Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Матни дуъои дастаҷамъӣ барои раҳоии миллат аз зулму ситам

$
0
0

Хонандаи азиз! Инак матни дуъои дастаҷамъие, ки барои шаби ҷумъа, яъне шаби 27-уми октябр ба 28-уми октябр ва намози ҷумъаи рӯзи 28-уми октябр эълон карда будем:

“Ситоиш бод Худовандро, ки холиқу парвардгори кулли оламиён аст. Офаридгоре, ки на танҳо дари дуъоро то абад боз гузоштааст, балки онро ибодат қарор додааст. Дуруди саломи Ӯ бар паёмбараш Муҳаммад (с) ва олу асҳобаш бод.

Парвардгоро! Эй холиқи ҷаҳониён ва бахшандаву меҳрубон. Ту худат шоҳидӣ, ки ба сари миллати тоҷик дар як асри охир чӣ мусибатҳое омад. Ва бадтарини он дар чаҳоряк асри охир рух додааст, ки агар қабалн аз бегонагон мерасид, инак аз худиҳост. Мо эътироф мекунем, ки ин мусибатҳо ба сари мо — миллати тоҷик танҳо бо айбу гуноҳи худамон аст ва ту ба ҳеҷ касе заррае зулм намекунӣ.

Эй мағфираткунандаи гуноҳҳо! Агар ин мусибатҳо бар мо аз гуноҳҳоямон аст, пас гуноҳҳоямонро мағфират кун. Ва эй гардонандаи қалбҳо! Агар ин мусибатҳо аз парокандагии мост, ки ба ресмонат якҷоя чанг назадаем, пас қалбҳои моро якҷо бигардон, то муттаҳид шавем.

Эй гардонандаи ҳол! Албатта тағйири вазъи имрӯзаи мо вазифаи худи мост, чун Худат гуфтаӣ, ки “Худованд ҳоли ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, то ончӣ дар нафсҳояшон ҳаст тағйир диҳанд”. Вале бо меҳрубониат,ба мо дар тағйири ончӣ дар нафсамон ҳаст, кӯмак кун, то он бо беҳтарин ваҷҳ анҷом ёбад.

Эй ҳомии мазлумон ва одилтарини одилҳо! Гурӯҳе бо истифода аз ин, ки мардум дигар ҷангу хун намехоҳад, мехоҳанд ин мардумро ба ғуломи худу хонаводаашон табдил диҳанд кишварро ба фурӯш гузоштаанд. Гурӯҳи дигар мардумро ғорат, ҳабс, таҳқир ва қатл мекунад. Ба занону пирону кӯдакон ҳам раҳм надоранд ва тайёранд ба хотири курсиҳояшон миллатро бори дигар ба хун бикашанд. Магузор, ки миллат бори дигар вориди қатлу куштор шавад ва хуни бегуноҳон рехта шавад. Ҳар касе аз ин золимин лоиқи ҳидоят аст, ҳидояташ кун ва ҳар касе лоиқ нест бо беҳтарин ваҷҳ ин миллати ситамдидаро аз шарраш наҷот бидеҳ.

Эй такягоҳи ғарибон ва иҷобаткуннадаи дуъои онҳо! Ин миллат дар тамоми ҷаҳон пароканда шудааст ва рӯз аз рӯз парокандатар мешавад. Қалбҳои миллатро мисли худаш пароканда масоз! Қалбҳои кулли миллатро якҷо бигардон ва дар қиём алайҳи тоғут тавфиқ ато кун. Ба так-таки афроди ин миллат худшиносиву ҷасорат ато кун, то дар дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ғаюр бошанд.

Парвардигоро! Худ шоҳид ҳастӣ, ки миллат ҳама сабру таҳаммулу даъвату  ҳикматро тибқи фармудаат анҷом дод. Агар барои рафъи зулм чорае ҷузъ қиём намондааст, худат ин миллати мазлумро кӯмак кун ва пирӯз бигардон.»

Аз тамоми хонандагон хоҳиш мешавад ин матнро ба ҳар касе метавонанд, ба ҳар роҳе бирасонанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>