Дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд, вакилон аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бо роҳи “облава” изҳори нигаронӣ кардаанд. Парлумон масъаларо зери назорат гирифта, ба ҳукумат ҳам мактуб кардааст.
Дар сӯҳбаташ бо радиои Паём вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, парлумон ин масъаларо баррасӣ ва бо ирсоли нома аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки бояд пеши роҳи ин падидаи номатлуб гирифта шавад.
Усмонов мегӯяд ҳар чунин рӯйдоде дар парлумон баррасӣ мешавад ва ин назар, ки ин ниҳод аслан вокунише ба ҳавоидиси кишвар надорад, саҳеҳ нест. Ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, бахусус бо зада даромадан ба хонаҳои мардум наметавонист пардумонро бетараф гузорад ва ин ниҳоди қонунгузор ба баррасии он пардохт, мегӯяд Усмонов. Ӯ ҳамчунин гуфт ба ин монанд масоил дар панҷ соли вакилиа зиёд будаанд, ки парлумон ба онҳо вокуниш нишон додааст.
Раҳбари ҳизби демократ гуфт баъди баррасӣ дар ҷаласаи парлумон, раиси он ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон дастур додааст масъаларо пайгирӣ кунанд ва сохторҳои қудратиро, ки ба ҷалби ҷавонон машғуланд назорат кунанд. “Мо дар парлумон кумитаи амният ва сохторҳои ҳуқуқи дорем, ки ба назорати ин ниҳодҳо машғул аст” – таъкид кард вакил.
Усмонов мегӯяд дар маъракаи интихоботии парлумонӣ ва раёсатҷумҳурӣ низ ин масъаларо бардошта ва таъкид карда буд, ки ҷалби ҷавонон ба сафи артиш яке аз мушкилоти вақти ҷомеъа аст ва бояд механизми ҳавасмандкунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ эҷод гардад. “Дигар ин ки артиш ҷои бачаҳои бемор, сустхон ва бо имкониятҳои пасти зеҳниву ақлӣ нест. Мо артиши сохтмонӣ надорем, онҷо ҷавон бо яроқ сару кор мегирад” – мегӯяд раҳбари ҲДТ.
Ӯ ба ин назар аст, ки бояд ҷавонони солиму соҳибақл ба артиш ҷалб шаванд ва вақте аз хидмати ҳарбӣ мураххас шуд ба қисми буҷавии ҳамаи донишогоҳҳои давлатӣ қабули бидуни имтиҳони онҳо ба роҳ монда шавад. Усмонов гуфт: “Сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла додситонӣ, додгоҳ, Кумитаи амният, ВКД, Агентии зидди фасод ба сафи худ бояд ҷавонони дар артиш хидматкардаро ба донишгоҳҳои зертобеъи худ ворид созанд ва баъадн ба кор гиранд”.
Ба назари раиси ҲДТ, вақте ба ҷавонон барои хидмат дар артиш ҳеҷ имтиёзе дода намешавад ва дар артиш меҳтаргароӣ (дедовшина) то ҳол вуҷуд дорад, мушкилоти пур крадани нақшаи даъват ба вуҷуд меояд, ки “облава” ҳам натиҷаи он аст.
Усмонов гуфт дар рӯзи Сарқонун аз чанд қисми ҳарбӣ дидан ва бо сарбозон вохӯрӣ кардааст. Ва мегӯяд “ин вохӯриҳо нишон доданд, ки камбудӣ то ҳол дар артиш зиёд аст. Яке аз онҳо ин аст, ки қобилияти зеҳнии ҷавонон бисёр поён аст ва онҳо дар шинохти бисёре аз масоил мушкилӣ доранд. Камбуди дигар маблағгузорӣ аст ва мо инро дар парлумон ҳам пешниҳод крадем, ки таъмини либосу хӯрок дар артиш ҳади ақал дар сатҳи миёна бошад”.
“Муносибат ба ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон мисли солҳои шӯравӣ аст – бояд биравӣ хизмат кунӣ. Хуб, агар мехоҳӣ, ки ҷавон хизмат кунад, барояш бояд шароити хизматро муҳайё кунӣ. На ин ки ба хонааш зада даромада, ё аз қади кӯча ӯро зӯран ба сафи артиш кашӣ. Ҷалби ҷавонон бо роҳи “облава” комилан ғайриқонунӣ аст. То ин ҳад сатҳи пасти даъват ба артиш дар ягон кишвари дунё вуҷуд надорад” – таъкид кард раиси ҲДТ.
Усмонов гуфт “ба хонаи як нафар бе қарори додгоҳ ва санксияи додситон як сатиметр ҳам даромадан иҷоза нест. Бояд ба ин қонуншиканӣ аз ҷониби додситонӣ ва додситонии ҳарбӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва онҳое, ки бе иҷозати қонун ба хонаи мардум ворид шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд”.
Ҷалби иҷбории ҷавонон ба хдимати ҳарбӣ бо роҳи облава дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Дар Тоҷикистон тули 28 соли истиқлолият ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ иҷборан бо роҳи облава ҷалб мешаванд. Ҳарчанд масъулини мақомоти Тоҷикистон дам аз оромию субот мезананд ва ҳамеша мардумро ба шукронаи оромию тинҷӣ даъват мекунанд, гунаи ҷалби ҷавонон дар кишвар мисли онаст, ки гуё дар кишвар ҷанг рафта истода бошад. Ҷавононро аз рахти хоб, аз кучаю хиёбон, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва ҳатто донишгоҳ мисли як ҷинояткор боздошт карда бо худ мебаранд ва ба хидмати ҳарбӣ мегуселонанд.
Чанде пеш як корбари радиои Паём видеоеро ирсол карда гуфт, бародарашро кормандони коммиссариати ҳарбӣ ҳини боздошт лату куб намуда, пояшро зада шикастанд ва бо худ бурданӣ шуданд, аммо барояшон муяясар шуд, ки пеши роҳашонро гирифта бародарашро аз дасти одамрабоён халос кунанд
Ҳамингуна, Насимҷон Қосимов, як сокини ҷавони ноҳияи Рӯдакиро субҳи 9-уми ноябр аз хонаашон дастгир карда, ба хизмати ҳарбӣ бурданд.
Тавре пайвандонаш ба хабаргузории Азия плюс нақл кардаанд, ӯ дар рӯзи облава шуданаш 18-сола шудааст, масъулин вақти хоб дари хонаро зада шикаста ба хона даромада, Насимҷон Қосимовро бо худ бурдаанд. Гуфта мешавед, замоне, ки ин ҷавонро масъулин облава кардаанд, дар хона волидонаш ҳузур надоштаанд.
Илова бар ин дирӯз дар ноҳияи Восеъ як ҷавони гирифтори бемории руҳиро низ мамсъулини коммиссариати ҳарбӣ облава карда бо худ бурданӣ шуданд. Ин ҳангом бемории ҷавон хуруҷ карда, то хеле вақт ба худ наёмад.
Ба ҳамин монанд ҳодиса соли гузашта низ расонаӣ шуда буд, ки як ҷавони гирифтори бемории руҳиро облава карда, масъулини коммиссариати ҳарбӣ ӯро дуздида ба хидмати ҳарбӣ гуселонидаанд. Модараш ба расонаҳо гуфта буд, ки ҳатто ҳуҷҷати гирифтори беморӣ буданашро мақомот ба инобат нагирифтаанд
Аз паи ин облаваҳои бе сару сомон сару садоҳое ба миён омад. Хусусан облаваи ҷавони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ ба вокунишҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто рӯзноманигорон рӯ ба рӯ шуд.
Cайёфи Мизроб ва Раҷаби Мирзо, рӯзноманигорони шинохтаи Тоҷикистон хостори истеъфои Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа шуданд.
Ба гуфтаи ин ду рӯзноманигори тоҷик, имсол даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як саҳнаи масхараомезе табдил ёфтааст, ки раванди даъват ҳамарӯза тариқи сайтҳои иҷтимоӣ пахш мегардиданд.
Сайёфи Мирзоб дар саҳифаи фейсбукиаш бо ишора ба навори ҷавони бемори облавашуда дар ноҳияи Восеъ навишт: “Баъди хамин навор бояд вазири мудофиа ба истеъфо равад!!!“
Раҷаби Мирзо дар тақвияти суханони Сайёфи Мизроб гуфт: Сайёфи Мизроб, воқеан ҳам, дуруст мегӯяд. Баъди шармандагиву қонуншиканиҳои суратгирифта дар маъракаи даъват ба артиши имсола, Шералӣ Мирзо ҳаққи маънавии роҳбарии вазорати мудофиаро надорад!
Блогери Тоҷик Шобудин Бадалов ба Паём гуфт, ки облава кардани ҷавонон аз ҷониби мақомот мақсаднок аст. Мақомот бо ин ҳаросафканию ваҳшатангезӣ мехоҳад, аксари ҷавонон ба кишварҳои ғайр сарбагурез шаванд. Вақте аксари ҷавонон ба кишварҳои ғайр сар ба гурез шуданд, ҳукумати нотавон аз қишри хунгарми ҷомеа халос мешавад ва якбора пеши роҳи норизоиятиҳо аз ноуҳдабароиҳои ҳукумат гирифта мешавад.
Саидҷаъфар Усмонов, вакили маҷлиси намояндагон мегӯяд, ҷалби ҷавонон бо роҳи облава ҷиноят аст ва ҷавонон бояд бо роҳи ташвиқотӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шаванд. Хидмати ҳарбӣ ҷои ҷавонони бемору аз ақлонӣ мушкилидошта нест
Раиси ҳизби парлумонии ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, бояд пеши роҳи ин ҷинояткорӣ гирифта шавад ва ҳар масъуле, ки ба ин падидаи номатлуб даст мезананд, пешгоҳи қонун ҷавоб гӯянд.
Дар Тоҷикистон даъват ба хидмати ҳарбӣ соле ду бор-баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари аз ин шумора аз хидмати артиш озод ҳастанд.
Моҳи апрели соли 2017 бори охир баррасии тарҳи қонуни хидмати алтернативӣ дар парлумони Тоҷикистон бо ширкати вазири дифоъ Шералӣ Мирзо расонаӣ шуда буд. Дигар ин мавзӯъ то ҳол матраҳ нашуд. Ҳамингуна, ба ҷои он ки ин қонун пиёда шаваду бо роҳи супоридани маблағ ба буҷаи кишвар ҷавонон худро аз хидмати ҳарбӣ халос кунанд, аксаран бо роҳи фасод ва порадиҳӣ худро аз дасти мақомот мераҳонанду ва рӯ ба муҳоҷират меоваранд.