Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Зулфиқори Исмоилиён: «Дар заминаи барқрасонӣ ба мардум ҳеҷ тағйироти мусбате мушоҳида намешавад»

$
0
0

Коршиноси тоҷик Зулфиқори Исмоилиён тасмими Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши қимати барқ аз авоили  моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ин кишварро иқдоми ғайри қобили қабул унвон кардааст.

zulfiqor

Зулфиқори Исмоилиён

Ин иқтисодшинос дар суҳбат бо хабарнигори сайти “Озодагон” таъкид кардааст, ки тақрибан ҳар сол давлати Тоҷикистон ба ин баҳона, ки шарти дарёфти қарз аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ, афзоиши қиммати барқ ба ҳадафи беҳбуди хадамоти нигаҳдории хатти интиқоли барқ ба мардум мебошад, қиматро боло мебарад. Аммо бо дарёфти қарзҳои калони молӣ, ҳеч беҳбуде дар таъмини барқи мавриди ниёзи мардум ва фаъолияти беҳинаи шабакаҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон мушоҳида намешавад. 

 

Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд:  “Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 бо Бонки Ҷаҳонӣ барои дарёфти қарзи молӣ созишнома имзо карда ва мутааҳид шудааст, ки тадриҷан ҳамасола қимати барқро афзоиш диҳад, то ки хадамоти интиқоли барқро ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ расонад. Аммо муттаассифона бо вуҷуди дарёфти ин эътибороти молӣ дар заминаи барқрасонӣ ба мардум ҳеҷ тағйироти мусбате мушоҳида намешавад.”

 

Тибқи қарори №417-и Ҳукумати Тоҷикистон аҳолӣ ва корхонаҳо сар аз 1-уми ноябр барои барқ ва гармӣ қиммати зиёдтар пардохт мекунанд.

То имрӯз қиммати ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 12,6 дирам буд ва аз 1-уми ноябр он 14,65 дирам хоҳад буд. Қиммати нерӯи барқ барои корхонаҳои саноатӣ 35,65 дирам, барои пойгоҳҳои обкашонӣ дар тобистон 2,55 ва дар фасли сармо 9,55 дирам муқаррар шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>