Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Нафақаи кӯдакон пас аз талоқ (Садо)

$
0
0

Пештар оиди тарбияи кӯдакон пас аз талоқ ба ӯҳдаи кист, дида баромада будем.

Гуфта будем, агар кӯдак ба синни булуғ нарасида бошад, пас аз талоқ кӯдакро модар ба ӯҳдааш мегирад, зеро кӯдаки хурдакак ба тарбияи модар ниёз дорад ва касе мисли модар кӯдакро нигоҳубин карда наметавонад.

Замоне, ки зану шавҳар бо ҳам зиндагӣ мекунанд, зан барои тарбияи кӯдакон, нигоҳубин ва ширдиҳӣ аз шавҳар чизе намегирад. Шавҳар низ масъул нест ба ҳамсараш барои тарбияи кӯдаконаш ва барои ширдиҳӣ маблағе диҳад.

Аммо вақте зану шавҳар аз ҳам ҷудо мегараданд, авзо тағйир меёбад.

Пас аз талоқ, вақте кӯдаконро модар ба тарбияаш мегирад, падар масъули ба пуррагӣ таъмин кардани кӯдак аст. Ғазо, либос, ҷои зист, тамоми эҳтиёҷоти кӯдаконро падар бояд муҳайё созад.

Ба ҳар як кӯдак падар бояд чӣ қадар нафақа диҳад, инро шариат ба ҳолати моддии падар вогузошта аст. Марде, ки сарватманд аст ба сарвати худ нигоҳ карда ба кӯдаконаш инфоқ мекунад. Марде, ки фақир аст ба фақри худ нигоҳ карда, инфоқ мекунад.

Аллоҳ дар сураи Талоқ ояти 7 мегӯяд:

لينفق ذو سعة من سعتهو من قدر عليه رزقه فلينفق مما اتاه الله لا يكلف الله نفسا الا ما اتاها سيجعل الله بعد عسر يسرا

Ҳар як мард ба ҳолати моддии худ нигоҳ карда, нафақа диҳад. Марди сарватманд аз сарвати худ инфоқ кунад. Марде, ки фақир аст, ба қадри тавони худ нафақа диҳад. Аллоҳ касеро болотар аз тавонаш ба чизе амр намекунад ва пас аз ҳар душворӣ бароятон осоние интизор аст. 

Аз ҳикмату адли Парвардигор аст, ки барои ҳар як кӯдак кумаки падарро воҷиб гардонидааст ва дар муқобил барои падар низ ҳеҷ зулме вуҷуд надорад.

Дар аксари  давлатҳо новобаста ба шароити иқтисодии мард давлат маблағи муаянеро, ҳамчун нафақаи кӯдакон таъин кардааст, ки бояд падар пас аз талоқ ба кӯдак пардохт кунад. Сарватманду фақир дар пардохти маблағ яксон ҳастанд. Ҳам сарватманд, ҳам фақир як маблағро мепардозанд. Падари милёрдер ҳам  моҳона 50 доллар пардохт мекунад, падари фақир ҳам. Албатта ин ноадлист, сарватманд бояд ба сарвати худ нигоҳ карда, маблағи зиёдтар нафақа кунад, фақир бошад ба ҳоли худ нигоҳ карда маблағи муносибе диҳад.

Марде, ки соҳиби моли зиёд аст, бояд кӯдаконаш, ҳамчун фарзанди сарватманд бузург гарданд.

Пас аз талоқ, агар зан бо худ хона дошта бошад, кӯдакон дар хонаи модар тарбия мешаванд. Агар зан хона надошта бошад, мард масъул аст, фарзандонашро бо ҷои зист таъмин кунад. Агар хонаи шахси дода натавонад бо хонаи иҷора таъмин кунад ва ҳар моҳ  пардохти иҷорапулӣ ба гардани мард аст.

Инчунин, вақте зану шавҳар бо ҳам зиндагӣ мекунанд, агар зан ба кӯдакаш шир диҳад, мард масъули додани маблағе барои ширдиҳии ҳамсараш нест. Шавҳар шароити зиндагии ҳамсарашро таъмин мекунад ва ширпулӣ низ ба он дохил мешавад.

Аммо, агар зани талоқ шуда ҳомила бошад, мард бояд то ба дунё омадани кӯдак, ҳамсари талоқ додаашро бо шароити моддӣ таъмин кунад, мабалағи муаянеро барои ҳаёти ҳаррӯзааш хӯрдану пушидану дигарҳо ҷудо созад ва албатта дар ҳомилагӣ ба ҷои зист таъмин кардани зани ҳомила низ ба гардани шавҳари ҷудо шуда мебошад.

Аллоҳ мегӯяд:

اسكنوهنمن حيث سكنتم من وجدكم و لا تضاروهن لتضيقوا عليهن و ان كن الات حمل فانفقوا عليهن هتى يضعن حملهن

Пас аз талоқ дар муддати идда занҳои худро дар хонаҳоятон ҷой бидиҳед, то муддати иддаи худро дар хонаи шумо гузаронанд, дар ин мудате, ки дар хонаи шумо ҳастанд, онҳоро озор надиҳед, то аз дасти шумо аз хона баромада раванд. Агар, пас аз талоқ ҳомила бошанд то замони ба дунё омадани кӯдак ба занҳои талоқ додаатон, инфоқ кунед.

Оре, агар мард ҳамсари ҳомилаашро талоқ диҳад, тули муддати ҳомилагӣ ҳаёти моддии зан ба гардани шавҳараш аст.

Инчунин, пас аз таваллуд мард бояд ба ивази ширдиҳии зан ба зани талоқ додааш маблағи муаянеро ба шароити моддии худ нигоҳ карда, пардохт кунад.

Аллоҳ дар сураи Талоқ ояти 6 мегӯяд:

فان ارضعن لكم فاتوهن اجورهن

Агар ҳамсаронатон пас аз талоқ ба кӯдакатон шир доданд, пас маблағи шири додаашонро диҳед.

Албатта, агар зан ба ивази шири додаам маблағ намегирам гӯяд, маблағи шир аз гардани мард соқит мегардад, аммо агар зан барои ширдиҳиям маблағ ҷудо кун гӯяд, мувофиқи шариат мард бояд ҳатман пули шири додаашро диҳад.

Вақте ба ин оятҳои Илоҳӣ менигарем ва мебинем, ки Аллоҳ то чӣ андоза ғамхори кудакон махсусан занон аст, боз бо кадом виҷдон  метавон гуфт, ки зан дар Ислом қадру қиммат надорад.

На азизон, қиммати зани мусалмон то авҷи осмонҳот, ин ниммусаллмонии мост, ки онро зери по кардаем.

Нафақаи кӯдакон, пас аз талоқ ба гардани мардҳост ин нафақа то замони бузург шудани кӯдак ва худ аз ӯҳдаи худ баромаданаш давом меёбад. Вақте писарбача бузург гашт ва худаш аз ӯҳдаи муҳайё кардани зиндагиаш баромад, падар дигар масъули таъмини зиндагии ӯ нест. Аммо нафақаи духтарак то ба шавҳар баромаданаш давом мекунад. То замоне, ки духтарак ба шавҳар набарояд, падар бояд шароити духтарашро муҳайё созад.

Вақте ба қонунҳои шариат менигарем ва ба ҳаёти имрузаи мардум нигоҳ мекунем, албатта тафовути беандозаро мушоҳида мекунем. 

Амалҳое, ки мардҳо пас аз ҷудо шудан анҷом медиҳанд, ҳамааш хилофи шариат аст.

Мард ба маҳзи он ки ҳамсарашро талоқ медиҳад, гӯё ки фарзандонашро низ талоқ додааст. Бо ҷудо шудан аз ҳамсар тамоми масулияти падарии худро фаромуш месозад. Беинсофии баъзе мардон то ҷое расидааст, ки зану кӯдаконро аз хонаашон меронанд. Зани бечора гӯё, ки кудаконашро аз осмон ба дунё оварда бошад, ҳамроҳи кӯдакон дар куҷо зиндагӣ кунад, намедонад.

Мард, пас аз талоқ ба ҷуз маблағи ночизе, ки давлат ба гарданаш қарз кардааст, ба кӯдакон чизи дигаре намедиҳад. Тарбияи кӯдак, хӯронидану пӯшонидан, ба ҷои зист муҳайё сохтан ва албатта хароҷотҳои дигари ҳамарӯза ба гардани зан аст. Ин бори зиндагиро зан аз куҷо меёбад. Он ҳам дар шароите, ки дарвлат барои кӯдакони зиндаятим ҳеҷ кӯмаке намекунад. Зани бечора маҷбур аст, роҳи муҳоҷиратро пеш гирад, дар натиҷа кӯдакон сарсону овора, аз падару модар ҷудо аз тарбияи дуруст маҳрум мегарданд. 

Мардҳо, ки бо вуҷуди фарзанддорӣ аз зани худ ҷудо мешаванд, бояд донанд, ки аз ҳамсар ҷудо мешаванд, аммо масъулияти падарии онҳо боқӣ мемонад. Масъулияти таъмин кардани фарзандон ба гардани онҳост. Агарчӣ оилаи нав бино кунанд ҳам, бояд  оилаи аввали худ, кӯдакони худро фаромӯш накунанд. Дар назди Парвардигор ҷавобгӯй ҳастанд. Агарчӣ кӯдак падарбузургу модарбузург дошта бошад ҳам, агарчӣ кӯдак тағоҳои сарватманд дошта бошад ҳам, таъмини кудак ба гардани падар аст, на шахси дигар.

Бародароне, ки бо маҳзи аз ҳамсаронатон ҷудо шудан, масъулияти падарии худро фаромӯш месозед, аз Аллоҳ битарсед, аз зойеъшавии кӯдаконатон битарсед, он кӯдаконе, ки имрӯз ба хотири аз модарашон ҷудо шудан, раҳо кардаед. номи шумо, хуни шумо ҳамеша дар вуҷудашон боқӣ хоҳад монд, ӯҳдадории худро фаромӯш насозед, шумо падар  ҳастед ва масъулияти падарӣ то рӯзи қиёмат боқӣ хоҳад монд.

Муслимаи Аҳмадӣ 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>