Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Нақшаи буҷаи кишвар боз иҷро нашуд

$
0
0

Бо вуҷуди қарзталабиҳову қарзгириҳо аз тамоми дунё, нақшаи қисми даромади буҷаи Тоҷикистон дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ боз иҷро нашуд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, ин нӯҳмоҳа бо 335 миллион сомонӣ норасоӣ ҷамъбаст шуд. Ба буҷаи кишвар дар ин марҳала ба ҷои 12 миллиарду 900 милион сомонӣ 12 миллиарду 565 миллион ворид шудааст, ки 97,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, 65 дарсади маблағҳои воридшударо даромадҳо аз андоз ташкил медиҳанд. Ҳудуди 25 дарсади даромади буҷа бошад, аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ таъмин шудааст. Аммо тибқи иттилое, ки мо дар даст дорем ва ба зудӣ тадқиқоти мо дар ин мавзӯъ нашр хоҳад шуд, беш аз ними соҳибкорони кишвар андозҳои худро то охири сол ва ҳатто барои як қисми соли оянда пешпардохт кардаанд. Ҳамчунин ҷаримаҳои ҳангуфте, ки ба соҳибкорон баста шудааст, миёни бисёре аз онҳоро шикаста, таъмини нақшаи ҷамъоварии андозро дар соли оянда зери суол мебарад.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>