Абӯбакри Боқиллонӣ, яке аз олимони барҷастаи замони худ бо суханвариву зиракиаш машҳур шуда буд. Дар соли 371-и ҳиҷрӣ подшоҳи Ироқ ӯро ҳамчун намояндаи шахсии худ ихтиёр намуда, барои баҳсу мунозараи насрониҳои румӣ ба Қустантиния мефиристад.
Ва хабари омадани ӯ зуд ба подшоҳи Рум мерасад. Подшоҳи Рум чун медонист, ки мусалмонон дар назди касе сар хам намекунанд, ба зердастони худ супориш медиҳад, ки дари даромадгоҳи хонае ки дар он менишинад, паст бикунанд, то Абӯбакри Боқиллонӣ маҷбур шуда, сари хам мисли ҳолати рукӯъ ба назди подшоҳ дарояд, ва зиллату хории худро дар назди ӯ ва зердастонаш нишон бидиҳад.
Вақте ки Абӯбакри Боқиллонӣ ба назди даромадгоҳи хонаи подшоҳ меояд , зуд ин ҳилларо дарк мекунад. Ва бо сари хам неву балки пушти худро гардонида бо қафо роҳ гашта дохили хона мешавад . Подшоҳи Рум ин ҳолатро дида дарк мекунад ки ба назди у як шахси бисёр зираку доноро фиристодаанд.
Абӯбакри Боқиллонӣ баъди дохил шудан бар онҳо дуруд гуфта салом намедиҳад (чунки мувофиқи ҳадиси Паёмбар (С), мусалмон ҳангоми салом додан бо аҳли китоб аввал шуда салом намедиҳад).
Баъд аз он Абӯбакри Боқиллонӣ ба сӯйи сардори роҳибон руй оварда мепурсад: Ҳоли шумо чӣ тавр аст? Ва ҳоли аҳлу фарзандони шумо чи тавр аст?
Подшоҳи Рум ба ғазаб омада мегӯяд: Оё ту намедонӣ, ки роҳибони мо зан намегиранд ва фарзандор намешаванд?
Абӯбакри Боқиллонӣ мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Шумо роҳибонатонро аз зану фарзанд пок медонеду худоятонро тӯҳмат бар он мекунед ки бо Марям издивоҷ намуду Исо таваллуд шуд!
Ғазаби Подшоҳи Рум зиёдтар шуда мегуяд: Аз он коре ки Оиша кардааст чи мегуӣ?
Абӯбакри Боқиллонӣ мегӯяд: Агар Оиша (разияллоҳу анҳа) тӯҳмат карда шуда бошад (модарамон Оишаро мунофиқону рофизиҳо тӯҳмат кардаанд) дар навбати худ Марям низ тӯҳмат карда шудааст, (Марямро яҳудиҳо тӯҳмат кардаанд) дар ҳоле ки ҳардуяшон покдоман буданд. Лекин Оиша шавҳар карду фарзанддор нашуд, аммо Марям бе шавҳар соҳиби фарзанд шуд. Ҳаргиз ҳардуи онҳо чунин накардаанд (Худованд аз ҳардуяшон розӣ бод), пас кадоме аз ин ду ба ин тӯҳмати ботил авлотар аст.
Подшоҳ аз суханронии ӯ сахттар дар қаҳр шуду гуфт: Оё паёмбари шумо ҷанг карда буд?
Абӯбакри Боқиллонӣ гуфт: Бале.
Подшоҳ гуфт: Оё дар сафи пеш истода ҷанг мекард?
Абӯбакри Боқиллонӣ гуфт: Бале.
Подшоҳ гуфт : Оё ғалаба мекард?
Абӯбакри Боқиллонӣ гуфт: Бале.
Подшоҳ гуфт: Оё шикаст мехӯрд?
Абӯбакри Боқиллонӣ гуфт: Бале.
Подшоҳ гуфт: Аҷиб, паёмбар будаасту боз шикаст мехӯрдааст?
Абӯбакри Боқиллонӣ гуфт: Оё Исо (алайҳи-с-салом) худо будасту ба салиб кашида мешудааст?
Подшоҳ аз ин суханронии Абӯбакри Боқиллонӣ ба даҳшат омада чизе гуфта натавонист.
(Таърихи Бағдод, муаллиф Хатиби Бағдодӣ, ҷилди 5 саҳифаи 379)