11 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро як Додгоҳи низомӣ дар Санкт-Петербург дар таркиши маргбор дар метрои ин шаҳр, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, қочоқи маводи тарканда ва иштирок дар иттиҳоди террористӣ гунаҳкор донист.
Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург рӯзи 10-уми декабр дар «Телеграм» паём дод, ки як нафар аз муттаҳамон ба ҳабси абад ва дигарон аз 19 то 28 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунон онҳоро ба пардохти аз 500 то 800 ҳазор рубли русӣ (муодили аз 9 то беш аз 13 ҳазор доллар) муваззаф намуд. Вокуниши наздикон ва вакилони маҳкумшудаҳо дастрас нест. Пештар ҳамаи онҳо айбро напазируфта буданд.
Бино ба хабари хадамоти матбуоти додгоҳ, шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов, ки барои ҳамкорӣ бо тарроҳони ҳамла ба метрои Санкт-Петербург муттаҳам буд, 22 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ортиқов ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ ин айбро қабул накарда буд.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2015 баъди ихроҷ шудан аз Русия номи воқеиаш – Кимсанбек Қодировро иваз карда, дубора ба он ҷо барои кор рафтааст. Вай баҳори соли 2017 дастгир шуд.
Ҳамла дар метрои Санкт-Петербург рӯзи 3-юми апрели соли 2017 дар яке аз вагонҳо ҳангоми ҳаракати он дар байни истгоҳҳои «Майдони Сенная» ва «Донишкадаи Технологӣ» ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи он 16 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд.
Солҳои ахир даҳҳо зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ дастгиру зиндонӣ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ баъзан ба дурустии айбномаҳои мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳе муфаттишон ба хотири ба даст овардани натиҷа баъзе афродро маҷбур мекунанд гуноҳи нокардаро ба дӯш гиранд. Чизе, ки мақомоти Русия беасос медонанд.