Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Роҳҳои бозпас гирифтани қарзи додашуда аз рӯи шариат

$
0
0

Парвардигори оламиён бо ҳикмати худ дунёро чунон офаридааст, ки ҳамеша яке аз мо муҳтоҷи дигаре ҳаст. Одамҳо беёрии ҳамдигар зиста наметавонанд. Ҳамеша инсон дар чизе ниёз ба ёрии дигарӣ дорад.

Дар ҳаёти имрӯза бошад, аксарият ба ёрии молӣ ниёз доранд. Додани қарз ба дигарон яке аз кӯмакҳои бузургтарин ва дар айни замон пур аз подошу баракати Илоҳӣ аст. Албатта шахси қарздиҳанда баробари қарзи додааш аҷр мегирад. Аммо шахсе, ки қарзгирифта истодааст, бояд хеле эҳтиёт кунад. Албатта қарз гирифтан ҷоизу мубоҳ мебошад. Аммо баробари гирифтани қарз ба гардани шумо фарз мегардад, қарзи гирифтаатонро баргардонед.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷанозаи шахси қарздорро нахонда буданд, то даме, ки як нафар аз ҳозирин қарзи маййитро ба гардан нагирифт.

Дар ҳадисе, ки Бухорӣ ривоят кардаанд, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

من اخذ اموال الناس يريد اداءها ادى الله عنه و من اخذ اموال الناس يريد اتلافها اتلفه الله

Ҳар касе, ки аз мардум қарз гирад ва ният дошта бошад, ки он қарзро бар мегардонад, Аллоҳ дар баргардонидани қарз кӯмакаш мекунад. Ҳар касе, ки аз мардум қарз мегирад ва нияти талаф кардану барнагардонидани он қарзро дорад, Аллоҳ  талаф ва нокомаш мекунад.

Мутаассифона, аксарият дар баргардонидани қарзи гирифтаашон осонгирӣ мекунанд. Аз шахсе қарз мегиранду бозгардонидани онро парво накарда, шахси қарздодаро пушаймон месозанд. Моҳҳо, балки солҳо мегузарад, шахси қарздор маблағи гирифтаашро бар намегардонад.

Инчунин, айнан мисли қарз аз тоҷире бо ваъдаи зуд овардани маблағ колоеро мегиранд, сипас муддатҳо мегузарад, маблағи колоро намеоранд.

Вақте инсон дар ҳақиқат шароити баргардонидани қарзи гирифтаашро надорад, ин масъалаи дигар аст. Дар ин ҳолат худи Шариат шахси қарздорро амр мекунад, ба ин нафари муҳтоҷ танг наоварад ва ба ӯ муҳлат диҳад. Аллоҳ дар Қуръон сураи Бақара ояти 280 мегӯяд:

و ان كان ذو عسرة فنظرة الى ميسرة

Агар шахси қарз додаатон камдаст бошад, шароити баргардонидани қарзро надошта бошад, пас шумо ба ӯ мӯҳлат диҳед. 

То беҳтар шудани шароиташ ва тавоноии баргардонидан, ба ӯ мӯҳлат диҳед.

Инчунин дар ҳадиси Муслим омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

من انظر معسرا او وضع عنه اظله الله في ظله

Ҳар касе, ки ба шахси камдасти қарздодааш мӯҳлат диҳад ва ё қарзи додаашро ба ӯ бубахшад, Аллоҳ Рӯзи Қиёмат дар сояи Аршаш ӯро ҷой медиҳад.

Албатта шахсе, ки тамоми кӯшишашро мекунад то қарзи гирифтаашро баргардонад, аммо шароит надорад, дар ин ҳолат барои ӯ маломат нест. Ӯ аз қудрати худ боло амал карда наметавонад.

Аммо шахсоне, ки қудрати боз гардонидани қарзи худро доранду барнамегардонанд, бо ин амали худ ҳаққи дигаронро мехӯранд. Ба ибораи дигар, ин амал дуздии моли мардум ҳисобида мешавад.

Дар Сунани ибни Моҷа омадааст, ки Паёбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

Ҳар касе, ки қарз мегирад ва ният мекунад, ки он қарзро барнамегардонад, дар рӯзи Қиёмат, ҳамчун дузд бо Аллоҳ рӯ ба рӯ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки инсон қарз мегирад ба қасди аз худ кардани он мол ва барнагардонидани он.

Инчунин ҳар касе, ки барои муддати муаёяне қарз мегирад ва дар баргардонидани он қасдан дер мекунад, қудрати баргардониданро дорад, аммо барои ками дигар аз он маблағ фоида гирифтан, дер мекунад золим ҳисобида мешавад.

Дар ҳадисе, ки дар Бухорӣ ва Муслим омадааст, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

مطل الغني ظلم

Кадом сарватманду қодире, ки дар додани қарзи гирифтааш дер мекунад, золим аст.

Инҷо фаҳмидем, ки шахсе, ки тавони баргардонидани қарзи гирифтаашро дораду бар намегардонад, золим ва гунаҳгор аст. Мегузарем ба роҳи ҳалли ин масъала. 

Вақте касе аз шумо қарз гирифт ва ё аз шумо колое гирифт, сипас муддатҳо гузашту қарзашро барнагардонид, дар ҳолате, ки ӯ қудрати баргардонидани пули шуморо дорад. Шумо медонед, ки ӯ шароити иқтисодии хуб дорад ва танҳо аз рӯи бепарвоӣ ва ё аз рӯи беинсофӣ, ҳақхурӣ, маблағи шуморо надода истодааст. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Агар ба далелҳои шаръӣ нигоҳ кунем, Паёсбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

لي الواجد يحل عرضه و عقوبته

Шахсе, ки қодир аст, аммо дар баргардонидани қарз дер мекунад, ҳам ирзи ӯ ҳам ӯро уқубат додан, ҷоиз аст. (Бухорӣ)

Ин ҳадис дар Бухорӣ ва китобҳои дигар зикр шудааст. Мувофиқи ҳадис ҳар касе, ки қудрат дорад, аммо дар баргардонидани қарз дер мекунад, дар ин вақт ӯро  метавон бо ду намуд ҷазо ба баргардонидани қарз маҷбур созем.

Яке бо мазаммат кардан, шахси қарздода ӯро мазаммат мекунад, ӯро аз дер кардан ва зулм карданаш бохабар мекунад.

Агар бо мазаммату гуфтан ҳал нашуд, қозӣ ӯро зиндон мекунад. Зиндон ин нест, ки як солу ду сол ва ё мисли тоҷикистони мо даҳ солу понздаҳ сол як нафарро ҳабс кунем. Зиндон ба маънии як чанд рӯз маҳкам кардан, то ки мабалағи гирифтаашро баргардонад. Ҳамон рӯзе, ки маблағро баргардонид, аз зиндон озод мегарад. 

Ҳукми зиндони шахси сарватманде, ки қарзи мардумро надода истодааст, ба дасти қозӣ аст. 

Агар ба ҳаёти имрӯза нигоҳ кунем. Дар байни мардум шахсоне ҳастанд, ки пули мардумро гирифта, солҳо тиҷорат мекунанд, соҳиби хонаву дар, ашёҳои зиёд мегарданд. Метавонанд, аммо қарзи гирифтаашонро барнамегардонад. Шахси қарз дода илтимос кунад ҳам, дашному таъна кунад ҳам, боз ҳеҷ муроде ҳосил намешавад. Шахси қарздода ҳангоми қарздиҳӣ ҳеҷ гараве аз шахси қарздодааш нагирифта буд, то дар мисли ин ҳолатҳо аз он истифода кунад, дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Оё ба шахси қарздода ҷоиз аст, биравад ва яке аз дороиҳои қарздорро гираду ба ҷои қарз ҳисоб кунад?

Ин саволро ба доктор Ҳусни Фатҳи медиҳам, чун доктор оиди ин масъалаҳо соҳиби маълумоти комил ҳастанд.

Дуктур мегуфтед, ки агар шахси қарзгирифта бо вуҷуди шароит доштанаш, қарзи гирифтаашро барнагардонад, дар ин ҳолат, оё ба шахси қарздода ҷоиз аст, бе иҷозаи ӯ яке аз моли қарздорро гирад ва ба ҷои қарзи додааш ҳисоб кунад?

Баъзеҳо вақте ҳеҷ роҳе барои баргардонидани маблағи додаашон намеёбанд, мераванд ва аз хона ва ё мағозаи шахси қарздор коло ва ё ашёеро мебардоранд ва мегӯянд ин ба ивази он қарзҳои додаам.

“Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ. Оиди саволатон, оё шахси қарздода метавонад дар вақти дер кардани шахси қарздор, яке аз амволи қарздорро напурсида аз худ кунад? На, ин дар шариат ҷоиз нест. Барои он ки онҳо доду гирифти маблағӣ карда буданд. Ягона чизе, ки шахси қарздода метавонад, ин шикоят бурдан ба қозӣ ва ситонидани ҳаққаш мебошад. Агар мо ин масъалаҳоро ба худи мардум гузорем, байни мурдум мушкилиҳо сар мезанад. Беиҷозаи касе моли ӯро ва ё чизи ӯро аз худ кардан, танҳо дар ду ҳолат ҷоиз аст. Дар ғорат ва дуздӣ. Вақте касе моли шумро ғорат кард ва ё дуздид, шумо метавонед беиҷозаи ӯ, аз ӯ напурсида, ҳатто бехабар аз ӯ, молатонро бозпас бигиред. Ин бо иттифоқи тамоми фуқаҳо мебошад. Дар ғайри ин чизи касеро напурсида намегиранд.”

Азизон, чӣ гунае, ки доктор ишора карданд, ҳар касе, ки қарзи додаашро баргардонида натавониста истодааст, метавонад бо роҳи қозӣ, ки мо суд мегӯем, боз пас гирад.

Аммо, ин ҷо савол ба миён меояд, ки оё ҷоиз аст, ба судҳои ҳозира, ки аксарият аз илми шаръӣ бехабар ҳастанд, инчунин судҳои Русия ва кишварҳои ғайри исломии дигар шикоят бурд?

Банда оиди ин савол фатфои ҷамъияти фуқаҳои муосирро мутолиъа кардам.

Онҷо омадааст, ки дар масалаҳои никоҳу талоқ ба судҳои ғайри мусалмон муроҷиат кардан ҷоиз нест. Ҳар шахсе, ки дар Русия ва мамлакатҳои ғарб мехоҳад никоҳ ва ё талоқ гирад, беҳтараш ба яке аз ҷамъиятҳои мусалмонони  он кишвар муроҷиат кунад, сипас аз тариқаи суд ҳуҷҷатҳояшро омода созад.

Аммо дар ҳолатҳои ҳуқуқӣ, молӣ ва рафъи зулм, мисли гирифтани ҷубронпулӣ ва ё баргардонидани амвол шахси мусалмон метавонад ба суди мамлакати зисташ, агарчӣ ғайри шаръӣ бошад ҳам, муроҷиат кунад. 

Барои он ки дар шароити имрӯз мусалмонони зиёд дар кишварҳои ғарб зиндагӣ доранд, агар онҳо ҳуқуқи худро бо роҳи судӣ, ба даст наоранд, ҳуқуқҳояшон комилан поймол мегардад.

Дар вақти додани қарз гирифтани забонхат ва ё гаравро фаромӯш накунед, бароятон дар рӯзҳои мабодо хеле ёрӣ мекунад.

Муслимаи Аҳмадӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>