Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ихроҷи шаҳрвандони аврупоии узви Доъиш

$
0
0

Федерико Могерини, масъули сиёсаи хориҷии иттиҳодияи Аврупо дар бораи ихроҷи шаҳрвандони аврупоии узви Доъиш гуфт, ин мавзӯъ дар ихтиёри кишварҳои узв қарор дорад. 

Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо дар бораи ихроҷи шаҳрвандони аврупоии узви Доъиш, ки дар Ироқ ва Сурия ҷангидаанд гуфт: “ин мавзӯъ дар ихтиёри кишварҳои узви иттиҳодияи Аврупо қарор дорад. Ҳар як аз аъзо қавонини хосси худ барои муқобила бо онро доранд”. 

Вай, ки дар нишасти хабарӣ пас аз ҷаласаи шӯрои равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар брюссел сухан мегуфт, ҳамчунин изҳор дошт: “Мо ба унвони Иттиҳодия Аврупо дар ин замина на ихтиёр дорем ва на хоҳиши ворид шудан ба ин масъаларо дорем. Аз сӯи дигар, ҳудуди як сол пеш ба унвони Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои узв иблоғ карда будам, ки метавонем дар заминаи эҷоди ҳамоҳангӣ ба онҳо кумак кунем”. 

Вай аз сӯи дигар дар бораи қасди Эрон ҷиҳати коҳиши тааҳҳудоти Барҷомии худ тасреҳ кард: “Вузарои хориҷа дар иҷлоси шӯрои равобити хориҷӣ бар пойбандии худ ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон таъкид карданд”. 

Вай афзуд: “Ҳарчанд, ки ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон душвортар шудааст, барои амнияти худ дар ин давра ҳассос, ба талошҳо ҷиҳати иҷрои комили ин тавофуқ идома хоҳем дод”. 

Масъули сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо аз сӯи дигар эълом кард пас аз тасвиби тарҳи чорчӯби ҳовии тадобири маҳдудкунанда дар баробари фаъолиятҳои иктишофӣ ва ҳаффории Туркия дар Мидитаронаи шарқӣ мумкин аст рӯйи афрод ва ниҳодҳое, ки мавриди маҳдудият қарор хоҳанд дод, кор кунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>