Ба радиои Паём аз Тоҷикистон навишта гуфтанд, дар Тоҷикистон фишору тазйиқ алайҳи шаҳрвандон, дуздида бо худ бурдани сокинон аз ҷониби мақомот рӯзҳои охир бештар ба мушоҳида мерасад.
Як корбари Паём аз ноҳияи Рашт ба мо нависта гуфт, кормандони мақомоти амниятӣ ба идораи ҷамоати деҳоти Ғарм рафта, ба идораи ҷамоат ду нафар ҷавонони масҷидравро даъват карда, баробари ҳозир шудани онон ба ҷамоат, онҳоро ба самти номаълум гирифта бурдаанд. Бино ба гуфти манбаъи ин хабар, ин ҳодиса, дирӯз душанбе, 18 ноябр ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҳарчанд ин хабар аз сарчашмаҳои дигар таъйид нашуд, вале, мисли ҳамин, як хабари дигар ба мо расидааст. Дирӯз дар ҷамоати Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ду нафар сокинони деҳаи Мирзообод, собиқ деҳаи Кутузовро кормандони мақомоти кофтукоби ҷиноятҳои муташаккили вилояти Хатлон бо худ бурдаанд.
Бино ба маълумоти ба мо расида, Камолов Раҳмон, раиси ҷамоати деҳоти Калинин бо маслиҳати пешакӣ бо кормандони бахши кофтукови ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ду сокини деҳаи Мирзообод, мулло Насрулло ва домодаш Шарипов Рустам Арбобшоевичро ба идораи ҷамоат даъват намуда, баробари ҳозир шуданашон онҳоро ба самти номаълум бо худ бурдаанд. Эҳтимол меравад, ҳамроҳи онҳо чанд нафари дигар низ боздошт шудаанд. То ҳол аз онҳо ҳеҷ дараке нест. Гуфта мешавад, мардуми ин деҳа, ки аксарошон аз мавзеи Камароби ноҳияи Рашт муҳоҷир шудаанд, хеле мардуми мутадаййин ва диндор будаанд.
Ҳамчунин ба ҳамин монанд як хабаре дар фейсбук нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад, Амриддин Наимов, маъмури гурӯҳи фейсбукии “Sport in Tajikistan” бедарак шудааст.
Дар ин бора дар гуруҳи фейсбукии “Sport in Tajikistan хабар дода навиштаанд, ки
4 рӯз боз Амриддин Наимов дар алоқа нест. Бино ба маълумот, ӯро аз фурудгоҳи Душанбе кормандони мақомот боздошт намуда, ба самти номаълум бурдаанд.