Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар ҳамла ба дидбонгоҳ 4 марзбон кушта шудаанд

$
0
0

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи “Султонобод” дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон 4 марзбон, аз ҷумла муовини сардори дидбонгоҳ ва 1 маъмури милиса кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон пештар танҳо номи як корманди Вазорати умури дохилӣ ва марзбонро эълон карда, дар бораи ҳалокати дигарон хабар надода буданд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳодисаи рӯзи 6-уми ноябр се марзбони дигар ҷон бохтаанд. Ба Радиои Озодӣ даст дод, ки номи ду нафари онҳоро пайдо кунад. Онҳо Диловар Толибов, муовини сардори дидбонгоҳи “Султонобод” ва сарбоз Ҳофиз Ҳасанов ҳастанд.

Диловар Толибови 29-соларо рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дафн кардаанд. Музаффар Мухторов, ёвари раиси шаҳри Конибодом рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “маросими ёдбуд баргузор шуд ва дар он мақомоти маҳаллӣ ва фаъолон иштирок карданд.”

Сарбоз Ҳафиз Ҳасанов дар зодгоҳаш ҷамоати Фароби Панҷакент ба хок супурда шуд. Амонқул Амроев, раиси ҷамоати Фароби Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ҳасанов баҳори имсол ба артиш даъват шуда буд”. Номи нафари севум ба мо маълум нест.

Аз ин пеш Баҳром Қосимзода, маъмури милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Иззатулло Латифов, марзбони тоҷик дар Душанбе дафн карда шуданд.

Бознашр аз “Радиои Озодӣ”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>