Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Урдуғон: Бо пардохти закот, мушкили фақр дар ҷаҳони ислом ҳал мешавад

$
0
0

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия  гуфт агар мусулмонон закоти худро бипардозанд, фақирӣ дар кишварҳои исломӣ боқӣ нахоҳад монд. 

Урдуғон, тайи суханоне дар конфронси “сармоягузорӣ дар бахш хусусӣ ва давлати” бо ҳузури аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар маркази кунгираи Истамбул гуфт: Тафовути даромади сарватмандтарин ва фақиртарин кишвари исломӣ беш аз 200 баробар аст. Агар мусулмонони закоти худро бипардозанд, фақирӣ дар кишварҳои исломӣ боқӣ нахоҳад монд. 

Вай дар идомаи суханони худ ҳамчунин изҳор дошт: 

“Барои расидан ба ҳадаф, бояд мавзӯъотеро, ки дар ин конфронс баррасӣ кардаем, иҷро кунем. 21 дарсад ҷамъияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ яъне 350 миллион аз бародарони мо дар шароити бисёр сахти фақр ва гуруснагӣ ба сар мебаранд. 

Раванди роҳандозии “Маркази доварии Истамбул” поён ёфта ва фаъолияти он имсол оғоз хоҳад шуд. 

Туркия дар соли 2018 бо ҷазби 46 миллион нафар дар листи кишварҳои дороии бештарини гардишгар қарор гирифта ва ба рутбаи шашум суъуд кард. Имсол интизор дорем пазироӣ беш аз 50 миллион гардишгар бошем. 

Шохисҳо ва усули иқтисоди калони Туркия бисёр қавӣ ва солим аст. Барои ҷазби бештари сармояи мустақим ба Туркия тамом талоши моддӣ ва маънавии худро анҷом медиҳем ва аз сармоягузорон ҳимоят мекунем. 

Барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии бархе танишҳои сиёсии ношӣ аз таҳаввулоти минтақа бар ҳамкории иқтисодии Туркия бо дигар кишварҳо, ҳассосияти бисёр болое нишон медиҳем. 

Шароити моддӣ ва таърихӣ барои рушди иқтисодӣ ва иртиқои сатҳи рифоҳи мардум дар кишварҳои исломӣ бисёр муносиб аст. 

Туркия дар садри кишварҳои омодаи муқобила бо таъсири ҷангҳои тиҷорӣ ва навасоноти бозорҳои молӣ дар ҷаҳон қарор дорад. 

Аз шумо бародарон дархост мекунам барои кумак ба Албания ҷиҳати рафъи мушкилот ношӣ аз вуқӯъи зилзилаи ахир дар ин кишвар ҳар он чи аз дастатон бармеояд анҷом диҳед”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>