Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шиканҷаи Муҳаммадалӣ Ҳаит. Кӣ дурӯғ гуфт: мо ё ҳукумат?

$
0
0

Барои мо дирӯз ду ид буд. Яке пирӯзии Дилшод Назаров ва дигаре вохӯрии Муҳаммадалии Ҳаит бо ҳамсараш. Хушҳолии мо аз хабари дуввум шояд бештар буд, чун вақте хабари аввалро шунидем, аз дарде, ки доштем, хушҳолиямон комил набуд. Танҳо баъди шунидани хабари дуввум тавонистем бузургии хабари аввалро ҳам эҳсос кунем.

Дараҷаи хушҳолии мо аз хабари дуввумро танҳо оне метавонад дарк кунад, ки шоми панҷшанбе дар идораи мо ҳузур медошт ва медид, ки аз шунидани хабари ногувори шиканҷаи Муҳаммадалии Ҳаит бачаҳо ба чӣ ҳол афтода буданд.

Ин ки инак моро бо истифода аз он хабар дурӯғгӯ кардаанд, масъалаи дигар аст. Бигзор мо дурӯғгӯ бошем, аммо муҳим ин аст, ки бародари мо Муҳаммадалии Ҳаит тавонист пас аз 8 моҳ (!) бо ҳамсараш дидорбинӣ кунад ва маълум шавад, ки ҳадди ақал дасту пояш шикаста нест. Яке аз дӯстон ин субҳ гуфт, ки “аз ҳаяҷони ин ки фардо хонуми акаи Муҳаммадалиро наздаш роҳ хоҳанд дод ё на тамоми шаб нахобидам, худи ҳамсари ӯ оё мижа таҳ карда бошад?”

Аммо он “дурӯғ”. Албатта ин ки ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳаит гуфтааст шавҳараш шиканҷа нашудааст, хеле хабари хушҳолкунанда аст. Вале амалкарду изҳороту вокуниши қаблии мақомоти кишвар ба мо ҳақ медиҳад ба суханони хонум Савринисо Ҷӯраева бо шубҳа нигоҳ кунем. Чун тарсондану шантаж кардани як зан барои мақомоте, ки ба мардони ҳузарб ба қавле мурдаи Ленинро бор мекунанд, кори мушкиле нест .

Мақомот ҳамеша шиканҷа шудани маҳбусон, бахусус аъзои ҲНИТ-ро рад мекунанд, аммо магар як нафарро мешавад дар кишвар пайдо кард, ки ба шиканҷа нашудани маҳбусону боздоштшудагон бовар кунад? Ҳамин марги узви ҲНИТ Нозимҷон Ташрипов дар 1-уми август, ки бо манаҳу гардани шикаста ва доғҳои сиёҳ дар сина ба падару модараш таслим карданд, далели чист? Ё ба чашму гӯши худ неву ба афсонаҳои эшон аз қабили аз ошёнаи саввум паридан, сари худро ба девор кӯфта шикастан, бакалашкаи оби ҷӯшро барои табобат ба бадан мондан ва ғайраву аз ин ҳаводис ногаҳон ба марг расидани боздоштшудаву маҳбусон бовар кунем?

Вақте мо аз бад шудани вазъи Ҳикматулло Сайфуллозода хабар додем, мақомот онро такзиб карданд ва ҳатто ҳамсари ӯ гуфт, ки хабар дурӯғ аст. Қаблан, ки ҳодисаҳои фишор болои хонаводаи маҳбусон ва маҷбур кардани онҳо ба додани изҳороти дурӯғ ҷой доштанд, мо ба ҳарфҳои ҳамсари Сайфуллозода шубҳа кардем. Баъдан вақте он хабари мо дар расонаҳои хориҷӣ бозтоб шуду созмонҳои ҳуқуқи башар садо баланд карданд, мақомот Сайфуллозодаро ба бунгоҳи тиббии боздоштгоҳ интиқол доданд. Сипас ин хабар нашр шуд, ки табиби бунгоҳ гуфтааст дар сурати оҷилан ҷарроҳӣ нашудани Сайфуллозода, ба ӯ буридани пояш таҳдид мекунад.

Замоне аз шаҳодати Қурбон Маннонов, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Норак хабар додем, мақомот аз он изҳори бехабарӣ карданд (хеле инсоф карданд, ки такзибаш накарданд) ва танҳо баъди нашри аксаш эътироф карданд, ки ӯ дар маҳбас ҷон додааст.

Аммо инак расонаҳо гузориш медиҳанд, ки, хабари шиканҷаи Муҳаммадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси ҲНИТ, ки мо нашр кардем (манбаъи мо аз маҳбас гузориш дода буд), гӯё воқеъият надоштааст. Аммо инҷо чанд далеле ҳаст, ки ба суханони ҳамсари Ҳаит бояд бо шубҳа нигарист. Аввал ин ки дар вохӯрии онҳо чанд нафари дигар аз мақомот ширкат доштаанд. Яъне имкони як гуфтугӯӣ озоду самимӣ аз эшон салб шудааст. Сониян вохӯрии Ҳаит бо ҳамсараш баъди бонги хатари мо аз шикастани дасту пои ӯ ва вокуниши ҷомеъаи шаҳрвандиву матбуот ташкил карда шуд. Яъне хостанд собит кунанд, ки ҳарфҳои мо воқеъият надоштанд. Аммо агар воқеъан шиканҷа набуд ва мехостанд инро ба ҷомеъаву ҷаҳониён собит кунанд, чаро чанд созмони ҳуқуқӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ё ҳадди ақал яке аз онҳоро даъват накарданд, то дигар шубҳае боқӣ намонад? Хуб ҳанӯз ҳам дер нашудааст ва метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Ва агар собит шуд, ки воқеъан Муҳаммадалӣ Ҳаит шиканҷа нашудааст, мо тайёрем расман узр пурсем.

Дар ҳамин ҳол, манбаи мо мегӯяд бо Савринисо Ҷӯраева қабл аз вохӯрӣ бо шавҳараш дар утоқи кории “Зорро” (Изатулло Шарипов) бо ширкати ду мақоми КДАМ ҳудуди 40 дақиқа сӯҳбат гузаронида шудааст. Ва худи Муҳаммадалӣ Ҳаит дар ҳамин вақт ба ҷои вохӯрӣ дар иҳотаи 6 нафар оварда шудааст. Манба мегӯяд Ҳаит ҳангоми роҳ гаштан бо шиддат мелангид, аммо пайваста механдид.  

Мутаассифона мо имкони бозтафтиши ин хабари манбаро надорем.

Хостанд бо истифода аз заъфи як зан-модар бо як тир ду нишон зананд: ҳам моро дурӯғгӯ бароранд, ки тамоми хабарҳои мо зери шубҳа қарор гирад ва ҳам даҳони ҷомеъаи шаҳвандиву матбуотро барои чанд муддат банданду ба ҷиноятҳояшон идома бидиҳанд. Барои ин мо далел ҳам дорем: вақте фикри ҳама ба Муҳаммадалӣ Ҳаит банд буд, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз бунгоҳи тиббӣ берун ва ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурда шудааст. Бо супориши КДАМ. Аммо бояд бигӯем, ки

  1. Усул ва нигоҳи мову онҳо аз ҳам фарқ мекунад. Албатта барои мо чун як расона мӯътамад будан бисёр муҳим аст, вале саломатӣ, озодӣ, ҳуқуқ ва хушбахтии як ҳамватан барои мо гаронбаҳотар аз обрӯи худамон аст. Бале, бо истифода аз ин хабар, ҳоло моро дурӯғгӯву фитнагар мехонанд. Вале мо розием “дурғгӯву фитнагар” бошем ва агар ҳар “дурӯғ” ё “фитна”-и мо боис шавад зане ба дидори шавҳараш, духтаре ба дидори падараш ё модаре ба дидори фарзандаш бирасад, тайёрем ҳама умр ин борро ба дӯш бигирем;
  2. Далелҳое, ки онҳо месозанд чун ҳамеша пуч ва бепоя аст. Ҳеҷ инсони солимақле дар ҳоле, ки ин қадар дурӯғу шиканҷаву куштор дар гарданашон овезон аст ва борҳо дурӯғҳояшон собит шудааст, бо ҳарфи як зани муштипар, ки имкони шантаж шуданаш 90 аз 100 аст, бовар нахоҳад кард, ки маҳбусон, бахусус маҳбусе чун Ҳаит шиканҷа намешавад.
  3. Агар воқеъан мехоҳанд ҷомеъа ба ҳарфҳояшон бовар кунад, бигзор инро бо ҳамон роҳе, ки дар боло гуфтем собит кунанд.

Дар акси ҳол мо ҳаргиз аз гуфтани ҷиноятҳои эшон дастбардор нахоҳем буд ва худамон бо кӯмаки Худованд ҷомеъаи ҷаҳониро маҷбур хоҳем кард, ки ба ин қазия таваҷҷӯҳ кунаду ба ҷиноятҳои ин режим хотима дода шавад.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>