Созмони ҳаросафкани “Давлати исломӣ” (қаблан ДОИШ) ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба дӯш гирифта даъво кардааст, ки 10 сарбози давлати Тоҷикистонро куштааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд ду нафар – як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як пулис кушта шудаанд, аммо Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш аз 6 кушта ҳарф мезанад ва асомии онҳоро ҳам нашр кардааст.
Як манбаъи Паём аз як сарбози кушташудаи дигар хабар дод, ки бо маълум кардани ному насабаш, иттилоъ хоҳем дод.
Ҳамчунин як манбаъи дигари Паём гуфт, ки ҳамлагарон чуноне ки қаблан расонаҳо навишат буданд, аз Исфара набуда, аз ноҳияи Истаравшан будаанд.
Сойти расмии ин созмон – “Аъмоқ” ҳамчунин акси 6 нафар аз ҳамлагаронро нашр кард.

Як саҳифаи телеграммӣ бо истинод ба сойти дигари ДОИШ гуфтааст навори байъати ин шаш нафар ҳам вуҷуд дорад ва шояд ба зудӣ нашр шавад.