Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Паёмбари зуҳд

$
0
0

Оё гоҳе чашмат ба хонаи Паёмбар (с) хӯрда ? .. Бигзор чашмдиди Умар ибни Хаттобро (р) бароят бозгӯ кунам. 

Рӯзе Умар хонаи Паёмбар худо омад ва дид ӯ рӯйи бурёе дароз кашидааст ва доғҳои бурё рӯйи ҷасадаш дида мешавад. Чашми Умар ба анбори Паёмбари Худо (с) афтид, ки дар он чизе ҷуз муште аз ҷав ва косаи пур аз барги дарахт чизи дигар набуд. Умар сахт гирист ва Паёмбар (с) пурсид: чӣ чизе туро мегирёнад эй писари Хаттоб? Умар ҷавоб дод: чӣ гуна нагирям эй Паёмбари Худо, ки ин бурё дар ду канори ҷисмат доғ гузоштааст ва дар анборат ҳам ончи ҳаст мебинам. Кайсару Кисро аз боғҳои мева ва дарёҳо лаззат мебаранд ва ту, ки баргузидаи Худо ҳастӣ ва паёмбараш, чизе дар хизона надорӣ? 

Паёмбар фармуд: эй писар Хаттоб, оё хуш надорӣ, ки охират аз мо бошад ва дунё аз онҳо? Умар гуфт: бидуни шак. (Бухорӣ ва Муслим) 

Ва дар ривояти Аҳмад омада, ки Умар мегуяд: эй Паёмбари Худо, агар шавад як ташки нармтаре бароят бигирӣ? Паёмбар гуфт: маро бо дунё чӣ кор! Мисоли ман ва дунё ба мусофире мемонанд, ки дар як рӯзи гарми тобистонӣ чанд лаҳзае зери як дарахт меосояд ва баъдан ба роҳи худ идома медиҳад. 

 ****** 

Зуҳд яъне сода зистан, ҳарчанд қудрат ва рағбати зистан дар неъмат ва осудагиро дошта бошӣ. Зуҳд яъне ин ки дунё дар гарават бошад, бидуни ин ки дунё туро ба бардагӣ гирад. Зуҳд яъне ин ки дунёро ба дилат раҳ надиҳӣ ва ғояти зиндагиат насозӣ.

*** 

Дар паллаҳои расидан ба Худо зуҳд ҳамеша баъд аз вараъ меояд. Вараъ ҳамон парҳезгорӣ аст. Парҳез аз ҳар ончи аз боби ҳаром ва муштабиҳот аст. Ва зуҳд ҳам парҳезгорӣ аст аммо аз ончи аз боби ҳалол ва мубоҳот аст. Ин вараъ аст, ки роҳро барои зуҳд ҳамвор месозад. 

Дар боби зуҳд ва вараъ, Ибни Қайюм аз устоди худ Ибни Таймия таърифи зебое дорад: зуҳд ҳамоно тарки ҳар ончи, ки дар охират нафъе надошта бошад. Вараъ ҳамоно тарки ҳар ончи, ки аз зарараш дар охират метарсӣ. 

Зуҳд як қаноат аст, як кайфияти рӯҳӣ аст, ки аз жарфнои қалб бармехезад ва ҷасадро аз вобастагии  беш аз ҳадд ба дунё боз медорад. Инсонро во медорад то дар зиндагии амалии худ қаноат пеша кунад ва сода зистанро биёмӯзад ва аз лаззатгароӣ дурӣ гузинад. 

Миёни зуҳди Паёмбар (с) ва раҳбонияти дигарон фарсангҳо фосила аст. Ҳаргиз зуҳди паёмбаргуна ба маънои тарки комили дунё нест. Зоҳид ба ҳама масъулиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва иқтисодии худ мерасад, аммо сода зиндагӣ мекунад ва бидуни такаллуф. 

Зуҳди Паёмбарро (с) чароғи роҳамон бисозем. То бошад растагор шавем. 

Мутеъуллоҳ Тоиб


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>