Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“Макрон бояд ба Раҳмон фишор орад”

$
0
0

Ду созмони маъруф – Гузоришгарони бидуни марз (RSF), ки аз ҳуқуқи хабарнигорон дар тамоми ҷаҳон дифоъ мекунад ва Дидабони ҳуқуқи башар (HRW) бо пахши изҳороти ҷудогона аз Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса хостаанд зимни мулоқот бо ҳамти тоҷикаш аз ӯ риояи озодии баён ва ҳуқуқи башарро талаб кунанд. 

Гузоришгарони бидуни марз аз раҳбарон ҷаҳон ва ба вижа Аврупо хостааст ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ бо Тоҷикистонро машрут ба мӯҳтарам шумурдан озодии расонаҳо дар ин кишвар кунанд. 

Дафтари Аврупо ва Осиёи Миёнаи Гузоришгарон бидуни марз дар ин бора мегӯяд: “ҳарчанд, ки равобити иқтисодӣ ва стратежӣ миёни Фаронса ва Тоҷикистон судовар бошанд, гуфтушуниди ошкор миёни ду кишвар дар бораи озодии расонаҳо дар Тоҷикистон набояд фаромӯш шавад…. Мо ҳама раҳбарони аврупоии ширкаткунанда дар Форум ҷаҳонӣ барои сулҳ дар Парижро фаро мехонем ҳамкорӣ ва ҳамёрии худро бо Тоҷикистон машрут ба мӯҳтарам шумурдан озодии расонаҳо дар ин кишвар кунанд.” 

Дар изҳороти ин созмон омадааст, ки аз соли 2015 Тоҷикистон 45 рутба дар ҷадвали радабандии ҷаҳонии озодии расонаҳо поён рафтааст. Яке аз далоили ин суқут сонсур густурдаи интернет аст. “Мақомоти ҳукуматӣ дар масдуд кардани муваққати шабакаҳои иҷтимоӣ ва нармафзорҳои паёмрасон, аз ин миён Гугл ё Ютуб тардид намекунанд. Онҳо метавонанд ба шакли ғайриқонуниӣ ҳар манбаеро бидуни дархост аз ширкатҳои хадамотдиҳанда қатъ кунанд” – гуфта мешавад дар изҳороти RSF. 

Созмони Гузоришгарони бидуни марз менависад “шиканҷа, ҳарософиканӣ ва шантаж аз ҷониби хадамоти амниятӣ бахше аз зиндагии рӯзмарраи рӯзноманигороне аст, ки мехоҳанд корашонро ба шакли ҳирфаӣ ва мустақил анҷом диҳанд.

Директори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) Филип Дам(Philippe Dam) навиштааст “Президент Раҳмон дар ҳоли ҳозир дарозумртарин роҳбар дар Осиёи Марказӣ аст ва дар Тоҷикистон як фазои бераҳмона дар соҳаи ҳуқуқи инсон фароҳам овардааст.  Президенти Фаронса Эммануэл Макрон омода аст, ки ӯро рӯзи ҷумъа дар Фаронса истиқбол кунад. Муддати раисҷумҳурии Раҳмон аз соли 2002 оғоз шуда, дар даврони роҳбарии ӯ вазъи ҳуқуқи инсон дар натиҷаи таъқибҳои бераҳмона ба рукуд расидааст”. 

Ин намояндаи Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд “аз соли 2015, вақте ҳукумати Тоҷикистон охирин ҳизби сиёсии оппозитсиониро дигар таҳаммул карда натавониста баст, ба таъқиби сахти сиёсатмадорон ва фаьолони сиёсӣ даст зад. Садҳо фаьолони сиёсӣ ва журналистону вакилони дифоъ паси дарҳои баста ба ҳукмҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд”. 

Ӯ мегӯяд “ҳабси 28-солаи Бузургмеҳр Ёров, вакиди дифоъе, ки барои ҳимояи афроди  мухолиф ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, таҷассумгари стратегияи хафа кардани садои дигарандешон мебошад. Ҳадди ақал 150 нафар бо парвандаҳои сиёсӣ паси панҷара қарор гирифтаанд. Ва ин сабаб шуд, ки бисёре аз шаҳрвандон тарки кишвар кунанд. Аммо онҳое, ки тарки кишвар накарданд ё ба ин муяссар нашуданд, худро дар амн ҳис намекунанд. Хадамоти амниятии Тоҷикистон бо истифода аз Интерпол, созмони байналмилалии полис бо мақсади дастгир кардани рақибони сиёсии худ васеъ истифода мебаранд”. 

Филип Дам аз ҳолатҳои одамрабоӣ, куштор ва дастгиру ба зиндон андохтани мухолифин ёд карда мегӯяд “шиканҷа дар зиндонҳо ба таври васеъ паҳн шудааст. Танҳо дар як соли гузашта ҳадди ақал 60 маҳбус дар натиҷаи ду тазоҳуроти шадид дар зиндонҳо ва заҳролудшавӣ аз ғизо ба ҳалокат расиданд. Дар ҳар се ҳолат асли воқеъа норӯшан боқӣ мондааст ва мақомоти тоҷик аз ташхис худдорӣ карданд”.

Директори шӯъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии HRW мегӯяд “Эмомалӣ Раҳмон албатта аз Фаронса дастгирии иқтисодӣ ва сиёсиро мехоҳад. Аммо Эммануэл Макрон бояд ба принсипҳои худ содиқ бимонад ва ба Раҳмон дар баробари сиёсати бераҳмонааш ошкор эътироз кунад. Президенти Фаронса бояд ҳамтои тоҷики худро водор кунад, то адвокат Бузургмеҳр Ёров ва дигар шахсоне, ки Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид талаб мекунад, озод шаванд. Ба таҳдиду таъқиби гуногунандешон хотима диҳад ва оиди марги мармузи зиндониён посухҳои возеҳ диҳад”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>