Имрон Хон, нахуствазири Покистон эълом кард: “Ҳинд аз солҳо пеш даст ба нақзи ошкори ҳуқуқи башар дар Кашмир задааст”.
Имрон Хон таъкид бар ин кард, ки “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки муддаии ҳимоят аз ҳуқуқи башар ҳастанд нисбат ба ин масъала бояд вокуниш нишон диҳанд”.
Нахуствазири Покистон гуфт: “4 моҳ аст, ки неруҳои низомии ҳиндӣ миллионҳо мусулмони Кашмириро дар хонаи худ зиндонӣ кардаанд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин бора сӯҳбате намекунад”.
Имрон Хон афзуд: “Лағви худмухтории Кашмир аз тариқи нақзи қонунҳои шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид анҷом шуд ва мо интизор дорем ин шӯро масъалаи Кашмирро ҷиддӣ бигирад. Мардуми Кашмир ҳақ доранд барои ояндаи худ тасмим бигиранд ва мо аз дархости қонунии онҳо ҳимоят мекунем”.
Қобили зикр аст ҳабси хонагии мардуми Кашмир тавассути давлати Ҳинд дар ҳоле анҷом мешавад, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори лағви ин ҳукумати низомӣ шудаанд.
Бо ин ҳол кишварҳои ғарбӣ ба далели доштани манфиатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии муштарак бо Ҳинд ҳозир нестанд нисбат ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд.