Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Афзоиши содироти таслиҳот ва равнақи бозори фурӯши ҷангафрӯз дар ҷаҳон

$
0
0

Дар содироти силоҳ дар сатҳи ҷаҳон, ширкатҳои амрикоӣ ҳарфи нахустро мезананд. Панҷ ширкати бузурги Амрикоӣ дар садри фурӯшандагони ҷангафрӯз дар ҷаҳон қарор доранд. Саноеъи таслиҳотии Исроил низ соли гузашта равнақи чашмгире доштааст. 

Муассисаи SIPRI (институти байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳи Стокголм) гузориши солонаи худро мунташир кардааст. Бар асоси ин гузориш, тиҷорати силоҳ дар соли 2018 низ аз равнақи бисёре бархурдор будааст. Суд ва даромади сад ширкати бузурги тавлиди ҷангафрӯз дар соли гузаштаи мелодӣ муҷаддадан афзоиш ёфтааст. 

Бар асоси ин гузориш маҷмӯаи фурӯши сад ширкати бузурги тавлиди ҷангафрӯз дар соли 2018 болиғ бар 420 миллиард доллар будааст. Бинобарин даромади нохолис ин ширкатҳо дар соли 2018 дар қиёс бо соли пеш аз он, афзоиши беш аз чаҳору ним дарсад доштааст. 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар муҳосиботи муассисаи SIPRI мизони фурӯши ширкатҳои тавлиди ҷангафзори кишвари Чин манзур нашудааст. Гуфта мешавад, ки омор ва иттилооти дақиқе аз мизони доду ситади силоҳ дар ҷумҳурии халқии Чин вуҷуд надорад. 

Амрико пештози фурӯши ҷангафрӯз дар ҷаҳон 

Панҷ ширкати амрикоии тавлиди ҷангафрӯз ва аз он байни ширкати Боинг дар раъси бузургтарин ширкатҳои тавлид ва фурӯши ҷангафрӯз дар сатҳи ҷаҳон қарор доранд. Беш аз як севуми тиҷорати ҷангафзор дар сатҳи ҷаҳон тавассути ин панҷ ширкати амрикоӣ сурат мегирад. 

Барои нахустинбор аз соли 2002 ба ин су, панҷ ширкати амрикоӣ дар садри ҷадвали бузургтарин ширкатҳои тавлидкунандаи ҷангафрӯз қарор доранд. 

Ширкат Локҳед Мортини Амрико дар байни сад ширкати бузурги тавлидкунандаи ҷангафрӯз дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин ширкат дар арсаи ҳавофазо, таҷҳизоти низомӣ ва амнияти иттилооти фаъолият мекунад. Мизони фурӯши ин ширкат дар соли 2018 нисбат ба соли пеш аз он рушди беш аз панҷ дарсад доштааст. Иллати равнақи тиҷорати ширкати Локҳед Мортин афзоиши мизони фурӯши ҷангандаҳои F35 ба кишварҳои дигар аст. 

Ширкати Боинг низ бо фурӯши беш аз 29 миллиард доллар дар радифи дуввуми сад ширкати бузург тавлиди ҷангафрӯз қарор дорад. 

Бозори фурӯши ширкатҳои тавлиди ҷангафзори Исроил низ дар соли гузаштаи мелодӣ аз равнақи бисёре бархурдор будааст. Ширкатҳои исроилӣ пас аз ширкатҳои тавлиди силоҳи Кореяи ҷанубӣ дар соли 2018 бештарин мизони рушдро доштаанд. Мизони фурӯши ҷангафзор тавассути Исроил дар соли 2018 дар қиёс бо соли пеш аз он рушди муодили 8,6 дарсад доштааст.

Мизони фурӯши таслиҳоти ширкатҳои аврупоӣ низ дар соли гузашта афзоиш ёфта ва ба 102 миллиард доллар расидааст. Дар байни яксад ширкати бузурги тавлиди ҷангафрӯз дар сатҳи ҷаҳон, 27 ширкати аврупоӣ вуҷуд доранд. 

Дар байни кишварҳои аврупоӣ Бритониё бештарини мизони фурӯши ҷангафзорро дорад. Пас аз Бритониё Фаронса дар тавлид ва фурӯши ҷангафзор беш аз соири кишварҳои аврупоӣ фаъолият доштааст. 

Дар соли 2018 бар асоси гузориши мунташир шуда аз сӯи муассисаи SIPRI, мизони фурӯши таслиҳоти кишварҳои Русия, Ҳинд ва Олмон дар қиёс бо сол пеш аз он коҳиш доштааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>