон шуда буд, 9 соли охир ба ширкати воридоти масолеҳи сохтмонӣ барои Ҳасан Асадуллозода табдил шудааст. Тамоми маҳсулоте, ки барои сохтмони ин меҳмонхона аз хориҷ ворид карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод гардидаанд.
Бо истифода аз ин сабукӣ ширкати сохтмонии “Исмоили Сомонӣ – асри 21”, ки пудратчии ин сохтмони бузург аст, бо номи ин сохтмон ба аксари сохтмонҳои дигараш маҳсулот ворид мекунад ва бо пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ ба буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меорад.
Фармоишгари сохтмон Дастгоҳи иҷроияи назди раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Раҳбарии ин дастгоҳро духтари Эмомалӣ Раҳмон – Озода Раҳмон ба дӯш дорад.
“Исмоили Сомонӣ – асри 21” ба молик ва раиси “Ориёнбонк”, додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад ва онро бародараш Раҳматулло Асадуллозода раҳбарӣ мекунад.
Сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ягона сохтмони Ҳасан Асадуллозода нест. Ширкатҳои Асадуллозода ҳамчунин пудратчии бузургтарин масҷиди Тоҷикистон ҳастанд, ки Қатар маблағгузорӣ мекунад. Сохтмони он 100 миллион доллар ҳазина дорад.
Ҷуз ин ду сохтмони бузург Асадуллозода тавассути даҳҳо сохтмони дигар пулшӯӣ мекунад. Паём қаблан дар бораи сохтмонҳои ӯ навишта буд.
Аз 30 миллион долларе, ки барои ин сохтмон пешбинӣ шуда буд, қисми асосии он кайҳо ҷудо гардидааст, аммо дар сохтмон ҳамагӣ ҳудуди 20-25 дарсади он масраф шудааст. Маблағи боқимонда дар кадом ҳисоби бонкӣ қарор дорад, маълум нест.
Дар ҳамин ҳол мақомот бори чандум аст ваъда медиҳанд сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” соли оянда анҷом хоҳад ёфт. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дирӯз 18.07 дар конфронси матбуотиаш гуфт: “Мутмаъинам, ки то соли оянда сохтмони ин бино пурра ба итмом мерасад”.
Ин аввалин ваъдаи мақомот барои анҷоми сохтмон нест. Аввалин ваъдаро Эмомалӣ Раҳмон дода буд ва ҳар сол ё ҳар ду сол он ваъда такрор мешавад.
Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” дар маркази Душанбе – хиёбони Рӯдакӣ дар масоҳати 1,5 гектар сохта мешавад. Интизор меравад, ки ин меҳмонхона 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20000 метри квадратӣ хоҳад дошт.
Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон лентаи онро мебурид, гуфта буд бо анҷоми ин сохтмон 700 ҷои нави корӣ пайдо хоҳад шуд. Соли 2007 Агентии омор ин 700 ҷойи кориро ба ҳисоботи худ ворид кард.